МАКТАБИ САРВАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САМТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

ҷавонон

Ба мақоми зан дар даврони истиқлолияти давлатӣ он андоза таваҷҷуҳи давлатӣ зоҳир гашт, ки дар ҳеҷ ягон давраи таърихи давлатдории мо, тоҷикон, ба ин дараҷа сиёсати давлатӣ равона нагардида буд. Ин нукта яке аз хусусиятҳои хоси институти давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳатто дар ин масъала – таваҷҷуҳи хосаи давлатӣ ба мақоми зан ва нақши он дар ҷомеа Тоҷикистони маҳбуби мо дар соири кишварҳои пасошӯравӣ дар радаи аввал қарор гирифтааст.

 

Қабл аз ҳама бонувон дар баробари ҷавонон неруи созанда ва бунёдкори ҷомеа буда, ҷиҳати рушду  нумӯи кишвар дар баробари мардон саҳми арзанда доранд ва таҷрибаи таърихӣ нишон дод, ки на танҳо дар тарбияи фарзанд ва ба ин васила ба воя расонидани мутахассисони баландпояи мақоми идораи давлат, балки дар такомули ҳамаи самту соҳа худи бонувон бевосита ширкат карда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

 

Иқдоми тозаи Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ роҷеъ ба баланд бардоштани мақоми занон ва таъмини баробарҳуқуқии зану мард дар ҷомеа ба шумор меравад, ки дар як давраи кӯтоҳ қабул намудани 13 барномаи давлатӣ ва нақшаю тадбирҳо нишони таваҷҷуҳи беандозаи роҳбарияти олии кишвар ба ин масъалаи мубрам аст.

 

Пеш аз ҳама, Пешвои миллат ба масоили таҳкими мавқеи зан дар ҷомеа, баланд бардоштани мақому манзалати зан, таъмини баробарии гендерӣ, зиёд кардани ҷойҳои корӣ барои бонувон ва шумораи занони роҳбар, сайқал додани сатҳи саводнокию маърифати онҳо, пешгирии ҷинояткорию хуруфотпарастӣ дар байни занон, хушунат ва зӯроварӣ дар оила, устувор сохтани институти оиладорӣ, таълиму тарбияи фарзанд ва беҳдошти саломатии модару кӯдак аз диққати зиёд дод, ки ин маром яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

 

Яке аз хусусиятҳои институти давлатдории Пешвои миллат дар самти баландарзиш намудани мақоми зан дар ҷомеа такмили додани худи институти сарварии занон ба шумор меравад, ки то имрӯз дар ҳошияи ин сиёсат яке аз муовинони Сарвазир, вазирон, муовинони раисони кумитаҳо, муовинони раисони вилоят, шаҳр, ноҳия, ҷамоатҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, тиббӣ ва ҳатто мактабҳои миёна аз ҳисоби занонанд.

 

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, ки ин нукта хусусияти дигари институти давлатдории Пешвои миллатро инъикос намуд.

 

Бо дарки ин масъала, ки беҳдошти ҳаёти зан-модар, тарбияи наслҳо, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои занон пойдевор ва таҳкимбахши асосии сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон буда, зан-модар ҳамчун симои идомабахши наслҳо, тарбиятгару созанда ва ободкору маърифатпарвар ба рушди ҳамаҷонибаи ҳар як давлату миллат саҳми босазо мегузорад, Ҳукумати Тоҷикистон симои зани тоҷикро ба сифати чеҳраи сиёсӣ эътироф кард, ки ин вежагии дигари мактаби давлатдории Пешвои миллат ба шумор меравад.

 

Ҳукумати ҷумҳурӣ воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавии ҷомеаро ба инобат гирифта, ҷиҳати  беҳтардошти шароити иҷтимоию иқтисодии занону духтарон ва рушди  маърифати онҳо диққати ҷиддӣ дод.

 

Ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани шумораи ҳарчӣ бештари ҷавондухтарон ва занони бекор (таҳсилоти кӯтоҳмуддат тавассути марказҳои шуғли аҳолӣ), беҳгардонии шароити оилаҳои камбизоат, инкишоф додани сатҳу сифати саводнокии бонувон, бартараф намудани бекорӣ дар байни занон, ташкил намудани захираи кадрӣ аз ҳисоби ҷавондухтарон, тавсеаи ҳамкории онҳо бо ташкилоти ғайриҳукуматӣ ва байналмилалии мустақари Тоҷикистон тадбирҳои судманд андешида шуд.

 

Хусусияти дигари мактаби давлатдории Пешвои миллат дар самти боло бурдани манзалати зан пеш гирифтани сиёсати боло бурдани нақши модар дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва камолоти маънавию ахлоқии фарзанд ба шумор меравад, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи фарзанд дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” далели раднопазири иддаои мост.

 

Ҷиҳати муназзамии фаъолияти занону духтарон ва ҳамоҳангсозии масъалаҳо оид ба фаъолияти онҳо соли 1991 Кумитаи кор ба занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он дар шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуд, ки то ба имрӯз ин ниҳоди ҳуқуқӣ ҷиҳати боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, муназзамии фаъолияти занону духтарон ва ҳамоҳангсозии масъалаҳо оид ба фаъолияти онҳо тадбирҳои судманди амалӣ андешида истодааст, ки ин ташаббус низ яке аз хусусиятҳои институти сарварии Пешвои миллат аст.

 

Агар пас аз Инқилоби Октябр озодии занон нисбатан ба даст омада бошад ҳам, пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ он дар кишвари мо рушд кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бахшида ба  Рӯзи модар иброз дошт, ки: “Модар ягона мавҷудест, ки  инсон  меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро  дар оғӯши гарму  пурмеҳри  худ мепарварад”.

 

Бо назардошти ҳамин нукта маҳз бо ташаббуси Пешгвои миллат дар шароити соҳибистиқлолии кишвар масъалаҳои мақому мавқеи занон дар ҷомеа мазмуни нав гирифта, дар ҷараёни ислоҳот, ташаккули сохтори нави ҷомеа ва навгониҳои мафкуравӣ (ғоявӣ) дар ҷамъият мақоми занон дар ҳаёти сиёсӣ хеле боло рафта, занон нигаҳдоранда ва давомдиҳандаи насли солими миллат муаррифӣ ёфтанд.

 

Соли 2004-ум Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” қабул гардид, ки марҳилаи нави раванди боло бурдани мақоми зан дар кишвари мо буда, паҳлуи дигари мактаби давлатдории Пешвои миллатро ифода намуд.

 

Бояд зикр намуд, ки дар даврони шуравӣ ба мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти муҳим дода мешуд. Аммо дар даврони пасошӯравии мо маҳз бо ибтикори Пешвои миллат ин масъала муҳим арзёбӣ шуда, муаммоҳои гендерӣ ҳаллу фасл шуданд.

 

Дар моддаи 7-и Конвенсия оид ба рафъи тамоми шаклҳои таъбиз нисбати занон сабт гардидааст, ки  “занон ҳуқуқ доранд, дар таҳия ва татбиқи сиёсати ҳукумат ва ишғол  намудани вазифаҳои давлатӣ, инчунин иҷро намудани ҳама вазифаҳои давлатӣ  дар  тамоми сатҳҳои  идораи  давлатӣ  иштирок  намоянд”.

 

Дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ як қатор ташкилоти ғайридавлатӣ низ ҷиҳати расонидани ёрии руҳиву психологӣ ва дастгирии занони ба шаклҳои гуногуни зӯроварӣ дучоршуда, таъсиси системаи таҳсилоти ҳуқуқии занон оид ба муаммоҳои зӯроварӣ фаъолияти худро равона кардаанд.

 

Масъалаи дигаре, ки дар мактаби давлатдории Пешвои миллат боризан ба чашм мерасад, нақши занон дар интихобот аст.

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи ҳуқуқҳои интихоботии занон дар сатҳи конститутсионӣ меъёрҳоро дар бораи баробарҳуқуқии мардон ва занон дар соҳаи мазкур муқаррар кардааст. Тибқи қонунгузорӣ “низоми интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардону занон барои иштирок дар раванди сиёсӣ интихобот ва кафолатҳои онҳоро таъмин менамояд”.

 

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз ҷинс, нажод, миллат, забон, вазъи иҷтимоӣ, вазъи молу мулкӣ ва мансабӣ, маҳалли истиқомат, муносибат ба дин, эътиқод, мансубият ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳо ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро доранд. Агар амиқтар таваҷҷуҳ андозем, дар қонунгузории мо, қабл аз ҳама, “сарфи назар аз ҷинс” омадааст, ки баробарии занону мардонро ифода менамояд. Дар ин ҳошия, имрӯз аз маҷлиси вакилони ҷамоатҳои шаҳру деҳот ифтитоҳ намуда, то ба Маҷлиси Олӣ дар қатори мардон занон низ ба ҳайси вакил интихоб гардида, дар мақоми қонунгузор низ санадҳои ҳифзи ҳуқуқ ва рушди соҳаро эҷод карда истодаанд.

 

Хулоса, маҳз Пешвои миллат пас аз ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ ба мақоми зан ва боло бурдани мавқеи ӯ дар ҷомеа заминаи боэътимод гузошта, то ба имрӯз масъалаи мазкур яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии мост, ки яке аз паҳлуҳои боризи сиёсати Президенти кишварро бозгӯ менамоянд ва метавон онҳоро хусусиятҳои хоси институти сарварии Пешвои миллат номид.

 

Ҷавҳари асосии сиёсати давлатиро ҷиҳати боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа дар даврони истиқлолияти давлатӣ қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ роҷеъ ба баланд бардоштани мақоми занон ва таъмини баробарҳуқуқии зану мард дар ҷомеа, такмили додани худи институти сарварии занон, пеш гирифтани сиёсати боло бурдани нақши модар дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва камолоти маънавию ахлоқии фарзанд,  таъсиси ниҳоди салоҳиятдори татбиқкунандаи сиёсати давлатии манфиатҳои занону духтарон – Кумитаи кор ба занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он дар шаҳру ноҳияҳо ва таъсиси маркази расонидани ёрии психологӣ ва ҳуқуқӣ таҳти унвони “Дилсӯз” дар назди он ва раёсатҳои вилоятии он,  қабули дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳо дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила, ворид кардани моддаи махсус дар Конститутсияи кишвар, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, фаъолгардонии занон ҷиҳати иштирок дар интихобот ва ба сифати вакил интихоб шудани онҳо ташкил намуда, ҳар яке аз ин самтҳо дар алоҳидагӣ вежагиҳои институти сарварии Пешвои миллатро ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа фаро гирифтаанд.

 

Аз ин рӯ, ҳар як зан, духтар ва фарди солимфикри ҷомеаро зарур аст, ки аз ин вежагиҳои мактаби давлатдории Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан бархӯрдор бошад ва ҷавобан ба ин гуна ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат дар рушди ҷомеа, ба хусус тарбияи насли солим ва худогоҳ саҳми арзанда гузорад.

 

Ибодат ҒАНИЗОДА,

директори Донишкадаи такмили ихтисос

ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

 

 

Аксҳо

Похожие записи

Оставьте нам комментарий