ИСТИҚЛОЛ – РАМЗИ ОЗОДИИ МИЛЛАТ

Ғоибназарзода

Рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавиштсози миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Дар ин рӯз ҷумҳурии мо соҳибистиқлол гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин рӯзи муборак барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб меёбад. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Истиқлолият неъмати бисёр азиз ва ширину ба ҷон баробар аст. Ҳар миллату ҳар давлат барои он мубориза мебарад, зеро истиқлол ифтихор, осоишу оромӣ, армонҳои накукорию сари баланди ҳар як шаҳрванд мебошад”.

 

Тӯли 30 – сол мешавад, ки Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол асту мардуми шарафманди он соҳибихтиёр. 30 – сол аст, ки дар фазои Ватани маҳбубамон хуршеди истиқлол нурафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу дидаи бунёдкоронаи ҳар яки моро мунаввар месозад.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро “арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик” ном бурданд. Воқеан, соҳибистиқлолӣ барои ҳар як халқу миллат азизу муътабар аст. Он чун сарчашмаи бебаҳо тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатҳоро муайян месозад. Вақте ба таҳқиқ назар кунем, дастёбӣ ба ин неъмати воло ба кишвари мо нуру зиё ва рушду субботи саротсариро эҳдо намуд. Миллати тоҷик ба шарофати ин дастовард, яъне расидан ба соҳибистиқлолӣ, дар зарфи 30 сол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назири худро надоранд.

 

Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ки дар маҷмӯъ барои ҷомеаи тоҷикистонӣ зиндагии осоишта ва рӯзгори пурифтихорро эҳдо намуд, хеле зиёданд. Вале дар ин миён ба чанд дастовард бояд авлавият дод. Чун баъзе аз дастовардҳои 30 соли соҳибистиқлолӣ заминагузори дигар дастовардҳо дар кишвар гардиданд. Аз ҷумла, муҳимтарин дастоварди мо ин дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол мебошад. Дигар, ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Чун маҳз бо шарофати талошҳо ва сиёсати дурбинона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима ёфта, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар ба роҳ монда шуд. Бо ба роҳ мондани сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди давлати миллӣ оғоз гардида, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, ки дар якҷоягӣ ҳамаи он ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар нигаронида шудаанд, дар рушди тамоми соҳоти хоҷагии халқ нақши бориз гузоштанд.

 

Аз дастовардҳои муҳимми дигар дар даврони соҳибистиқлолӣ муайян гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад. Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар чор ҳадафе мебошанд, ки ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо ҷузъи муҳимми сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишварро тӯли 30-соли соҳибистиқлолӣ ташкил дод. Бо файзу баракати истиқлол мо дар заминаи татбиқи ин чор ҳадафи стратегӣ ба дастовардҳои зиёд ноил гардидем ва фаъолияти созандаи худро дар ин самтҳои стратегӣ рӯз аз рӯз вусъат бахшида истодаем.

 

Расму оин ва фарҳанги бойи мо, тоҷикон, ки умқи таърих маншаъ мегирад. Ин арзишҳои таърихӣ барои мо чун рукни муҳимми давлатдорӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, эҳёи расму оин ва фарҳанги миллӣ, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор, фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ аз дастовардҳои дигари пурарзиши замони Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

 

Соҳибистиқлолӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшид ва дарвозаҳои чаҳор самти олами бекаронро ба рӯяш боз намуд. Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ду боли тавоное мебошанд, ки Тоҷикистонро ба парвозҳои баланд ҳидоят намуд. Дар партави истиқлоли кишвар Ваҳдати миллӣ пойдор гардида, сулҳу субот дар саросари кишвар ва тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар натиҷаи хизмати бузургу қаҳрамононаи халқи хирадманд, сулҳдӯст ва бунёдкори тоҷик ба ҳақиқат табдил ёфт.

 

Лозим ба таъкид аст, ки нигоҳ доштани оромӣ, ҳифзи истиқлол, нигаҳдории фарҳанг ва арзишҳои таърихӣ дар айни замон аз мо масъулияти даҳчандро талаб мекунад. Муҳаббат ба Ватани аҷдодӣ, таърихи пурғановати миллат ва дастовардҳои ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунпарвар набояд чашми моро аз раванди пурталотуми ҷаҳони муосир, вусъати ақли башарият, пешрафти инқилобии илму техника ва тараққиёти рӯзафзуни давлатҳои мутамаддини олам бубанданд. Баръакс, мо бояд ҳарчи бештар Ватанамонро дӯст дорем ва ҳамон қадар кӯшиш намоем, ки аз суръати кайҳонии асри ХХI қафо намонем, ҳамкориҳои худро бо кишварҳои мутараққӣ зиёд намуда, арзишҳои илмиву фарҳанги умумибашарӣ, дастовардҳои техникаву технологияи муосир ва кашфиёту бозёфтҳои навинро омӯзем. Бо донишҳои амиқу замонавӣ Истиқлоли давлатии хешро нур бахшем ва дастовардҳоро дар заминаи он аз ин ҳам бештар гардонем.

 

Дар фаровард таманно мекунем, ки нуру зиёи соҳибистиқлолӣ абадӣ роҳи Тоҷикистони азизамонро ба сӯи ояндаи обод равшан созад ва Ватани маҳбуби мо зери парчами Истиқлол дурахшон бошаду минбаъд низ, беш аз пеш, ободу зебо ва мутараққиву неруманд гардад.

 

Саид ҒОИБНАЗАРЗОДА,

директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии

давлатӣ ва хизмати давлатии Академия,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Похожие записи