ИСТИҚЛОЛ – МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТИ ДУНЁ

Муборак И.

Инак мо боз ба ин рӯзи шодиофарин ва сурурбахш – Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расидем. Муҳимтарин дастоварду комёбие, ки мо дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ соҳиб гардидем, аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

 

Истиқлолият ҷашнест, ки онро кулли тоҷикони дунё бо як олам шодию фараҳ ва шукӯҳмандӣ истиқбол мегиранд. 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад.

 

Дар таърихи навини кишварамон волотарин дастовард соҳиб шудан ба истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ шуд. Истиқлолияти давлатӣ барои мо-тоҷикон осон ба даст наомад.  Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор гардид, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва ҳисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонида, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба миён овард.

 

Ростӣ, аз аввал ба ғояи сулҳу оштии миллӣ бисёр бовар доштем ва ҳатто фикр мекардем, ки мо дар кӯтоҳтарин муддат ҳамдигарро дуруст фаҳмида, ба сулҳу оштии миллӣ ноил мешавем. Дар давраи шадиди муқовиматҳои сиёсӣ Иҷлосияи дувуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Эъломия аввалин санадест, ки аз наздик шудани Тоҷикистон ба истиқлолияти воқеиаш башорат медод. Соли 1991 давраи болоравии моҷарои сиёсӣ, оғози майдоннишиниҳои сиёсӣ, гуруснанишиниҳои сиёсӣ, замони ташаккули расмии ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон буд. Ба мақсади расидан ба ризоияти иҷтимоӣ бо талаби неруҳои ба истилоҳ демократӣ ҳокимияти муросои миллӣ таъсис дода шуд.

 

Дар ибтидои Истиқлоли давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд. Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳад, то мардум зиндагии шоиста дошта бошад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти онро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навини миллиамон меноманд: “маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумро ба роҳ монем.

 

Қадамҳои аввалини истиқлолият бо ҷанги хонумонсӯз оғоз гардид, ки ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд.

 

Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои миллат 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб, ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами “Сулҳи тоҷикон”-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.

 

Соҳибихтиёрӣ ба айёме рост омад, ки ҷаҳон бо дигаргуниҳои азим рӯ ба рӯ буд. Дар ин талотум ва гирудори таърих миллати сарбаланди тоҷик бо хариди азалӣ ва неруи зеҳнии созандааш тавонист мавқеашро муайян созад ва соҳибихтиёрию истиқлолашро ба тамоми ҷаҳониён эълом дорад. Ин дастоварди бузурги миллӣ, ғалабаи мардуми тоҷик бар тамоми душманони дохилию хориҷӣ дониста мешавад. Тайи ҳазорсолаҳо расидан ба истиқлолият орзуву армони миллати тоҷик буд ва дар ин масири истиқлолиятхоҳӣ тӯли асрҳо беҳтарин фарзандони миллати тоҷик ҷонбозиҳо намуданд ва бештарини онҳо-ғаюртарину асилтарин фарзандони миллат баҳри даст ёфтан ба ин неъмат дар арсаҳо ҷон бохтанд.

 

Роҳи пурпечутоби сулҳи тоҷикон ва эҳёи баъдиҷангии Тоҷикистон таърихи тӯлонӣ дорад, вале мехостам танҳо ҳаминро таъкид намоям, ки сулҳи тоҷикон пеш аз ҳама, натиҷаи талошу заҳмати самимонаи фарзандони баномуси халқи тоҷик ва пирӯзии хиради мардуми шарифи Тоҷикистон бар ҷаҳолат буд. Ҷойи ифтихор аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби нодири сулҳофарӣ ва ҳалли низоъҳо эътироф намуда, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор додааст.

 

Бинобар ин, миллати мо дар ин муддати шадид ба сахтиҳо ва маҳрумиятҳои зиёде рӯ ба рӯ шуд, аммо ирода, рӯҳи шикастнопазир, боварию эътимод ба фардои миллати тоҷикро аз нопадид гаштан дар гирдоби таърих нигоҳ дошт ва то ба имрӯзи фирӯз расонид. Аз ин ҷост, ки истиқлолият барои мо ҳам муқаддас ва ҳам ҷойи ифтихор мебошад. Истиқлолият сарвати ноёбест, ки дар рӯйи ҷаҳон миллатҳои бисёре барои ба даст овардани он садсолаҳо ранҷу азоби зиёдеро паси сар карданд. Аммо ранҷу заҳмати миллати тоҷик дар ин ҷода беқиёсу бемасал нест, зеро ба ин неъмат халқи тоҷик баъди тай намудани роҳи дуру дароз бо машаққат расид, аз ин рӯ, Истиқлолиятро тоҷикон нодиртарин, волотарин ва пурарзиштарин сарвати миллии худ мешуморанд.

 

Акнун давраи гузариш ба анҷом расид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳилаи эҳёву барқарорсозӣ ба марҳилаи рушди устувор қадам гузоштааст. Албатта. дар ин марҳила низ мушкилоти ҷиддие пешорӯйи мо хоҳад буд, вале бо вуҷуди ин, мо тамоми шароит ва имкониятро барои ҳаракат ба сӯйи рушди устувор дорем. Муҳимтар аз ҳама, барои оғози чунин марҳалаи тақдирсоз ба боварӣ, эътимод ва иродаи қавии мардуми шарифи Тоҷикистони азиз такя менамоем.

 

Муборак БОБОЕВА,

магистранти Академия

Похожие записи