ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Истиқлоли давлатӣ беҳтарин ҳадяи Парвардигор буда, бозгӯи марҳалаи сифатан нави таърихӣ дар ҳаёти давлатдории мост, ки баъди даҳҳо қарн ҳувияти миллати моро дар арсаи ҷаҳон таъмин намуд ва мо имрӯз ҳамчун кишвари комилҳуқуқ сарнавишти хешро бо дасти худ навишта истодаем.

 

Имрӯз, маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ тамоми рукнҳои ҷомеаи мутамаддин ва муосири тоҷик фарогири мароҳили мутанаввеи рушди устувор ва бемайлон буда, чор пояи асосии ҷомеа: сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дараҷае ташаккул ва нумӯъ ёфтанд, ки дар ягон марҳилаи таърихӣ миллати куҳантабору фарҳангӣ ва таърихии мо ба ин гуна комёбӣ ноил нагардида буд. Дар зарфи даҳ-понздаҳ соли охир бунёди неругоҳҳои азим ва муқтадири барқи обӣ, сохтмони шоҳроҳҳои аҳамияти байналмилалидоштаи ҷавобгӯ ба талаботи муосири ҷаҳонӣ, кандани нақбҳои дорои аҳамияти стратегӣ, бунёди пулҳои дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ, сохтмон ва таъмири ҳазорҳо муассисаҳои таълимию тиббӣ ва фарҳангӣ, рушди ниҳоят босуръати соҳаи телекоммуникатсия ва анвои гуногуни нақлиёт, бунёди ҳазорҳо хонаҳои истиқоматӣ, боло бурдани вазъи некуаҳволии ҷомеа, бунёд ва эҷоди пайванди дӯстию рафоқати халқу миллатҳои ҳамсоя, минтақа ва ҷаҳон, густариши муносибатҳои ҳасанаи дипломатӣ ва амсоли онҳо намунае аз ташаббусҳои наҷиби сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, натиҷаи баракати истиқлоли давлатӣ ва файзи ваҳдати миллии мо мебошанд, ки нодида гирифтани ин комёбиҳои бузург ба ҳеҷ ваҷҳ аз рӯи инсофу адолат нахоҳад буд.

 

Дарвоқеъ, ба қавли Пешвои миллат “мо бояд шукр гӯем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда расидаем ва сулҳу субот, ваҳдати миллиро бояд ҳамчун дастоварди азизтарини халқамон ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт намоем”.

 

Имрӯз муҳимтарин омили худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ боло гузоштани манфиатҳои миллию давлатӣ аз манофеи гурӯҳӣ ва шахсист, ки ин нукта асоси рушди ҳама гуна самт, низом, сохтор ва соҳа ба шумор меравад.

 

Дар Конститутсия низ, ки санади сарнавиштсоз ва муқаддаси мост, “ҳифзи соҳибихтиёрии Ватан, сулҳу суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии давлат” вазифаи ҷонӣ ва маънаван қарзи виҷдониву имонии ҳар яки мо – сокинони Тоҷикистони мустақил ва офтобиамон зикр шудааст.

 

Бо таваҷҷуҳ бар он, ки ваҳдати миллӣ муҳимтарин шохиси маърифати истиқлолияти давлатии мост, метавон онро омили муҳимтарини муаррифии Тоҷикистони азизамон дар ақсои олам тавҷеҳ дод.

 

Агар ба дидаи таҳқиқ назар андӯзем, дар тӯли таърих масъалаи ваҳдат ва ваҳдатгароӣ яке аз мафҳумҳои калидии рӯзгори тоҷикон ба шумор рафта, дар мароҳили мухталифи давлатдории мо бо тобишҳои гуногун таҷассум ёфта, дар ҳар як бозтоб мадлули вижаеро фаро гирифтааст.

 

Аз чамандози дигар метавонад бурузи ваҳдати офариниш, ки маншаи Қуръонӣ дорад, ба табйини ин андеша мунҷар шавад, ки ваҳдати мукаммалтаринро (беҳтарин суратро) Офаридгор дар қолаби инсон рехтааст (Қуръони карим, сураи «Тин», ояти 4). Чунончи, колбади инсон аз ваҳдати узвҳо ба ҳам омада, тибқи маърифати динӣ аз ҷамъи чор унсур: обу хок ва боду оташ ба ҳам рехта, қудрати зеҳнӣ ва ҷисмонии мо низ аз ваҳдати таркибҳои вежа иборат аст ва ин нукта бар он маънӣ тасаллут дорад, ки баширият ҳамеша ба ин арзиши олӣ ва муҳимии ҳаёт ниёз доштааст.

 

Дар фарҳанги миллати маҳбуби мо назарияи “ваҳдатии вуҷуд” низ ба чашм мерасад, ки баррасии вежагиҳои ин масъала хориҷ аз ҳавсалаи ин гуфтор буда, танҳо бар он нукта иктифо мекунем, ки ҷавҳари таълимоти мазкур низ ҳамчун арзиши олии башарӣ аз худогоҳии комил ва маърифати оламу одам иборат будааст.

 

Пас аз сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо моҳияти ваҳдати миллӣ дар байни тоҷикон ба маънои нав – муҳимтарин ва асоситарин рукни ҳаёт шинохта шуд, ки бо гузашти буъди вақт танаввуи манзалату мақоми он бештар буруз кардааст.

 

Дарвоқеъ, ваҳдати миллӣ барои мо ҳадяи илоҳӣ буда, бо назардошти моҳияти таърихии он дар баробари мафоҳими Ватан ва истиқлоли давлатӣ бозёфти муқаддас ва  сарчашмаи саодату файзи рӯзгори мардуми кишвар аст.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бунёдгузори кохи бегазанди ваҳдати миллии мост, гуфта, ки “мо дар ин замина фарҳанги сулҳро ҳамчун унсури бунёдии сиёсати худ қарор дода, муносибатро бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон барқарор намудем ва дар ин марому маслак то ба имрӯз собиту устувор ҳастем.

 

Мардуми шарифи кишвар бештар аз ду даҳсола аст, ки дар фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ зиндагӣ мекунанд. Ваҳдати ҷомеа имконият фароҳам овард, ки халқи Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорад ва дар кӯтоҳтарин муддат натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардад”.

 

Чашми ҳақиқатбин аз ин мисдоқи фаровон, ки пайванди созандагию ободкориҳои рӯзафзун ва гул-гулшукуфоии имрӯзи ватанамон аст, бо як нигоҳ метавонад, ки аз фардои дурахшонтару хуррамтари кишвари маҳбубамон ҳадс занад. Имрӯз ваҳдати мо, ки маншаи ҳама гуна фатҳу зафар, хуррамию комёбиҳои тоза ба тозаи қишрҳои мухталифи ҷомеа гардидааст, бо таркибҳои вуқӯии шоирона “эҷоди ҳаёти нурборон, шукӯҳи инсофу адолат, нури виҷдон, овози суҷуди сабзи борон ва дар маҷмӯъ, эҳсоси иқболи баланди халқи Тоҷикистон” буда, мунҷар бар он андеша аст, ки “китоби саодати миллати тоҷик” мост.

 

Бидуни шак, имрӯз роҷеъ ба мадлули ваҳдати миллӣ ва арзиши таърихии он даҳҳо асар ва садҳо мақолаҳо иншо шудаанд, ки аз як нигоҳ барои шинохти моҳияти ин мафҳуми муқаддаси мо дар зеҳни ҷомеа, бавежа ҷавонон кори муҳим арзёбӣ шавад, аз ҷониби дигар арҷгузорӣ ба ин инояти Парвардигор аст. Аммо чӣ тавре ки Пешвои миллат гуфтааст: “Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад”. Манзур аз андешаи ин ҷониб дар он аст, ки дар баробари меҳанпарастӣ, ҳувияти миллӣ, худогоҳии комил арҷгузорӣ ба ваҳдати миллӣ ҳамчун “гавҳари чашм” ва сарчашмаи осудагии мо на дар гуфтор, балки дар пиндор ва кирдорамон таҷассум ёфта, ҳар кадоми мо ҳомии воқеии ваҳдати миллӣ ва тараннумгари пайомадҳои созанда ва бунёдкориҳои он, вассофи ибтикороти ҷадиду бузурги Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаммарому ҳамрадифи сиёсати хирадмандона ва маърифатпарваронаи Пешвои миллатамон бошем.

 

Ҳамин минвол, ояндаи дурахшонтари ҷомеа, ташаккули идораи давлатӣ, ҳифзи асолати миллӣ ва забони давлатӣ, арҷгузорӣ ва ҳифозати арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти мо, азиз ва қимат шумурдани дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ ва пайомадҳои ободгароёна ва неки ваҳдати миллӣ ба ирода, ҷаҳду талош, дасту дили пок, назари нек ва умеду орзуҳои ҳар яки мо – аҳли ҷомеа (новобаста аз вазъи иҷтимоӣ ва мавқеи ҷамъиятӣ) вобаста буда, танҳо ҳамбастагӣ, поквиҷдонӣ, муҳаббат ба обу хоки Ватан, садоқат ба халқу Меҳан, заҳматҳои шабонарӯзии мо барои ободии Тоҷикистони соҳибистиқлолу маҳбуб метавонад, ки зиндагонии хубу шоистаи моро хубтару хуррамтару шоистатар гардонад ва моро ҷиҳати ноил гардидан ба мақсаду маромҳои наҷиб ва башардӯстонаю пурсафо ҳадафёбтар намояд.

 

Шариф ШАРИПОВ,

дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва

 ҳуҷҷатнигории Академия,

номзади илмҳои филологӣ

Похожие записи

Оставьте нам комментарий