ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЗАМИНАИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР

Боиси ифтихору сарфарозист, ки тӯли 30 сол мешавад, ки дар партави сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбубамон умр ба сар мебарем. Воқеан ин неъмати бебаҳост, зеро ки дар тӯли ҳазорсолаи таърих расидан ба Истиқлол, Ваҳдату якдилӣ ва муттаҳидӣ ақлу зеҳни тамоми инсониятро ба худ ҷалб менамуд. Аммо расидан ва даст ёфтан ба он кори басо мушкилу пурпечутоб буд ва ҳазорон қаҳрамонон ҷони худро дар ин роҳ фидо кардаву ба мақсад нарасидаанд.

 

Таърихи гувоҳ аст, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз қадамҳои аввалин ва тақдирсоз ин ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ буд. Бо талошу заҳматҳои зиёд санаи 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли комили худро эълон намуд, ки заминаи нави сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои рушди минбаъдаи кишвар гузошт. Вале пас аз ин воқеоти муҳимми таърихӣ нооромӣ фазои кишвари азизи моро фарогир гашт ва рушду тараққиёти онро ба чандин солҳо ақиб зад. Аммо бо заҳмату кӯшишҳои фарзандони ҷонфидои миллат, монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки шабу рӯз фикрашон ба комёб гардидан дар сарҷамъ намудани миллат ва ба даст овардани якдилию якдигарфаҳмии онҳо равона буд, мо тавонистем аз чанголи ин зуҳуроти харобиовар раҳоӣ ёбем ва ваҳдату сулҳу суботро дар кишвар побарҷо намоем. Имрӯз самараи ин ҳама кӯшишҳоро мо дар лабханди модарону хоҳарон, оромию ободии мамлакат, дастовардҳои беназири ҳамватанон дар дохил ва хориҷи кишвар, шинохти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва монанди инҳо дида метавонем.

 

Маҳз Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу Ваҳдати миллӣ ҷонибдории мамлакатҳои берунмарзӣ ва мавқеъу мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳон овозадор  ардонидааст. Агар Истиқлоли давлатӣ мустақилӣ ва ҳеҷ як субъекти берунӣ вобаста набудани давлатро ифода намояд, пас Ваҳдату ягонагӣ ин сар баровардан аз як гиребон, муттаҳид шудан баҳри татбиқи ғояҳои нав, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва синаи худро барои ҳифозати миллату давлат сипар кардан аст. Ин ду арзиш бо якдигар тавъаманд ва маҳз алоқамандии онҳост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кутоҳбарин муддат – 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ба яке аз кишварҳои амнтарин ва зеботарин мубаддал гардидааст. Бо татбиқи ҳарчи бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ, пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, ки боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи якдигарфаҳмӣ истиқлолу сулҳу ягонагии давлату миллатро устувор карда метавонем. Чунки дар фазои сулҳу ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба тараққӣ ниҳода, кишвари азизи биҳиштосоямон дар шоҳроҳи пешрафти тараққиёт мавқеи боз ҳам мустаҳкамро соҳиб мегардад.

 

Пайрав ИЗАТУЛЛОЗОДА,

ассистенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва

 хизмати давлатии Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий