ЗАРУРАТИ ТАНЗИМИ ОИНҲОИ МАРДУМӢ ДАР ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Дигаргуниҳои куллие, ки дар кишвари азизи мо солҳои охир ба вуқӯъ пайвастаанд, натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва нишони заҳмати аҳлонаи мардуми ватандӯстамон мебошад. Мардуми шарифи тоҷик тӯли 30 соли истиқлол аст, ки дар фазои истиқлоли сиёсӣ зиндагӣ намуда, шаҳру деҳотро аз нав ободу зебо гардонид. Чунин имконият барои Тоҷикистон ва халқи заҳматпешаи он аз тантанаи сулҳу амният ва осоиштагию якдигарфаҳмии сокинони он ба даст омадааст. Ҷанги шаҳрвандӣ ба мардуми тоҷик зарарҳои моддию маънавии зиёд оварда бошад ҳам, дар навбати худ моро маҷбур сохт, ки дар атрофи ғояҳои миллӣ ба ҳам оем ва нагузорем, ки замини поки ниёгони мо маркази бозиҳои сиёсии абарқудратҳо бошад.

 

Дар ин муддат дар дохили кишвар низ дигаргуниҳои куллӣ ва назаррас ба амал омада, ба пешрафти зиндагии мардум таъсири худро расонид.  Барои ба танзим даровардани расму оинҳо ва анъанаю одатҳои мардумӣ 8 июни соли 2007, №272 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими  анъана ва ҷашну маросим” қабул гардид, ки ҳар сокини кишвар дар амал татбиқ намудани он масъул аст.

 

Дар татбиқи қонуни номбурда, ки барои беҳбудӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар сокини кишвар бахшида шудааст, ҳар шаҳрванди кишварро зарур аст, ки масъулияти баланди шаҳрвандиро нишон диҳад ва бо маъсулияти баланд меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунро риоя намояд. Агар ба умқи баъзе одот ва расму оинҳои ба ном “мардумӣ” назар афканем, мебинем, ки онҳо ягон асоси воқеӣ надошта, танҳо барои манфиатбахшии чанде аз аъзоёни ҷомеа истифода мешаванд ва мардуми одӣ аз пайи худнамоиҳои шахсиятҳои алоҳида шуда, ба роҳҳои қарзу гарав ин анъанаҳои “мардумӣ”-ро татбиқ менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими расму оинҳои мардумӣ” ба ҳар анъана ва расму оинҳои мардумӣ баҳои воқеӣ дода, он оинҳое, ки ба фарҳанги мардуми мо вобастагие надоранд, татбиқи онҳоро дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷикон зарур намеҳисобад. Имрӯз тамоми маросимҳо ва расму оинҳои мардумӣ, маъракаҳои тӯй ва таъзия дар доираи талаботи муайяннамудаи  қонун иҷро мешаванд ва мардум кӯшиш менамоянд, ки дар ин радиф ба сарфакорию камхарҷӣ риоя намоянд. Агар чунин тадбирҳо дар танзими расму оин ва маросиму маъракаҳои мардумӣ гирифта намешуд, имрӯз ҳар як сокини кишвар дар назди гурӯҳҳои манфиатҷӯ қарздору вобаста мемонданд. Қонуни мазкур моро аз муҳтоҷию вобастагӣ раҳонид ва мардум акнун барои ҳаёти осоишта ва шоиста кӯшиш намуда истодааст. Чунин дигаргуниҳоро мо дар симои ҳар шаҳрванд ва шаҳру деҳоти кишвар мушоҳида менамоем.

 

 

Агар ба чашми ибрат нигарем, мебинем, ки симои шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистони азиз ва дигар шаҳру деҳоти кишвар рӯз ба рӯз дигар мешавад. Гулгаштҳои сарсабз, дарахту ниҳолҳои гуногун, роҳҳои ҳамвору мумфарш муносибати мардумро ба якдигар пурмеҳртару самимитар мегардонад. Имрӯз сокинони ин шаҳри овозадор ва обод дар радифи мардуми кураи Замин дар фазои озоду осоиш кору фаъолият менамоянд ва ин вазъи орому амнро чун меҳрубонию инояти Парвардигори ягона пазироӣ менамоянд. Албатта ин ҷо мо ба талошҳои ҷонфидоёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ мегузорем, то насли имрӯзу дирӯз донанд, ки ин гаҳвораи фарҳанги тоҷикони дунё маҳз бо ҷаҳду талошҳои рустамонаи ин абармарди набардҳои сиёсиву фарҳангӣ ба шаҳри сулҳу дӯстӣ расида, мавриди эътибори оламиён гардидааст.

 

Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мекӯшад ва мехоҳад, ки дар баробари ин навсозию бунёдкориҳо ботинан рӯ ба беҳшавию зебоӣ ва хушрӯзиҳо намояд. Беҳуда нест, ки солҳои охир дар забони мардум ифодаи “зиндагии шоиста” бисёр маъмул шудааст. Яъне ба қавли Пешвои миллат – халқи тоҷик дар баробари мардуми ҷаҳон ҳақ дорад, ки дар фазои озоду обод лоиқи зиндагии шоиста бошад.

 

Зиндагии шоиста фақат дар дастрасии ниёзҳои моливу таъмини баланди талаботи истеъмолии мардум ифода намегардад. Ба назари мо, пеш аз ҳама, дарки масъулият ва баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ низ яке аз ниёзҳои зиндагии шоиста мебошад.

 

Боиси ифтихор аст, ки мардуми тоҷик дар ин даврони ҷаҳонишавӣ бо вуҷуди шебу фарозҳои таърихию сиёсӣ анъанаҳои беҳтарин ва ҳунарҳои мардумиро ҳифз намуда, арзишҳои миллии худро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, дар пешрафти фарҳанги мардумӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. Яъне, қонуни мазкур ба ташаккули расму оинҳои ҳақиқатан миллӣ роҳ кушода, мардумро аз хурофоту бегонапарастӣ раҳо карда истодааст. Мардуми  тоҷик аз рӯзи аввал дурустии қонуни мазкурро фаҳмид ва дар татбиқи он  саҳмгузорӣ намуд.

 

Аз ин хотир, мо дар баробари ҳифзи захираҳои табиию молиявӣ, ҳамзамон барои зиндаву поянда нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои мардумӣ кӯшиш намоем ва ҷавононро аз роҳҳои нодурусту ношоистаи бегонапарастӣ раҳоӣ бахшида, ояндаи кишварро дар фазои ягонагию ҳамдигарфаҳмӣ таъмин намоем.

 

Маҳина КИШВАРОВА,

магистранти Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий