ИСТИҚЛОЛИЯТ – РОҲЕ БАРОИ РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ ҶУҒРОФӢ

Тоҷикистони азизи мо бо ба даст овардани истиқлолият, ки сарвати бузургтарини худшиносист, дар баробари ба ваҳдати миллӣ расондан, суботи сиёсию фарҳангӣ ба вуҷуд овардан, ҳамчунин ба мустақилияти иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавӣ заминаҳои боэътимод гузошт. Таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯзҳои нахусти истиқлолияти Тоҷикистон босуръат идома ёфта, чӣ дар соҳаҳои иқтисодию сиёсӣ ва чӣ фарҳангиву маънавӣ дастовардҳои муносибе афзун шуданд.

 

Ҳанӯз зимни нахустин сафари хеш дар тобистони соли 1993 ба Кӯҳистони Бадахшон Сарвари давлат дар назди фаъолони вилоят баромад карда, чунин иброз дошта буданд: “…Ман аминам, ки Шумо Бадахшонро ба яке аз муҳимтарин марказҳои тиҷорат ва саёҳати байналхалқии Тоҷикистон табдил медиҳед ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр аст, барои ба ин мақсад ноил гардидан  кумаки зарурии худро расонад”.

 

Воқеан, барои амалӣ сохтани ин суханони дурнигаронаи хеш Президенти мамлакат аз рӯзҳои нахустини истиқлолият Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату кумитаҳоро водор намуд, то ба мушкилиҳои давр нигоҳ накарда, баҳри бунёди роҳу пулҳои мошингузар, дастгирии муассисаҳои маориф, тандурустию фарҳанг саҳми чашмрас гузоранд.

 

Тибқи навиштаи бисёре аз муаррихон рушди бонизоми иқтисоду иҷтимоиёти ВМКБ аслан аз соли 2000 шурӯъ шуд.

 

Дар ин хусус худи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони аҳолии вилоят гуфта буданд: “Ҳукумати кишвар пайваста азму талош дорад, ки бо татбиқи нақшаву барномаҳои рушд пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла Кӯҳистони Бадахшон таъмин карда шавад”.

 

Дар тӯли солҳои истиқлолият назари Роҳбарияти кишвар аз дурдасттарин манотиқи Кӯҳистони Бадахшон низ дур намонд. Барои деҳоти дурдаст, амсоли водии Бартанги ноҳияи Рӯшон, ҷамоати Сежди ноҳияи Роштқалъа, Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон, ҷамоатҳои деҳоти Рованд ва Язғуломи ноҳияи Ванҷ, Сағирдашти ноҳияи Дарвоз, Зонги ноҳияи Ишкошим барномаҳои миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодӣ тасдиқ гардиданд ва баҳри иҷрояшон чораҳои амалӣ татбиқ шуда истодаанд. Маълум аст, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба далели шароитҳои вазнини ҷуғрофӣ, иқлимӣ маблағгузории хароҷоти худро аз ҳисоби даромадҳои худӣ пурра таъмин карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, барои пӯшонидани ин хароҷот аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда мешавад, ки он сол аз сол афзоиш ёфта истодааст.

 

Баҳри таъмини рушди соҳаи саноат ва энергетикаи вилоят, истифодаи захираи саноатии он ва бо иқтидори пурра ба кор андохтани корхонаҳои саноатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят намояндагии Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, Саридораи геологияи тоҷик ташкил шуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бобати пешбурди соҳаи саноат чораҷўӣ карда истодаем.

 

Боиси қаноатмандист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ рафтуомади сокинони вилоят, меҳмонон ва сайёҳон аз маркази шаҳри Душанбе то шаҳри Хоруғ дар қиёс нисбати солҳои 90-уми асри гузашта куллан тағйир ёфта, беҳтар ва бехатар гардидааст, ки сарфиёти камтари вақт ва кафолати бештари бехатарӣ зина ба зина таъмин гардида истодааст. Соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия дар рушди иқтисодиёти ВМКБ дар давоми истиқлолияти кишвар мувофиқи имкониятҳои ҷойдошта бомаром рушд ёфта истодааст.

 

Дар вилоят барои рушди соҳаи роҳдорию роҳсозӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шуд, ки ин боиси таъмини эҳтиёҷоти шаҳрвандон ба хизматрасониҳои нақлиётӣ ва дастрасии ҳамаҷонибаи онҳо ба ин хизматрасониҳо гардид. Беҳтар шудани хизматрасониҳо ба таъмини шароити бехатар, интиқол додани бору мусофирон, ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, инчунин ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои нақлиётӣ заминаи мусоид  фароҳам овард.

 

Бояд тазаккур дод, ки тайи ин солҳо дар комплекси нақлиёт бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳиссагузориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 адад лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 96,1 млн. долл. ИМА татбиқ шудаанд, ки дар натиҷа 104,4 км роҳ ва 8 адад пул сохта ба истифода дода шудаанд. Ҳамзамон, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Фонди Оғохон дар ин давра 6 адад пул бо дарозии умумии 584,9 метри тӯлонӣ ба маблағи 4685,4 ҳазор долл. ИМА сохта ба истифода дода шуд. Дар баробари ин, сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб, қитъаи Шӯрообод – Шоҳон бо дарозии 40 км ва 10 адад пул ба маблағи 92,9 млн. долл. ИМА мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.

 

Бо назардошти сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаи Шӯрообод – Шоҳон дар давоми ин солҳо ба маблағи умумии 193,7 млн. долл. ИМА 144,4 километр роҳҳо азнавсозиву бунёд карда шуданд.

 

Инчунин, корҳои лоиҳакашию кофтуковӣ дар лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаи Хумб-Ванҷ то марзи ноҳияи Рӯшон идома дорад.

 

Дар баробари ин, асосноксозии техникию иқтисодии лоиҳаи Таҷдиди роҳи автомобилгарди Лабиҷар –Тавилдара – Қалъаи Хумб ба маблағи умумии 1,0 млн. долл. ИМА аз ҳисоби кумаки бебозгашти Фонди Қувейтӣ анҷом ёфта, гуфтушунид доир ба дарёфти сармоя барои татбиқи лоиҳаи Қалъаи Хумб – Хоруғ – Мурғоб – ағбаи Қулма (сарҳади Ҷумҳурии Халқии Хитой) дар масофаи 652 км бо намояндагони Бонки содиротию воридотии Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаҳои қитъаҳои Кӯлоб – Шӯрообод бо дарозии 32 км ва қитъаи Шкев-Қалъаи Хумб бо дарозии 26 км идома дорад.

 

Илова бар ин, аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмон, барқароркунӣ ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва иншооти он зиёда аз 50,5 млн. сомонӣ маблағ сарф гардид.

 

Дар баробари татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҳиссаи маблағҳои буҷавӣ, ки барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгард равона мешавад, сол то сол зиёд гардида, дар қиёс ба солҳои 1993 ва 2000, мутаносибан 72 ва 32 маротиба боло рафтааст.

 

Дар давоми 30 соли истиқлолият барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои вилоят 94,4 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст.

 

Соли 2020 барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят маблағи 13151,9 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки нисбати соли 2017 ба андозаи 22,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

 

Дар ҳудуди вилоят 62 хатсайри мусофиркашонӣ фаъолият намуда, дар тамоми ноҳияҳо ва шаҳр терминалҳо ва ҷамъиятҳо ташкил карда шуда, мусофиронро бо нақлиёт таъмин намуда истодаанд.

 

Бо дастгирии ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ доимо дар сатҳи корӣ қарор доранд. Аз ҳисоби маблағгузориҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ ҳамасола маблағи зиёда аз 500,0 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, барои мавсими зимистонгузаронӣ маблағи зиёда аз 300,0 ҳазор сомонӣ ва барои таъмири ҷории роҳҳо маблағи 266,6 ҳазор сомонӣ масраф шуда истодааст.

 

Анис АЛАМШОЕВ,

номзади илмҳои иқтисодӣ,

мудири кафедраи идораи давлатӣ

 ва иқтисоди миллии Академия

Похожие записи