ДАСТАИ ВОЛЕЙБОЛБОЗОНИ БЕҲТАРИН БАЙНИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ АКАДЕМИЯ МУАЙЯН ШУДАНД

IMG_5556

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ва истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Даҳ рӯзи ҷавонон” аз 18 то 24 майи соли 2021, барои дарёфти “Ҷоми Академия” мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол доир гардид.

 

Дар мусобиқа 12 дастаи волейбозон иштироки фаъол намуда, дар фарҷом ғолибони мусобиқа муайян карда шуданд.

 

Дастаи волейболбозони Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ сазовори ҷойи якум, дастаи волейболбозони Раёсати Академия сазовори ҷойи дуюм ва дастаи волейболбозони факултети идоракунии давлатӣ сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.

 

Ғолибони мусобиқа бо Ҷоми Академия, диплом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида хоҳанд шуд.

Похожие записи

Оставьте нам комментарий