КУМАКИ НАВБАТИИ РАЁСАТИ АКАДЕМИЯ

1

Бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақонаи иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кумакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди  ҷомеа солҳои охир миёни вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба ҳукми анъана даромадааст.

 

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба ятимон, нафарони имконияташон маҳдуд ва ашхоси камбизоат  кумак менамояд.

 

Ин навбат бо роҳбарии Аҳмадзода Зулфия Кабир – ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба дидорбинии шаҳрванд Назарова Ҷ.Х., истиқоматкунандаи шаҳри душанбе, кӯчаи С.Айнӣ 16, ҳуҷраи 11 бо сабабҳои бесарпараст будан ва доштани фарзанди имконияташ маҳдуд бо кумаки якдафъина  рафтанд.

 

Дар ҷараёни вохӯрӣ ноиби ректор аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва Роҳбарияти Олии кишвар дар самти дастгирии ятимону бепарасторон ва камбизоатону барҷомондагон ёдовар шуда, иброз намуд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаи ниёзманд, аз ҷумла ятимону барҷомондагон, шахсони имконияташон маҳдуд ва камбизоатон мавқеи меҳварӣ доранд.

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ятим, барҷомонда, шахсони имконияташон маҳдуд аз лутфу меҳрубонии падаронаи Пешвои ятимпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бенасиб намонда, онҳо ҳамеша таҳти ҳимоя қарор доранд.

 

Роҳбарияти Академия барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кумакҳои моддӣ бо ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва нафарони имконияташон маҳдуд иқдоми мазкурро дар оянда низ роҳандозӣ менамояд.

Похожие записи