ВАТАНАМОНРО АЗ ҲАМА ХАТАРҲО ЭМИН НИГОҲ ДОРЕМ

IMG_5052

Имрӯзҳо душманону хоинони миллати куҳанбунёди тоҷик барои ноором сохтани вазъи имрӯзаи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол тамоми кӯшиши худро ба харҷ дода истодаанд, вале итминонамон комил аст, ки ҳеҷ гоҳ ба ақидаю амалҳо ва мақсадҳои нопоки худ расида наметавонанд. Чун мардуми сарбаланду саодатманди тоҷик имрӯз зери сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри якпорчагӣ ва сулҳу суботи комил пайваста кӯшиш менамоянд ва давлату миллати хешро аз ҳар гуна хатарҳо эмин нигоҳ медоранд.

 

Мо такя ба хиради азалии бузургонамон намуда, зери сиёсат ва ғамхориҳои Пешвои миллат муттаҳид гардида, бар зидди  гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, муборизаи беамон мебарем. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки мо миллати тоҷик асло парешон намешавем. Чунки аз парешонии аҷдодонамон дар асри Х тӯли ҳазорон сол ранҷ бурдем. Ин дарси зиндагӣ барои мо намунаи ибрат аст. Чунончӣ шоир мегӯяд:

Аз парешонӣ бидон иллат ба миллат мерасад,

Миллати моро аз ин иллат нигаҳ дорад Худо!

 

Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоқик мавриди омӯзиши бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмии истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

 

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат: “Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад”. Он дарахте, ки Сарвари давлат ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширин ба самар оварда истодааст.

 

Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, халқи парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.

 

Рухшона САФАРОВА,

ходими хурди Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ,

дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии  Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий