ИСТИҚЛОЛИЯТ – ҶАВҲАРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Тоҷикистон

Истиқлолият барои ҳар як миллат неъмати гаронарзиш, ҷашни бошукӯҳ, ифтихори миллӣ, асоси рушд ва пояи устувори ваҳдат ва тамомияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

 

Халқи тоҷик 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард ва аз он замон то кунун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ ва шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Як нуктаро зикр кардан бамаврид аст, ки Истиқлолият худ аз худ ба даст наомад. Мо аз таърих огоҳ ҳастем, ки ба сари мардуми тоҷик чӣ бадбахтиҳое наомада ва тоҷик чӣ ранҷу азобҳоеро накашида. Корномаҳои аҷдододи ҷасури мо чун Спитамен, Шерак, Муқаннаъу Деваштич, Темурмалику Торобӣ ҳаргиз аз лавҳи хотироти мо тоза нахоҳад шуд.

 

Агар аз як тараф бо зарби шамшер аз мустақилияти миллат пуштибонӣ карда бошем, аз тарафи дигар бо зӯри қалами чун Рудакию Фирдавсию Дақиқиву Синову Беруниву Саъдиву Ҳофизу Камолу Айниву Бобоҷону Турсунзодаву то Лоиқи ватансаро барои побарҷо мондани миллат мубориза анҷом додаем.

 

“Инак ману дифоъи ту, эй модари Ватан,

Ман дар паноҳи ту,

Ту дар паноҳи ман!”

 

Воқеан, Лоиқи миллат дуруст, мегӯяд. Ватан ҳаст, ки мо ҳастем ва бешак, ки ӯ модари мо ҳаст, пас дар паноҳи кӣ бошад? Албатта дар паноҳи фарзанди ҷигарбандаш, дар паноҳи фарзанди барумандаш, дар паноҳи фарзанде, ки ӯро дар оғӯш парваридааст, дар паноҳи фарзанде, ки ба ӯ бовар кардааст.

 

Пас аз он, ки Тоҷикистон аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ баромад, аз дасти як зумра манфиатҷӯёни сиёсӣ қариб буд, ки миллати тоҷик бо фарҳанги чандиҳазорсолааш аз байн мерафт. Аммо бо часпу талош ва саъю кӯшишҳои зиёд миллати азбайнрафтаистодаро аз нав ба дасти соҳибонаш баргардонданд.

 

Албатта бе роҳбари оқилу доно давлат сохта намешавад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонбозиҳои худ якпорчагии мамлакатро нигоҳ доштанд.

 

Пас аз ба даст овардани Истиқлолият дере нагузашта Тоҷикистон дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор гирифт. Мардум бехонаву дар, кудакон бепадару модар, ятим, биноҳо вайрон, пулҳо валангор, чӣ даҳшате мадумро фаро гирифта буд.

“Миллати азизам, аз ин рӯзҳои сахт ҳам мебароем” – гуфтани роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум умеди тозае мебахшид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз марг натарсиданд, аз шамолу бод наҳаросиданд, аз баҳри ҷони худ гузаштанд ва аввалин коре, ки карданд гурезаҳоро ба Ватан баргардонданд, сохторҳои сиёсии фалаҷгаштаро дубора ба по хезонданд, ватанро обод карданд. Ин ҳама талош ва дубора ба ҳам овардани миллат аз ҷониби Сарвари давлат боз ҳамон ватансароии Лоиқ ба ёд меояд, ки дар минбар истода дар канори Роҳбари давлат гуфта буд:

 

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

 

Истиқлолият ҷавҳари ҳастии миллати моро ташкил медиҳад. Таманно мекунем, ки ин ҷавҳар дар фазои осоишта ва сулҳу ваҳдат дар партави сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то абад пойдор бимонад ва аз файзу баракати ин неъмати пурарзиш ободиву осоиш насиби ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ гардад.

 

Ҷовидон бод Истиқлолият, сулҳ ва Ваҳдати миллӣ!!!

 

Рақибҷон МУРОДҚУЛОВ,

мутахассиси пешбари матбааи Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий