ИСТИҚЛОЛ – ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ТАЪРИХӢ

dushanbe-shahr

Истиқлоли давлатӣ барои мо аз ҷумлаи арзишҳои беназире ба шумор меравад, ки 30 сол муқаддам миллати шарафманди тоҷик баъд аз ҳазор соли парокандагӣ ба он мушарраф гардид. Баъд аз садсолаҳо бори дигар миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳёи суннатҳои аҷдодии давлатдориро ба даст оварда, Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр ва ташаббускори сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.

 

Истиқлол таъминкунандаи пешрафти тамоми самтҳои фаъолияти ҳар як давлату миллат ба шумор меравад. Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ, халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, асъори миллӣ ва Конститутсия гардид. Ҳамчунин, Истиқлоли давлатӣ ҳувияту худшиносии миллии мардуми тоҷикро дучанд намуда, барои тақвияту густариш пайдо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, рушду инкишоф, пешрафт ва шинохти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи пойдор фароҳам овард.

 

Ҳоло ки мо дар партави сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат бо вусъат бахшидани корҳои созандагӣ ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ наздик мешавем, гузаштаи давлатсозии навинамон пеши назар меояд. Чун ин давраро дар хотироти хеш варақ мезанем, бори дигар ба ёд меояд, ки дар ибтидо давлати соҳибистиқлоли тоҷик вазъи ногуворе дошт ва имрӯз бо файзу хиради Президенти маҳбуби мамлакат як кишвари рӯ ба рушд ва соҳибэътибор дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.

 

Халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии азалии худ тавонист оташи ҷанги дохилии таҳмилиро хомӯш намуда, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ устувор гардонад. Дастовардҳои назарраси кишвар дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ шаҳодати равшани он аст, ки халқи тоҷик бо ҳиммати баланди созандагиву фарҳангпарварӣ ва инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ҳама гуна мушкилотро паси сар намуда, ҳамеша ба сӯи пешрафт ва ба хотири ободиву тараққиёт кӯшиш менамояд.

 

Тибқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 сиёсати давлат дар таъмини пешрафти минбаъдаи кишвар ба афзалият ва самтҳои асосии расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз қабили таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, инчунин, вусъати шуғли пурмаҳсул равона мегардад. Истиқлоли давлатӣ заминаи асосӣ ва ҳуқуқиро ҳамчун субъекти байналхалқӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овард.

 

Сиёсати дарҳои кушода дар солҳои соҳибистиқлолӣ дурустии раванди худро исбот намуда, барои мавқеи Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир мустаҳкам намудан мусоидат кард. Дигар омили муҳимми пойдории истиқлоли ҳар як давлат рушди илму маориф, бахусус, илмҳои дақиқ, татбиқи дастовардҳои технологиву инноватсионӣ ва навовариву ихтироъкорӣ аст. Дар баробари ин, таваҷҷуҳ ба тарбияи мутахассисони дорои донишҳои муосир, насли ҷавони соҳиби одобу ахлоқи намунавӣ, ватандӯсту соҳибмаърифат афзалияти кор аст, ки мо дар ин замина, қадамҳои устувор гузоштаем. Ҳоло зарур аст, ки забону фарҳанг, расму оин ва суннату анъанаҳои миллии худро пайваста гиромӣ дорем, аз онҳо ифтихор кунем ва маънавиёти насли ояндасозро бо арзишҳои миллати куҳанбунёдамон тавсеа бахшида, зеҳну шуури онҳоро аз олудашавӣ ба унсурҳои бегона ҳифз намоем.

 

Фаромӯш набояд сохт, ки Истиқлоли давлатиро миллати фарҳангиву тамаддунофари тоҷик ба осонӣ ба даст наовардааст ва барои расидан ба он заҳмату талошҳои зиёд масраф шудааст. Аз ин рӯ, бояд бо шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо, сулҳу субот, фазои озоду осоишта, шароитҳои мусоиди муҳайёкардаи Ҳукумати кишвар, ғамхориҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар пешрафту рушди ояндаи босаодати Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.

 

Фаромӯз ҒАЮРОВ,

сардори шуъбаи умумии Академия

Похожие записи