Loading ...
  • image

  • image

  • image

Хабарҳои охирин
  • МОҶАРОҲОИ СИЁСӢ ВА БАРХӮРДИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

    New
  • СОЛИ 2024-СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

    New
  • ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МИНТАҚАИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРМАДОН

    New
  • ПАЁМ ТАҶАССУМГАРИ ДАСТОВАРДҲОИ ИҚТИСОДӢ

    New

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти олии касби ва таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ буда, барномаи таълимӣ, корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва фармоиши давлатиро оид ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ
Ректор, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор
#

Мехоҳед, ки мутахассиси

соҳаи идоракунии давлатӣ, сиёсатшиносӣ, дипломатия, иқтисод ва таҳлилгари хуби сиёсати дохилию хориҷӣ бошед, пас Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуҳои Шуморо амалӣ мегардонад. Академия барои таъминоти кадрии мақомоти соҳаи давлатӣ аз рӯи 26 ихтисос дар зинаҳои бакалаврият, магистратура ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ мутахассисонро омода месозад.

#

928 магистрант

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматчиёни давлатӣ аз рӯйи ихтисоси “Идораи давлатӣ” ба омӯзиши яксола ва шахсоне, ки дипломи зинаи бакалавр ва ё мутахассис доранд, ба муҳлати ду сол аз рӯйи 10 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Айни ҳол дар Академия 928 магистрант таҳсил намуда истодаанд.

#

Докторантон ва унвонҷўён

Академия идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон докторантони зинаи докторантураи PhD ва унвонҷўёнро бо роҳбарони унвондору соҳибтаҷриба ва баландихтисос таъмин менамояд. Академия барои баланд бардоштани сифати таҳсил ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии рақобатпазир дар зинаи докторантура ва унвонҷўӣ дар сатҳи байналмилалӣ кафолат медиҳад.

7

Сол

3

Факултетҳо

16

Кафедраҳо

Докторантон | Унвонҷӯён

Докторантон ва унвонҷӯёни муҳтарам

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ яке аз сохторҳои асосии тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва илмию педагогӣ мебошад, ки фаъолияташро дар ин самт амалӣ мегардонад. Мақсади асосии фаъолияти шуъба ташкил, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва амалисозии чорабиниҳо оид ба омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии дараҷаи олӣ дар Академия мувофиқи талаботҳои амалкунанда мебошад. Айни замон дар шуъба докторантони доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос таҳсил менамоянд. Дар шуъба аз рӯйи зинаи докторантура 9 ихтисос амал мекунад...

Муфассал
price and packages-Call-to-action-Icon

Академияи идоракунии давлатӣ барои донишҷӯёни ҳавасманд, ки барои муваффақиятҳои илмӣ, рушди шахсӣ ва муваффақияти касбӣ саъй мекунанд, барномаҳои ба касб нигаронидашуда пешниҳод мекунанд.