ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ҶОМЕАИ НАВИНИ ТОҶИКИСТОН

IMG_5847

Ваҳдати миллӣ ба сифати ҷашни умумимардумӣ давоми 24 сол дар кишвари мо таҷлили бошукӯҳ ва пурифтихорро касб кардааст. Таҷлил аз ин рӯзи фархунда маҷрои давлатдории миллиро субот бахшид. Музокирот ва гуфтушунидро бар пояи як баҳси тӯлонии сиёсӣ хотима дод. Тарафҳои сулҳхоҳ ва даргир ба ҳам омада, зербинои ҷамъиятро бо ҳусни некхоҳӣ ва нияти ҳамдигарбахшӣ поягузор шуданд. Болосохти ҷомеа, масири истиқлолхоҳӣ ва миллатсозӣ аз нияти қарордодӣ ба ҳадафҳои мардумӣ муназзам гардида, бар фоҷиаи миллӣ, майдоннишиниҳо ва даргириҳо нуқта гузошт.

 

Дар сохтори идории кишвар ҷобаҷогузориҳои кадрӣ бо усули нав рӯи кор омад. Бастани созишномаи ризоияти миллӣ минбари нави давлатсозиро ба тарафҳои сохтори конститутсионӣ ва нерeҳои оппозитсионӣ кушод. Марҳилаи ҷадидро барои исботи садоқати ватандорӣ замина гузошт. Яъне, аз дуроҳаи фано ва самти нокуҷо эътимод ва боварии тарафҳои гуногунсамтро якмаром гардонид.

 

Лаҳзаҳои фоҷиаангез ва душвори раванди гуфтушунид ва сулҳ пеш аз ҳама коста будани ҳусни эътимод ва боварӣ буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун бунёдгузори сулҳ дар саргаҳи ваҳдатхоҳии миллӣ буданд, борҳо таъкид намуданд, ки пеш аз ҳама ба якдигарӣ эътимод набуд. Доираҳое буданд, ки сари мизи музокирот як мавқеъ дошта, баъди гузашти музокирот дигар мавқеъро ҷонибдорӣ менамуданд. Кадрҳое буданд, ки тарки вазифа намуда, интизори омадани сулҳ ва бозгашт ба мансабҳои калидиро доштанд. Аммо Сарвари кишвар назди вакилони мардумӣ сухан ронда, қотеона талаб менамуданд, ки ин гуна кадрҳо дар ҳайати мо бояд набошанд. Ҳамин афроди фурсатхоҳ аз раванди сулҳофарӣ садоқатро рабуда, монеа эҷод менамоянд. Набуди эътимод ва боварӣ роҳро ноҳамвор ва печида мегардонд.

 

Дар миён таъсирҳои геополитикӣ ва ҳавзасозии сиёсии баъзе кишварҳо ҷараёни сулҳофариро мураккабтар месохт. Раванди гуфтушунид ва расидан ба Ваҳдати миллӣ гарониҳо ва мушкилоти зиёдро фарогир буд. Чи қадар ҷавру ҷафоҳо буд, ки ба ваҳдати комил расидем.

 

Таърих вазнинтарин ва мушкилтарин рӯзи ҳамватанонро пеш аз мусолиҳаи миллӣ дар худ ғунҷондааст. Саҳнаҳои даҳшати гушношунид. Ғорату истисмор. Ҳиҷрату дарбадарӣ. Даргирию манфиатҷӯӣ ва дигар рӯзҳои нохушро бастани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ бар як саҳифаҳои тозаи миллатсозӣ ва давлатдорӣ иваз намуд. Ин ҳуҷҷати арзишманд ба Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 августи 1990) қудрати амалӣ ато намуда, роҳи истиқлолу озодии кишварро ҳамвор гардонид.

 

Дурнамои Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олиро ба мизон дароварда, иҷрои бандҳои қарори иҷлосияро тавони амалишавӣ бахшид. Конститутсияи кишварро аз ҳуҷҷати расмӣ ба санади мардумӣ ва бахтномаи воқеӣ бадал гардонид. Шах шудани меъёрҳои конститутсиониро ба муқаррарот ва муқаддимаи идеяи миллӣ тағйир намуд. Қиммати ваҳдату ҳамбастагӣ ба рукни шинохт ва фаҳму дарки худшиносии миллӣ табдил ёфта, парокандагию сарсониро бар ҳошия гузошт.

 

Рӯзноманигори равоншод ва собиқ корманди мақомоти қудратии кишвар Ҳамад С. барои шинохти Ваҳдат ва суботи миллӣ аз ҷараёни музокироти ҳайатҳо дар Кобул ёдоварӣ намуда, иброз медорад, ки: “Дар Кобул мизбонон аъзои ҳайатҳои музокиракунандаи ҳарду ҷонибро ба тамошои ҷойҳои хушманзараи атрофи Кобул мебурданд. Касе аз меҳмонони тоҷикӣ аз мизбонон хоҳиш кард, ки агар илоҷаш бошад, худи шаҳри Кобулро низ ба онҳо як нишон диҳанд. Рӯзи дигар меҳмононро ба тамошои шаҳр бурданд. Чӣ даҳшатеро диданд! Кобул шаҳр не, харобазорро мемонд, ягон бинои ободеро бар ҷой намебинед. Ҳама қариб валангору захмӣ. Яке онро ба Сталинград монанд мекард. Дигаре мегуфт, на, бештар ба Ковентри шабоҳат дорад. Саввумӣ мегуфт, ки ба ақидаи ӯ Берлини расо 50 – сол муқаддамро мемонад. Чаҳорумӣ мегуфт, ки шаҳрҳои ҷопонии Хиросима ва Нагасакии баъд аз бомбаборонкуниҳои атомиро ба хотир меорад. Вале он мизбони афғонӣ, ки бо вуҷуди ҷавон буданаш донишмандеро мемонд, бо як нармии ба худ хосе эҳтиромона ба сухан пардохт ва ақидаи ҳар чаҳорро рад кард: “На ин асту на он, на саввумӣ ва на чаҳорумӣ. Ин шаҳр Кобул аст. Шаҳрест, ки на мисли он шаҳрҳое, ки зикри номашонро кардед, ба дасти ағёр, ба дасти аҷнабиён ба чунин ҳол афтода. На, ин тур нест. Айёми хуруҷи русҳо аз Кобул, шаҳр ҳанӯз ободу хуррам буд. Биноҳо бар ҷой буданд, барқ буд, родию ва телевизион фаъол буд, аз ҳама муҳимаш оромишу амният буд. Вале низоъҳои байнихудӣ, даргириҳои дохилӣ Кобулро ба оташ кашид, валангор кард ва назму суботро аз байн бурд”.

 

Имрӯза забткориҳои Толибон, ҳукумати номуътадил, қавмгароӣ, мушкилоти забонию миллӣ ва этникӣ, ҳамзамон таъсиргузориҳои геополитикӣ дар Афғонистон аз набуди Ваҳдат ва созиши миллӣ дарак медиҳад. Инқилобҳои ранга, майлонҳои нави геостратегӣ, сиёсатгузориҳо бо истифода аз неруи нарм ва оянданигариҳои геополитикӣ ба шикасти унсурҳои иттиҳоди халқҳо ва бегонашавии онҳо равона мешаванд. Ҳаводиси Сурия, Ироқ, Фаластин, Яман, Миср, Либия ва дигар кишварҳои бесубот аз рахнашавии иттиҳод ва эътимоди мардум зуҳур намуд. Зимнан, замоне ҷанги шаҳрвандӣ дар дохили ватани мо низ аланга дошт.

Аммо хиради бузурги роҳбарӣ ва сиёсӣ лозим шуд, ки ин оташ хомӯш гардад. Талошҳои хастагинопазири Пешвои муаззами миллат буд, ки мо ба сулҳи ҳамагонӣ дастёб шудем. Дастгирии мардум аз сиёсатгузориҳои ин шахсияти барҷастаи сиёсӣ буд, ки иштибоҳ ва даргириҳои дохилӣ ҳалли худро ёфт.

 

Имрӯз бо зикри ин санаи сарнавиштсоз дар ҷомеаи навини Тоҷикистон шинохти Ваҳдати миллиро ба сифати муқаддимаи давлатдорӣ унвон намуда, роҳи рушди кишварро дар иттиҳоду ҳамбастагӣ дарёфтаем. Меҳнати аҳлона ва дастаҷамъонаро барои созандагию бунёдкориҳо сарф намуда истодаем. Муҳимтар аз ҳама фаҳму дарки муқаддасоте чун Ваҳдати миллӣ моро соҳибдавлату соҳибҷашн муаррифӣ сохт.

 

Мавриди хушояндӣ ва эҳтиром аст, ки дар шаҳкитоби ваҳдатномаи миллат рисолати касбӣ, виҷдонӣ ва инсонии худро барои хидмат ба Ватан ва халқи Тоҷикистони азиз, пуштибонии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва татбиқи тарҳи ояндасози кишвар сафарбар намоем. Дар ин ҳолат таҷлили ин ҷашн ба ҳазорсолаҳо мерасад.

 

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак, дустони азиз!

 

Абубакр БАЧАМАРДОВ,

аспиранти Академияи хоҷагии халқ ва хизмати

давлатии назди Президенти Федератсияи Русия

 

Похожие записи

Оставьте нам комментарий