ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ БАДАХШОН

Туризм

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои имкониятҳои бойи сайёҳӣ буда, ҳар гӯшаи он дар худ бисёр боигариву ёдгориҳои муҳимми таърихӣ ва табииро маҳфуз медорад. Агар ба таърихи гузаштаи кишвар назар андозем, мебинем, ки аз замонҳои хеле қадим ин мамлакат диққати мардумони дигар минтақаҳоро ба худ ҷалб намудааст.

 

Асри XXI барҳақ асри сайру сайёҳати сайёраи мо ба ҳисоб меравад. Ҷаҳонишавӣ ва авҷ гирифтани босуръати робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ имконияти ниҳоят васеъро фароҳам овардааст.

 

Боиси тазаккур аст, ки сайёҳони хориҷӣ пеш аз ҳама ба манзараҳои табиӣ ва обҳои шифобахш, қуллаҳои барфпӯш, ҳайвоноти нодир, растаниҳои доруворӣ, ҳавои хушу муътадил, меваҳои тару тоза ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мутаваҷҷеҳ мебошанд.

 

Маҳз барои ҳамин ворид шудани сайёҳон ба кишвари мо Тоҷикистони биҳиштосо ва алалхусус Бадахшони кӯҳӣ сол аз сол афзуда истодааст. “Боми ҷаҳон» ном гирифтани минтақаи Бадахшон имрӯзҳо вирди забони ҳамагон буда, онро эътироф менамоянд. Ба гуфтаи бархе аз сайёҳон дар назарашон Боми Ҷаҳон ягона гӯшаи олам аст, ки дар инҷо дар нишонаҳои чор фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст. Зимистон сербарф, баҳор, эҳёи табиат, гулгулшукуфӣ, тобистон гарми хуш аз барои иҳота намудани кӯҳҳои сарбафалаккашида саҳаргоҳон ва бегоҳирӯзӣ салқин, рузона гарм ва мавсими тирамоҳ бошад зарин, бисёр зебо, агар дар дигар минтақаҳо мева ва сабзавот аз пухтан боз мемонанд, дар Бадахшон ҳамоно меваҳо дар пухту пазанд ва сабзавот дар ҳоли сабзишанд ва то охири моҳи тирамоҳ мардум аз меваи тару тоза ва сабзавоти тозаи экологӣ нуши ҷон мекунанд.

 

Соли дуввум аст, ки дар ҳудуди ВМКБ фестивали экологии табиати ваҳшӣ доир мегардад. Ташкилкунандагони он ба чунин қарор омаданд, ки ҳамасола чунин фестивалро навбат ба навбат дар ҳамаи минтақаҳои Бадахшон доир намоянд. Ҷойи баргузории фестивал мавзеи Қалъаи Қаҳқаҳаи деҳаи Намадгут қарор дода шуд. Интихоби макони баргузории фестивал тасодуфӣ нест, чаро, ки водии Вахонро осорхонаи кушод ё зинда меноманд, Силсилақалъаҳои қадима, ки бунёдашон ба асрҳои 2 -3 то мелод рост меояд, аз таърихи ғании ин диёр дарак медиҳанд. Чун дигар манотиқи Бадахшон водии Вахони Ишкошим макони шикорчиёни қадима будааст, ба ин хотир дар назди остонҳо, ҷойҳои муқаддас ва қариб дар ҳамаи хонаҳои бадахшонӣ, сари бомҳо ва даруни хонаҳо шохҳои бузи кӯҳиро дидан мумкин аст, ки ин аз муқаддас будани онҳо ва ҳосияти хуб доштани онҳо шаҳодат медиҳад. Мавзеи Намадгут на танҳо яке аз ёдгориҳои қадимаи таърихист, балки макони сукунати бузҳои кӯҳӣ будааст ва мардум нахуст аз баракати ин неъмати худодод рӯзгори худро пеш мебурданд.

 

Бояд зикр намуд, ки тамоми ҳайвонот дар баробари инсон мавҷудоти зиндаанд ва касе ҳақ надорад онҳоро нест намояд, балки дар назди инсон вазифа монда шуд, то ки онҳоро ҳифз намояд. Дар ҳудуди вилоят теъдоди бузҳои куҳӣ, бузи пармашох ва гӯсфанди куҳӣ басо зиёданд ва дар наздикии деҳаҳо онҳо сайругашт мекунанд.

 

Тасаввур мекунам, сайёҳ вақте дар майдони ҳавоӣ фуруд меояд, ҳанӯз аз муҳити ин ҷо, аз чеҳра ва тарзи муомилаи марзбонҳо хидматгузорони дигар нахустин тасаввуроташро дар бораи мардуми кишваре, ки ба он қадам мегузорад, ҳосил мекунад. Ба гуфтаи як сайёҳи фаронсавӣ чизе, ки дар Тоҷикистон барояш хуш меояд, ин аст, ки ронандагону фурӯшандагон байни худӣ ва бегона фарқ намегузоранд. Бино ба маълумоти мавҷуда, сайёҳоне, ки бо воситаҳои нақлиёти худашон Помирро сайр карданд, ба маротиб афзуда, шуморашон сол ба сол боло меравад. Дижҳои бостонии аҳди Кӯшониён, чашмаҳои шифобахш, табиати дастнахӯрда, қуллаҳои баланд, пиряҳҳо, табиати шигифтангезу нотакрор, фарҳангу ҳунари мардум, сайёҳонро мисли оҳанрабо ба сӯи худ мекашанд. Бо ёрии роҳбарияти давлат маҳдудияту масдудаҳо, ки дар роҳи густариши сайёҳӣ ҷой дошт, бартараф гардид. Аз ҷумла, маҳдудияти сафари сайёҳони ҳориҷӣ ба кӯли Сарез афзуда, акнун ширкати маҳаллии «Сарез Травел» метавонад сайри хоҳишмандони тамошои ин кӯли афсонавиро аз маркази вилоят ташкил намояд.

 

Имконияти густариши сайёҳӣ дар Бадахшон хеле зиёд аст. Агар фақат кӯлҳоро гирем, дар ҳудуди Бадахшон бештар аз 140 обванди хурду бузург мавҷуд мебошад. Ин воқеият сарзамини пурасрор ва биҳиштосоро ба чашми бинандагон боз ҳам зебо тарҷеҳ медиҳад. Яке аз нухустин сайёҳони рус бо таассуроти амиқ аз шукӯҳи кӯлҳои минтақа онҳоро «чашмони нилгун»-и Помир унвон намудааст.

 

Ин кӯлро кӯҳҳои осмонбӯс дар баландии 3200 метр аз сатҳи баҳр бо захираи 17 миллиард метри мукааб оби ширин дар каф гирифтаанд. Сарезро бархе аз мутахассисон барои эҳтимолияти хатароти рахнашавӣ «аждаҳои хуфта», аммо иддае барои зебои ва табиати нотакрораш «нозанини хуфта» унвон мекунанд. Кӯли Сарез ба яке аз ҷойҳои диданӣ барои дӯстдорони зиёди сайёҳии экологии дохилу ҳориҷи кишвар табдил ёфтааст.

 

Мавзеъҳои сайёҳии дигари ин минтақа Боғи ботаникии Помир, парваришгоҳи Зоркул, Мурғоб, Музкул, санаторияи Гармчашма, Туғайзорҳои поёнии дарёи Ванҷ, ғори Салимпошо, ёдгориҳои қалъаи Каҷкаҳа, Кофирқалъа ва Бозордара мебошад. Инчунин дар дохили минтақаҳои номбурдашуда боз водиҳои дурдтарини ноҳиябандии рекреатсиони зиёд мавҷуд аст.

 

Ҳукумати кишвар барои густариши сайёҳӣ тамоми имкониятро фароҳам сохта, меҳмонхонаҳои замонавӣ, бошишгоҳҳои тафреҳӣ, ошхонаҳо, боло бурдани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар онҳо ва фарҳанги баланди миллӣ аст, ки Тоҷикистон дар радифи давлатҳои ҷолиб барои сайёҳӣ қарор гирифтааст.

 

Баҳодур НАҶМИДДИНЗОДА,

магистранти курси 2-и Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий