КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮИ БАРНОМАИ “СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

IMG_3894

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сардорони раёсатҳо (шуъбаҳо)-и Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва сохторҳои он дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раёсатҳо, шуъбаҳо (бахшҳо)-и Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт дар ВМКБ ва вилоятҳо аз рӯи барномаи “Сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” курси такмили ихтисос оғоз гардид.

 

Имрӯз, 3 май зимни ифтитоҳи расмии он Комилбек Амид Ёрбек – ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидмуродзода Шоиста – муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Зулфия Ҳамид – муовини сардори  хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Маҷидӣ Абдукарим Асрорӣ – сарнозири сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғанизода Ибодат Ғанӣ – директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Дар ифтитоҳи курс Комилбек Амид Ёрбек – ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, зикр кард, ки дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, суботу оромиро халалдор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонид. Дар ҷаҳони мутамаддини имрӯза бошад, коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва ғайра ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтаст. Тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро гиранд. Бинобар он мубориза бо ин зуҳурот ва ҷиноятҳои хусусиятҳои коррупсионидошта аз самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад.

 

Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур дод, ки шаклҳои коррупсия хусусиятҳои хоси худро дошта, дар ҳар сурат онҳо аз порагирӣ то сӯиистифодаи ваколатҳои мансабиро инъикос намуда, ба институтҳои демократӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва арзишҳои волои маънавӣ таъсири манфии худро мерасонад. Бо ин роҳ зуҳуроти коррупсионӣ эътимоди шаҳрвандонро ба адолат ва қобилияти давлатро дар ҳимояи ҳуқуқҳо ва таъмини манфиатҳои қонунии аҳолӣ халалдор менамояд.

 

Курси зикршуда то 8 май идома ёфта, тибқи барномаи таълимӣ барои шунавандагони курс машғулиятҳо вобаста ба сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.01.2021), Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, нақши ҳуҷҷатҳои давлатии стратегӣ дар таъмини муқовимат бо омилҳои коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон”, шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо коррупсия”, мафҳум ва шаклҳои коррупсия, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва амсоли ин иттилоъ хоҳанд гирифт.

 

Дар анҷоми курс баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “Сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсия: ҳолат ва дурнамо” пешбинӣ гардидааст.

Аксҳо

Похожие записи