МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 29 октябри соли  2021 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Таъсири ҷаҳонишавӣ ба равандҳои сиёсии Тоҷикистон» баргузор менамояд. Дар Конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқони пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар, ҳамзамон мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

 

Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ карда мешаванд:

  • Пешомадҳои нави ҷаҳонишавӣ ва таъсири онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ;
  • Дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ;
  • Масъалаи ҷаҳонишавӣ дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон;
  • Масъалаи таъмини амният ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Худшиносии миллӣ дар масири муқовимат бар зидди ғояҳои террористӣ ва эсктремистӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ;
  • Ҳифзи забони тоҷикӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ;
  • Мавқеи Тоҷикистон дар низоми навини муносибатҳои байналмилалӣ;
  • Ҷаҳонишавӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

ӯМасъулияти хатогии имлоӣ, техникӣ, мазмунӣ ва дигар намуди нуқсонҳо дар матни маъруза ба зиммаи муаллиф вогузор карда мешавад. Матни мақолаҳои иштирокчиёни конференсия, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи замимашуда мувофиқат намуда то 20 октябри соли 2021 пешниҳод мегарданд, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсия нашр карда мешаванд. Бақайдгирӣ ва пешниҳоди мақола ба раёсату кафедраҳои дахлдори кумитаи тадорукот манзур гардида, дар сурати иловагӣ муаллифон метавонанд мақолаҳои худро ба Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ ё раёсати илм ва инноватсия тавассути суроғаҳои pdg.researchcenter@gmail.com ва ilm-innovatsiya.did@hotmail.com ирсол намоянд.

 

Забони баргузории конференсия: тоҷикӣ ва русӣ, англисӣ.

Вақти баргузории конференсия: соати 09:00 (ба вақти Душанбе)

 

Суроғаи мо: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир 33, www.apa.tj.

Кумитаи тадорукот: Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ, раёсати илм ва инноватсия, факултети дипломатия ва сиёсат, кафедраҳои тахассусӣ.

 

E-mail: pdg.researchcenter@gmail.com ва ilm-innovatsiya.did@hotmail.com

Тел.:(+992) 907-70-18-22; 901-43-43-40; 888-22-01-11.

 

ТАЛАБОТ БАРОИ ЧОПИ МАҚОЛА

 

Дар ҳар як мақолаи илмии пешниҳодгардида бояд маълумоти зерин ҷой дошта бошад:

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МУАЛЛИФ/ МУАЛЛИФОН

– насаб, ном ва номи падари муаллиф/ муаллифон (бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);

– номи пурраи мақомот – вазифа, рутба, унвони илмӣ, агар хориҷӣ бошад –  шаҳр, давлат (бо се забон);

– почтаи электронии муаллиф/муаллифон (телефон барои тамоси муҳаррирон).

НОМИ МАҚОЛА

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

КАЛИДВОЖАҲО

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешаванд. Калидвожаҳо ё ибораҳо аз якдигар бо аломати вергул (,) ҷудо карда мешаванд.

АННОТАТСИЯ

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

ОРОИШИ МАТН

Ҳошияҳои саҳифа: 3 см – аз чап; 1 см – аз рост; 2 см – аз боло ва 2 см – аз поён.

Намуди ҳуруф: Times New Roman TJ анд.14; Times New Roman 14 кгл (барои матни русӣ).

Фосилаи камтарини миёни сатрҳо – аз 1.5.

Сархат: 1.25.

Талабот ба матн ва истинодҳои дохили матн: «навъи китобӣ»; бидуни  саҳифагузорӣ; бе кӯчонидани калима аз сатр ба сатр; истиноди библиографӣ ба сарчашма дар дохили матн, бо ишораи рақамҳо дар дохили қавси кунҷӣ: «[1]»ишора карда мешавад. Агар саҳифа дошта бошад: «[1, 12]». Такрори истинод бо ишораи рақами истиноди қаблӣ ва рақами саҳифаи нав меояд.

Барномаи таҳрирӣ: бастаи барномаҳои Microsoft Office – Word 2003 ё Word 2007.

Номи мақола: дар маркази сатр; бе фосила; бо ҳарфҳои калон.

Матн: баробаркунӣ – «аз рӯйи паҳно».

Ҳаҷми мақола: на камтар аз 8 саҳифа (барои мақолаи илмӣ)

 

ШАКЛИ НАМУНАВИИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ ФЕҲРИСТҲОИ БИБЛИОГРАФӢ

МАҚОЛА АЗ МАҶАЛЛАҲО ВА МАҶМӮАҲО

Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.1, мод. 699.

Баҳриддинов С.Э. Доир ба баъзе масъалаҳои назарияи пешгирии ҷинояткорӣ // Идоракунии давлатӣ. 2011. №1. С. 68-72.

МОНОГРАФИЯҲО:

Тарасова В.И. Таърихи  сиёсии Амрикои Лотинӣ: китоби дарсӣ барои мактаби олӣ. – нашри 2-юм. – М. : Проспект, 2006. С. 305-412.

АВТОРЕФЕРАТҲО

Глухов В.А.Таҳқиқот, коркард ва бунёд кардани низоми электронии санадрасонӣ  дар китобхона: Автореф. дисс. … номз. илм.техн. наук. – Новосибирск, 2000. -18 с.

ДИССЕРТАТСИЯҲО

Фенухин В.И. Низоъҳои этносиёсии дар Россияи муосир: дар мисоли минтақаи Қафқози Шимолӣ: Дисс. … номз. илм. сиёсӣ. – М., 2002. С. 54-55.

ШАРҲҲОИ ТАҲЛИЛӢ

Иқтисодиёт ва сиёсати Россия ва давлатҳои хориҷаи наздик : шарҳи таҳлилӣ, апр. 2007 / Акад. Илм. Россия, Пажӯҳиш. иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ. – М. : ПИҶМБ, 2007. – 39 с.

МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯҲО

Бостоншиносӣ: таърих ва дурнамо: маҷ.мақ. Конф. якуми минтақавӣ, Ярославл, 2003. 350 с.

ҲУҶҶАТҲО АЗ ИНТЕРНЕТ

Смертина П. Бонкдорӣ. [Манбаи электронӣ] //URL:http://www.banki.ru/news/bankpress/ (санаи муроҷиат: 12.09.2016).

Похожие записи