ИСТИҚЛОЛ – ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

-Даврон-Ҷурахон-scaled-e1604554183362-1024×683

Ҳар боре дар бораи давлатдорӣ ҳарф мезанем, бояд бидонем, аввалин арзише, ки ҳастии давлатро муайян ва таъмин мекунад, истиқлол ва озодию ягонагист. Дар эъмори давлат ва давлатдорӣ соири арзишҳои дигар аз соҳибистиқлолӣ маншаъ мегиранд. Ба гунаи дигар, ҳар миллат то замоне, ки истиқлоли куллию комили марзию ҳудудиро соҳиб набошад, наметавонад, аз боби давлату давлатдорӣ ҳарф занад. Яъне, эҳёи тамоми арзишҳои давлатдорӣ замоне сурат мегиранд, ки истиқлолу ягонагӣ ҳукм ронад. Гузашта аз ин, ҳувияти ватандорӣ, ободонию созандагӣ, рушду инкишофи соҳоти мухталифи хоҷагии халқ, татбиқи қонуну қарорҳо, фаъолияти шохаҳои ҳокимият, дурнамои давлатдорӣ ва амсоли ин маънии аслии худро замоне пайдо мекунанд, ки истиқлолу озодӣ дар давлат таъмин бошанд. Аз ҳамин нуқтаи назар истиқлол чун арзиши волотарин заминагузор ва такондиҳандаи ҷанбаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, маънавии ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад.

 

Ҳамагон медонем ва аз таърихи ғаниамон огоҳ ҳастем, ки миллати тоҷик собиқаи бойи давлатдорию давлатсозӣ дар гузаштаи худ дошт. Ҷаҳони мутамаддин низ эътироф намудааст, ки миллати тоҷик таърихи тӯлонӣ, густурдаву куҳанбунёд дошта, дар таърихи башарӣ нақши тамаддунофар ва созандагии худро собит намудааст. Гузаштаи миллати тоҷик ва тамаддуни давлатдории он аз қаъри таърих ибтидо гирифта, ҳазорсолаҳо ба аҳли башар паёми дӯстӣ, меҳру муҳаббат, илму маориф, ақлу хирад, зиракиву заковат ва фарҳангу маданиятро илқо намуд ва ба наслҳои оянда ба мерос гузошт.

 

Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Истиқлолияти давлатӣ на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, блаки санаи эҳёи истиқлолияти давлати тоҷикон мебошад”. Воқеан, мо аз гузаштаи пурғановати хеш бармало воқиф ҳастем, ки миллати тоҷик дар масири таърих бо давлатдорӣ ва сохтори мутафовити идоракунии марзию дохилӣ ҳамто надошт. Вале як муддати тӯлонӣ миллати тоҷик аз давлати худ ҷудо гардида, дар тӯли таърих ба шебу фароз, муборизаҳои беамон, созандагиву бунёдкорӣ, ба анвои давлатдорӣ дар марҳилаҳои мухталиф рӯ ба рӯ гашта, аз он ҳама печу хамӣ маҳз бо илму хирад ва фарҳанги созандаи хеш поку мубарро ва сарбаландона берун омад. Ин гузаштаи тӯлони собит намуд, ки дар низоми ташаккули давлатдориву давлатсозӣ ҳеҷ як дастоварди аслӣ бидуни соҳибистиқлолии комил арзиши бунёдӣ надорад ва тамоми дастовард, муваффақияту комёбиҳои миллатро танҳо дар партави истиқлол рақам бояд зад.

 

Тоҷик чун миллати бо илму хирад ва дорои фарҳанги ғанӣ ҳамеша аз таърих ва гузаштаи хеш сабақҳо бардоштааст ва маҳз дар заминаи омӯзиш ва нигариш ба он дар ташаккул ва роҳи минбаъдаи худ камар бастааст. Яъне, таърих барои миллати мо дар ҳама давру замон роҳнамои комил ва мояи таҷрибаву ибрат буда, он танҳо барои маълумот ҳосил намудан истифода нагардидааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуқтаро хеле хуб зикр намудаанд: “Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатиро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад”. Миллати тоҷик бо ба даст овардани истиқлоли хеш дар заминаи сабақҳои таърихӣ роҳи оянда ва пешомадҳои давлатии худро дақиқ намуда, дар як муддати кӯтоҳ як кишвари ободу пешрафтаро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

 

Даврони соҳибистиқлолӣ ин гуфтаҳоро бори дигар собит намуд, ки миллати тоҷик дорои хиради воло ва фарҳанги бойи давлатдорист. Ин падида дар кишвари мо пас аз хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ зуҳури дигарбора ёфт ва бори дигар ҷаҳониёнро бовар кунонид, ки тоҷикон чун миллати дорои фарҳанги баланд, ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдат мебошад ва бо хиради волои давлатдории худ, ки аз таърих реша мегирад, метавонанд як давлати пешрафта ва замонавӣ созанд.

 

Лозим ба таъкид аст, дар тӯли таърихи мавҷудияти миллати тоҷик дастоварди бузург ва арзиши волотарин ин Истиқлоли давлатии он мебошад. Истиқлол чун неъмати бебаҳо ва пурарзиш ҳамеша мояи ифтихору сарбаландии ҳар миллат буду ҳаст. Баъди соҳиб шудан ба истиқлол миллати тоҷик ин ифтихори бузургро соҳиб гардид. Тӯли 30 сол мешавад, ки миллати тоҷик мустақил аст. Ба давлату миллати дигаре тобеу пойбанд нест. Ҳуқуқи қабули қонуну қарорҳои худро дораду озод аст. Аз номи давлати худ андеша меронанду онро дар минбарҳои бонуфузу баланд муаррифӣ месозанд.

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ватани биҳиштосои мо истиқлол чун рамзи ҳувият, озодӣ, ифтихор, номус, саодат ва шарти бақои миллати соҳибтамаддун шинохта мешавад. Мафҳуми муқаддаси истиқлол аз он ҷиҳат барои миллати тоҷик рӯз аз рӯз ва беш аз пеш аҳамияти бузургу сарнавиштсоз пайдо мекунад ва пурфурӯғтару пуршукӯҳтар мегардад, ки маҳз дар партави он кишвар ба сӯи шукуфоӣ рӯ оварда, мардум ба роҳи саодати ҷовидона қадам гузошт. Бо шарофати истиқлол озодиву озодагӣ дар кишвар вусъат ёфта, файзу баракот ва фатҳи қуллаҳои мурод болои сари ҳар фарди ватан тулӯи офтобӣ намуд.

 

Ба таъкиди Сарвари маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт”.

 

Самараи истиқлол буд, ки давлати мо дастоварду комёбиҳои мондагори иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва илмию маънавиро шарафёб гардид. Гузашта аз ин, рӯз аз рӯз муваффақиятҳо дар сатҳи баланди давлатдорӣ афзун гардида, зиндагии мардум ҳар лаҳза шоистатар мегардад.

 

Замони буҳрони сартосарӣ тақозо менамояд, ки ҳар давлат нақшаҳои хубу ояндадорро пешбинӣ намуда, дурнамои ҳамгиро ба шарту шароити муосирро тарҳрезӣ намояд. Давлату миллати тоҷик маҳз дар партави Истиқлоли давлатӣ дар аввал се ҳадафи стратегӣ, аз ҷумла раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикиро пешбинӣ намуд, ки ин ҳадафҳо дар маҷмӯъ ба пешрафти тамоми соҳаҳо дар кишвар ба таври бояд мусоидат намуд. Дар заминаи ин ҳадафҳо иқтисоди кишвар рӯ ба рушд намуда, дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузург бунёд ёфта, садҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд.

 

Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард ба монанди “Роҳи мошингарди Бадахшон”, “Нақби Истиқлол”, “Роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб”, таҷдид намудани бунёди неругоҳи бузурги аср – НБО-и “Роғун”, “Сангтуда-1”, “Сангтуда-2” ва садҳои иншоотҳои дигар қадамҳои бузург баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва омили муҳим баҳри ҳамгироии ҷомеа гардид. Баъдан ҳадафи дигари стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар эълон гардид, ки дар заминаи он рушди соҳаи саноат, равандҳои такрористеҳсолӣ, фароҳамсозии устувори иҷтимоӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба роҳ монда шуд. Дар маҷмӯъ дар партави ин чор ҳадаф ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бумбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба амал омада, ҳадафҳои олии стратегии сиёсати давлатӣ давра ба давра амалӣ гардиданд.

 

Бо туфайли Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳрии Тоҷикистон чун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Дар як муддати кӯтоҳ ташаббусҳои Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Аз ҷумла маҳсули ташаббусҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 – даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” ва солҳои 2018-2028 – даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардиданд.

 

Ҳамин тавр, Истиқлоли давлатӣ давлатдории тоҷиконро аз сари нав эҳё намуда, моро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раддаи давлатҳои мустақил озоду сарбаланд намуд ва дар ҳама соҳаҳову самтҳои давлат тараққиёту пешравиҳои назаррасро ба вуҷуд овард. Туфайли истиқлол кишвари мо қабои ҷадид ба бар намуд. Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бешумор буда, ҳар яки он таҳқиқу баррасии ҷудогонаро тақозо мекунад. Чуноне таъкид намудем, дар 30 соли давраи истиқлол соҳаҳои муҳими ҷамъият пурра таҳаввул намуда, ба таври назаррас бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, варзишӣ рушди устувор намуданд. Олимону муҳаққиқон дар самтҳои гуногуни илмӣ таҳқиқоту пажӯҳишҳои густурда анҷом дода, рисолаҳои номзадиву докторӣ, мақолаҳову китобҳои алоҳида рӯи кор оварданд.

 

Хуллас, баъди эҳёи дубораи давлатдорӣ мо, тоҷикон, бо роҳбарӣ ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби давлати озоду пешрафта ва эътирофшуда дар сатҳи ҷаҳонӣ гардидем. Дар ростои ин музаффариятҳо моро зарур аст, ки боз ҳам барномаи бузурги ояндадорро роҳандозӣ намоем ва бештар аз пештар дар таҳкими қасри истиқлоли миллат нақшгузор бошем.

 

Даврон САФАРЗОДА,

ноиби якум, ноиби ректор оид

ба таълими Академия,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Похожие записи

Оставьте нам комментарий