АРЗИШМАНДТАРИН НЕЪМАТ ВА ДАСТОВАРДИ БУЗУРГ

Саодат Иброҳимова

Истиқлолу озодӣ арзишмандтарин неъмат ва дастоварди бузурги миллати тоҷик ба ҳисоб мераванд. Маҳз бо шарофати истиқлол Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ба вуҷуд омад ва ба ҳайси узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Баробар бо соҳибистиқлолӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба миён омад. Миллати тоҷик имкони бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои кишвар, халқи он ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пайдо намуд.

 

Дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷикон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ сабт ёфтааст. Маҳз пойдор намудани фазои мусоиди сиёсӣ бо роҳи барқарор намудани ниҳоду рукнҳои давлати ҳуқуқбунёд гарави таъмини шаклгириву рушди низоми нави иқтисодӣ мебошад. Дар ибтидои солҳои 90-ум, ки ақидаҳои мухталифу неруҳои оштинопазир рӯйи майдони сиёсат омада буданд, эъмори давлати навини тоҷикон, пойдор намудани сохтори ниҳодии нави ҷомеа ва низоми сиёсиву иқтисодии мамлакат – маҷмӯи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиву сиёсӣ кори хеле мушкил буд.

 

Гирифтани пеши роҳи фалаҷшавии минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат, ободсозии харобиҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва дар ин замина, ба маҷрои фаъолияти созанда ворид намудани ҳаёти иқтисодии кишвар ба қатори дастовардҳои бузурги роҳбарияти олии кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд. Маҳз дар ҳамин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист марҳила ба марҳила оқибатҳои кулфатбори ҷанги бародаркушро бартараф намуда, барои ободсозӣ ва рушди минбаъдаи кишвар саъю талош намояд.

 

Сарвари миллат ба хубӣ дарк менамуданд, ки агар дар кишвар сулҳу ваҳдат ва ризоият танинандоз бошад, он гоҳ имкони таҳияву қабул ва роҳандозӣ намудани стратегияҳои давлатии рушди ҷанбаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа пайдо мегардад. Воқеан ҳам муҳити орому созгори ҷомеа яке аз омилҳои муҳими кишвар дар ҳамаи сатҳҳо ба ҳисоб меравад. Чӣ тавре яке аз поягузорони илми иқтисодӣ А.Смит таъкид намуда буд: “Барои давлатро аз зинаи ҷоҳилӣ ба зинаи олии некӯкориву тамаддун ҳидоят намудан бояд сулҳу ризоияти ҷомеа, андози сабуку муътадил ва идоракунии тоқатпазирро мусоидат кард, боқӣ ҳамаи неъматҳо дар маҷрои табиии худ тавлид мешаванд”.

 

Таърихи давлатдории ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ, пеш аз ҳама шаклгириву пойдоргардии ниҳодҳои сиёсии созанда, низоми сиёсии устувор нақши муҳим ва бунёдиро дорост.

 

Таърих гувоҳ аст, ки рушди ҷомеаи навин аз фаъолияти шахсиятҳои бузург, ки миёни мардум рӯйи майдон меоянд, тарҳи рушди солими ҷомеа шакл мегирад. Инҳо арбобони сиёсиву ҷамъиятӣ ва дорои неруи тавоно мебошанду фаъолияти худро на танҳо ба тағйирдиҳии сифатии ҷаҳони имрӯза ва одамон, балки ба дигаргунсозии худ равона кардаанд. Аз ин лиҳоз, солҳои 1991-1992 барои ба эътидол овардани вазъияти муташанниҷи кишвар арбоби сиёсие зарур буд, ки тавонад пойдориву устувории давлат ва якпорчагии онро таъмин намояд. Маҳз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун Иҷлосияи наҷотбахшу тақдирсоз пазируфта шудааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлати тоҷикон интихоб намуд. Сарвари нави Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни савганд дар назди вакилони халқ иброз намуданд, ки ҳимояи манфиати мардум ва муқаддасоти Конститутсияи ҷумҳуриро вазифаи аввалиндараҷа ва муҳимтарини хеш меҳисобад.

 

Дар ҳақиқат, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди тамоми соҳаҳои мамлакатро таъмин намуд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳимояи истиқлоли давлатӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро ҳадафу мароми олии зиндагӣ ва фаъолият қарор дода, минбаъд низ имконияти зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Тоҷикистони азиз равона намуда, ҷиҳати ҳифзи ин дастоварди арзишманди миллӣ нақши созанда гузорем. Зеро беҳуда нагуфтаанд: “Ба даст овардани истиқлолият кори басо душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзӣ ва дастовардҳои истиқлолият, кори аз он ҳам душвортару пурмасъулият аст.”

 

Саодат ИБРОҲИМОВА,

мудири китобхонаи илмии Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий