ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- РАМЗИ САРҶАМЪӢ ВА ЯГОНАГӢ

Ҷасур

Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад.  Эмомалӣ Раҳмон

 

Оре, Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва нерӯҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Ҳақиқатан ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате,  ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат ба мисли гулҳои баҳорӣ рӯз то рӯз шукуфта, иқтисодиёташ торафт меафзояд.

 

Мо, ҷавонон, бояд ифтихор дошта бошем, ки халқу миллати мо таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда аст. Сулҳдӯстии мо дар тӯли тамоми таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад ва сабру таҳаммули гузаштагонамон аст, ки ин далели қотеи фарҳанги қадима ва суннатҳои созандагии миллати мост ва мо ҷавонон инро бояд омӯзем, дар сиришти худ ҷой диҳем ва дар зиндагии ҳамарӯзаамон истифода намоем.

 

Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳмӣ поктинатию миллатдӯст будан. Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеъ ва мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

 

Чи гунае ки мо мебинем, дар ҷаҳони имрӯза давлатҳои алоҳида бо як хатогии хурди сиёсӣ сулҳу ваҳдат ва таъмини амниятро дар дохили кишварашон аз даст дода, ба майдони ҷанг ва бархӯрди манфиатҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯ табдил ёфта истодаанд. Ин омилҳои сиёсӣ ба ҷавонон ҳушдор медиҳанд, ки роҳу усулҳои ҳифз ва таҳкими абадияти сулҳу ваҳдати миллиро дар кишварамон омӯзем ва сулҳу ваҳдатро дар ватанамон ҷовидонӣ нигоҳ дорем. Пеш аз ҳама, бояд таҳлилгари сиёсию идеологӣ бошем ва ба равандҳои сиёсӣ аз нуқтаи назари таҳлилӣ баҳои дуруст дода тавонем. Мо бояд ҳеҷ гоҳ дар роҳи давлатдорию давлатсозӣ ба хатогӣ роҳ надиҳем, ки як хатои хурдакаки мо метавонад боиси аз байн рафтани сулҳ, ваҳдат ва оромии кишварамон гардад. Мо ба ҳамаи мақсаду ҳадафҳоямон танҳо дар ҳамон сурате мерасем, ки сулҳу ваҳдат дар кишварамон пойдору ҷовидон бошад. Бе пойдории сулҳу ваҳдат мо ҳатто як пора нон ёфта наметавонем.

 

Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Хулоса, чун як фарзанди бонангу баномус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва ифтихор дорам. Сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.

 

Қадру манзалати ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал намояд. Дар ин хусус Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда буданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт.

 

Нақши созандаи сулҳу ваҳдат, махсусан, дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид.

 

Ваҳдати мо, дар ҳақиқат, дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад.

 

Хулоса, мо ҷавонон, бояд дар сатри аввали хотираи худ ҷой диҳем, ки ҳанӯз дар сароғози бунёди давлатдории миллии худ қарор дорем ва ҳадафи асосии мо бунёди давлати тараққикардаи миллӣ мебошад. Миллати куҳанбунёди мо дар тӯли ҳазорсолаи бедавлатӣ орзуҳои зиёдеро дар дил парвариш намудааст, ки имрӯз вақти амалӣ намудани онҳо фаро расидааст. Амалӣ намудани ин ҳама орзуҳо дар ҷодаи давлатдорию давлатсозӣ ба дӯши мо ҷавонон вогузор мебошад, ки ин кори бениҳоят пурифтихор ва пуршараф аст. Аммо ҳамаи орзуҳои мо танҳо дар фазои сулҳу осоиш ва танини ваҳдати миллӣ амалӣ карда мешаванд. Мо бояд миллати сарбаланди худро ҳатман ба орзуҳояш расонем ва руҳи гузаштагони худро шод гардонему заҳмати кашидаи онҳоро қадр намоем.

 

Ҷасур МУҲАММАДЗОДА,

мутахассиси пешбари Пажӯҳишгоҳи

идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий