КОРМАНДОНИ АКАДЕМИЯ БО МЕДАЛИ ҶАШНИИ 20 – СОЛАГИИ СҲШ САРФАРОЗ ГАРДОНИДА ШУДАНД

photo_2021-11-09_13-51-01

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ва муовини директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Тоҷикистон устоди Академия Шукрона Раҷабова бо қарори Котиботи генералии Созмони ҳамкориҳои Шанхай бо медали ҷашнии 20 – солагии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сарфароз гардонида шуд.

 

Ин мукофот зимни як ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сатториён Матлубахон дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

 

Раёсат ва ҳайати устодону кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дастоварди навбатиро самимона шодбош намуда, дар пешбурди фаъолияти Марказ комёбиҳои тоза хоҳонанд.

Похожие записи

Оставьте нам комментарий