ИСТИҚЛОЛ – НЕЪМАТИ БЕБАҲО

da584015f5a3a1f7c71b924ae03e7813
Ҳар кори накӯ маншаъ мегирад аз субҳи босафову пуртаровати Ватан. Он маконе, ки мардуми шарифаш зери боли парфишони Истиқлол зиндагии осудаю оромона доранд. Пеш аз ҳама мо бояд шукри Офаридгори бузург ва марди бохираду ватандӯст, ҷонфидою сарсупурдаи халқу миллат, ҳимоятгари марзу буми хеш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ин неъматро қадр карданду ҳифз доштанд ва ба мо эщдо намуданд, намоем. Заҳмату талошҳои эшон буданд, ки имрӯз дар кишвари мо Истиқлоли комил таҳким гардидаасту кишвари мо орому пешрафта гардидааст.

 

Ҳар кору амал ва ҳар хушию хурсандие, ки дорем, самараи фазои тинҷию амният ва мустақилияти кишвар аст. Неъмати истиқлол аст, ки ҳамарӯза барои боз ҳам хубтар шудани зиндагӣ аз шароитҳои моддию маънавие, ки аз тарафи давлат бароямон муҳайё шудааст, бемамоният истифода мебарем. Магар барои миллате, ки чанд сол қабл дучори ҷанги шаҳравандӣ буд, аз сулҳу салоҳ ва оромию пешрафт дастоварди бузурги дигаре мавҷуд буда метавонад? Ин суолест, ки посухи он аз ҳар яки мо ғайрату шуҷоати ватандӯстиро талаб мекунад.

 

Моро зарур аст, ки баҳри ҳифзу гиромӣ доштани Истиқлоли комили Ватан камари ҳиммат бандем ва дар бари роҳбари поквиҷдону сиёсатмадори хеш рост бошем.

 

Мавриди зикр аст, ки вазъи мураккаби ҷаҳон, ба хусус, кишвари ҳамсояи мо, Афғонистон хело ташвишовар аст. Тариқи сомонаҳои интернетӣ ҳамарӯза шоҳиди таҳдиду зуроварӣ ва ҳатто рӯирост куштани шаҳрвандони бегуноҳ мегарем. Аз ваҳшату зулми гурӯҳҳои ифротию террористии “Толибон”, “ДОИШ” ва даҳҳо гурӯҳҳои дигари хатарзо нафратамон меояд.

 

Мо ҳамчун шаҳрвандони ин кишвар бояд зиракии сиёсии хешро аз даст надиҳем. Ба ҳаргуна иғвою сафсатаҳои шахсони манфиатҷӯ дода нашавем. Бас аст, ки як бор фиреби душман хӯрдему ватанро вайрону валангор ва фарзандони фарзонаашро зери хок гур кардем. Захмҳо задем бар ҷисму ҷонаш, беқадри кардем бар обу хокаш. Баҳри ислоҳи ҳамин камбудии хеш имрӯз мо аз Истиқлоли он бояд ҳифз намоем. Аз марзу бумаш, аз сарзамини куҳанбуёду дорои фарҳани бузург ҳимоя кунем. Омода бошем, ҷон фидо бошем, ҳамчун фарзанди шуҷои Ватан, баҳри ҳифзаш, баҳри оромию осудагии халқи шарифаш, баҳри хоки муқаддасу азизаш.

 

Ҷовиди ЗАФАР,

магистранти яксолаи хизматчиёни

давлатии Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий