“КОНСТИТУТСИЯ – ВОЛОҲУҶҶАТИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

photo_2021-11-03_08-28-14

Таҳти ин унвон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиистон бо ташаббуси Созмони ҷавонони донишҷӯёни Академия бахшида ба 27-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

 

Дар мизи мудаввар сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Суфиев Фархат, мудири бахши кор бо ҷавонон Назарзода Алишер, сардори шуъбаи фарҳанг ва рушди итеъдодҳои ҷавон Абдулҳаев Абдулвоҳид, мудири бахши кор бо занон ва духтарон Каримзода Нилуфар ва роҳбари Созмони ҷавонони донишҷӯёни Академия Бердизода Сиявуш иштирок намуданд.

 

Нахуст роҳбари Созмони ҷавонони донишҷӯёни Академия Бердизода Сиявуш чорабиниро оғоз бахшида, доир ба муҳиммияти таҷлили Рӯзи қабули Конститутсия дар мамлакат ибрози андеша намуданд.

 

Ҳамзамон сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Суфиев Фархат тамоми иштирокдорони мизи мудавварро ба ифтихори 27-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, иброз намуданд, ки “Ҳадафи мо аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон мебошад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурахшони кишварамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд”.

 

Сипас доир ба мавзӯи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар тарҳрезии Конститутсияи муосири тоҷик”  мудири бахши кор бо ҷавонон  Назарзода Алишер суханронӣ намуда, аз талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони соҳибистиқлол ёдовар шуд.

 

Ҳамчунин аз ҷониби донишҷӯи курси 3-юми факултети идоракунии давлатӣ, раиси Созмони ҷавонони донишҷӯёни факултет, Маҳмадшозода Маҳмадризо дар мавзӯи “Назаре ба ислоҳот ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлол” маъруза қироат гардида, сабаби тағйиру иловаҳо ба Конститутсия пурра шарҳу тавзеҳ дод.

 

Ҳамзамон, донишҷӯи курси 2-юми факултети дипломатия ва сиёсат, роҳбари бахши ташкилӣ ва коргузории Созмони ҷавонони донишҷӯёни Академия, дар шакли презентатсия дар мавзӯи “Муқоисаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар конститутсияҳои давлатҳои демократӣ” баромад намуда, диққати ҳозиринро ба бартарияти Конститутсияи амалкардаистодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози воло будани ҳуқуқи инсон бо конститутсияҳои давлатҳои демократиро ҳаматарафа таҳлил намуд.

 

Дар қисмати музокирот бошад донишҷӯи курси 3-юми факултети дипломатия ва сиёсат Ҳафизов Абдушукур баромад намуда, оид ба мавзӯъҳои дар боло зикршуда фикрҳои худро иброз намуд.

 

Бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони ҷавонони донишҷӯёни Академия ният дорад як қатор чорабиниҳои илмӣ, маърифатӣ ва фарҳангиро дар сатҳи баланд баргузор намояд.

Похожие записи