ИФТИТОҲИ КУРСИ САЙЁРИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮИ БАРНОМАИ “РОҲҲОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР МАМЛАКАТ”

photo_2021-06-29_12-06-47

28 июни соли 2021 дар бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз барои сардорони раёсат ва мудирони бахшҳои кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ВМКБ аз рӯи барномаи “Роҳҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат” курси сайёри такмили ихтисос оғоз гардид.

 

Дар ифтитоҳи расмии курс роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Дарвоз Қосимӣ Диловар, муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодиров Зоҳир Қодирович, мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории Академия Додихудоев Раҷабалӣ Муҳаммадиевчи, сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти хизматчиёни давлатӣ Раҷабов Шуҳрат Абдуҷабборович иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Курси сайёр то 30 июни соли ҷорӣ идома ёфта, барои шунавандагони курси мазкур мутобиқи барномаи таълимӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.01.2021), шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва амалисозии Барномаи рушди маҳаллӣ, шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, таъмини амнияти озуқаворӣ дар асоси ҳадафҳои рушди устувор, этикет дар соҳаи хизмати давлатӣ, мутобиқшавии иҷтимоию психологии хизматчии давлатӣ, ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коррупсия ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ: мафҳум ва шаклҳои он, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва амсоли ин машғулиятҳо гузаронида шуд.

 

Дар анҷоми курс баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “Роҳҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат: ҳолат ва дурнамо” пешбинӣ шудааст.

 

Ба шунавандагони курс пас аз гузаронидани суҳбат-санҷиш гувоҳнома тақдим мегардад.

Похожие записи

Оставьте нам комментарий