МУҚОВИМАТ АЛАЙҲИ ЗУҲУРОТИ МАНФӢ ВА ХАТАРНОК – АМРИ НОГУЗИР

шапка-сайт111-37

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон ҳушдор доданд, ки: “Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Мову шумо тавассути расонаҳои хабарӣ қариб ҳар рӯз мебинем, ки чӣ гуна ҳазорҳо нафар мардуми мусулмон бинобар ноамнии диёрашон хонаву ватани худро тарк карда, дар орзуи як гӯшаи ором ҷони худро дар роҳҳо, сарҳади давлатҳои дигар ва баҳрҳо аз даст медиҳанд. Дидани чунин манзараҳои мудҳиш, хусусан, барои мо бисёр дардовар аст. Чунки замоне кишвари моро низ чун нуқтаи ҷангзада ба маърази тамошои аҳли ҷаҳон мегузоштанд”.

 

Ҷавҳари ин суханронии Пешвои миллат пеш аз ҳама масоили таъмини амнияти давлатдории миллӣ, муборизаи беамон бар зидди гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, душманони алоҳидаи кишвар, ки баҳри манфиатҳои шахсии худ ва хизмат ба хоҷагонашон аз берун ба сӯи Тоҷикистон санги маломат мезананд, бедории миллӣ, зиракии сиёсӣ, худшиносию худогоҳӣ ва таъмини сулҳу суботи кишварро баҳри пешрафту ободӣ дар бар мегиранд. Зеро ҳаводиси чанд соли охир, чолишҳои байналхалқӣ, бархӯрди манфиатҳои ҷаҳонӣ нишон дод, ки зуҳуроти номатлуб, дар мисоли терроризму экстремизм сол аз сол тақвият ёфта, амалҳои террористӣ, ноором намудани авзои ҷомеаи муосир, ба харобазор табдил додани кишварҳои алоҳида, халалпазир намудани амнияти минтақа афзоиш ёфта истодааст. Тибқи ҳисоботҳо ташкилотҳои террористиву экстремистии “Давлати исломӣ”, “Толибон”, “Ихвон-ал-муслимин”, ТТЭ ҲНИ, “Салафия” ва ғайраҳо, зиёда аз 15 миллион аҳолии сайёраро хонавайрон, бесарпаноҳ ва бесаробон намуда, ба муҳоҷири иҷборӣ табдил доданд.

 

Таблиғу ташвиқи ҳадафмандонаи ташкилотҳои террористию экстремистӣ ҳамарӯза даҳҳову садҳо мардону занонро ба доми пурхавф мекашонад ва аз ҳаёти орому осуда маҳрум месозанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чанд соли охир ин раванди хавфзо доираи ҷалби худро тағйир дода, кӯшиш мекунанд, ки ҳарчи бештар ба сафҳои террористию экстремистӣ ҷавононро ҷалб намоянд. Яъне, зарфиятҳоро дар ин самт дигар карда, ба ҷавононикунонии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ диққат зоҳир намудаанд.

 

Ин раванд ҷанбаҳои хатарнокро дар бар гирифта, аз тамоми шаҳрвандон огоҳӣ ва ҳушёрии бештарро тақозо менамояд. Зеро истифодаи неруи ҷавонон дар ҳама самтҳо музаффариятҳоро ба даст меорад. Аммо ин неру бояд тарзе ва дар роҳе истифода шавад, ки ба нафъи ҷомеа бошад. Гузашта аз ин, ҳадаф дар худ хусусиятҳои хос дорад. Яке аз онҳо ин зиёд будани теъдоди ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман шабакаи ҷаҳонии Интернет мебошад. Омори расмӣ нишон медиҳад, ки айни замон зиёда аз 1,6 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон аз сомонаҳои шабакаи Интернет истифода мекунанд, ки тахминан 19%-и аҳолии кишварро ташкил медиҳад. Саркардаҳои гурӯҳҳои даҳшатафкан бо истифода аз ин имконият ҷавононро бо ваъдаву суханҳои пуч фиреб дода, ба воситаи шабакаҳои интернетӣ ба доми худ мекашанд. Яъне, истифодаи оқилонаи Интернет ҳам яке аз роҳҳои мубориза бар зидди терроризму экстремизм мебошад.

 

Дар ҷомеи имрӯза, фазои иттилоотӣ рӯз то рӯз печидаву тираву тор мешавад, аммо ҳаёти ҳаррӯзаи инсонҳо бо технологияи ҷадиду мададрасони рақамию электронӣ ҳамоҳанг шуда, ҷузъи муҳими фаъолияти рӯзмарраи онҳоро ташкил додааст. Гузашта аз ин, навъҳои мухталифи амалҳои террористӣ пайдо шуда, дар фазои иттилоотӣ бо номи кибертерроризм маъмул гаштааст. Бо зуҳури ҷаҳонишавӣ ва пайдоиши технология дар ҳаёти ҷамъиятӣ муҳити дигари иҷтимоӣ бо номи ҳақиқати маҷозӣ шакл гирифатааст. Дар илми муосир зери мафҳуми маҷозишавӣ тасвири дигаргунаи воқеият фаҳмида шуда, дар умум номи фазои киберӣ унвон гирифта, худи мафҳуми муҳити аслиро иваз мекунад.

 

Мисоли одӣ ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ирсоли дӯстӣ намудан ё каси дигарро ба феҳристи дӯстон ворид кардан аст. Дар мадди аввал бо номҳои махфию ношинос ва дар чеҳраи ашхоси дигар воридшуда, мебинем, ки шинохти воқеии дӯстиро барои мо шубҳаовар ва муаммои сарбаста менамояд. Ин раванд маънои онро надорад, ки мо дарвоқеъ дӯсти содиқу барои худ ошноем. Воқеияти замони муосир  дар зеҳни инсонҳо ду тарзи шинохт дорад, ки ин воқеияти аслӣ ва воқеияти маҷозӣ ҳаст. Воқеияти маҷозӣ вусъати паҳншавии технологияҳои информатсиониро инъикос намуда, таҳдидҳои нав ва мушкилоти сарбастаеро низ ба бор овардааст. Ду даҳа пештар қаллобон дар фазои интернет чархида, роҳҳои манфиатбори молиявиро ҷустуҷӯ мекарданд, аммо ин рӯзҳо имкониятҳои фазои маҷозӣ дар дасти бозингарони хатарнок расидааст, ки дар мадди аввал дар сатҳи давлатҳои абарқудрат барои манофеи сиёсии онҳо истифода мешавад.

 

Кибертерроризми муосир вобаста ба миқёси паҳншавӣ, имкониятҳои техникӣ ва оқибатҳои он бо боварии том бартар аз терроризми анъанавӣ ва ҷиноятҳои муташаккил меистад. Барои ҷаҳони муосир ин ҷиҳати масъала доғ аст, ки ҳатто ин навъи терроризм ба таври пинҳонӣ ва пардапӯшона аксаран худро ҷилва дода, давлатҳои алоҳидаро ба сатҳи худ мекашад. Дар ҳаёти воқеӣ бошад, ба сари ягон гурӯҳи ҷиноӣ амалҳои хушунатомез ва ҳаросовари он бор шуда, тафаккури мардумро дар пеши “оинаи каҷнамо” мемонанд. Оинаи каҷнамо, яъне ҳақиқатро дурӯғ, воқеиятро каҷнамо нишон медиҳад. Баъдан ба рабудани маърифат, хирад, ақл ва ҷаҳонбинии доираи объекти мавриди назарашон мепардозанд. Олими немис Ф. Гегел чунин қайд мекунад, ки “агар одамон тасдиқ кунанд, ки онҳо ҳақиқатро (илм, маърифат, равшангароро) наметавонанд аз бар кунанд, нисбат ба имконоти худи онҳо туҳмати ниҳоят сангин аст. Дар ин ҳолат инсонҳо худашон намедонанд, ки чӣ гуфта истодаанд. Медонистанд, он вақт мефаҳмиданд, ки ҳақиқатро аз онҳо рабудаанд.

 

Дар ин замина профессор Ятимов С. хеле бамаврид қайд мекунанд, ки “рабудани ҳақиқат аз инсонҳо, тавре олими маъруфи олмонӣ таъкид кардааст, падидаи ниҳоят ҷиддӣ ва хатарноки асри навин гаштааст. Рабудани ҳақиқат аз одамон, рабудани ақли онҳост. Ба хотири раҳбарӣ, раҳнамоӣ, бандасозӣ – истифода менамоянд. Сабаб ҳамин аст, ки баъзе аз афроди ҷудогона, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, субъектҳои сиёсӣ тавассути дар ғафлати маърифатӣ мондани иддае аз одамон, аз «воқеият»-и ночизи худ идея сохтанӣ ва идеал тарошиданӣ мешаванд. Падидаҳои терроризм, экстремизм, тавлидкардаи “воқеияти субъективӣ” мебошанд. Ин субъектҳо дар доираи ҳудудҳои миллӣ, минтақавӣ ва бадтар аз ҳама глобалӣ мавҷуданд.

 

Ба сифати абзори бениҳоят таъсиррасону маърифаткушу илмситез унсурҳои кибертерроризм дар майдони қудратталабиҳо истифода мешаванд. Агар оид ба кибертерроризми муосир ҳарф занем, метавон пайхас шуд, ки ин падидаи бисёрҷанбаи зиддиҷамъиятӣ буда, дар фазои маҷозӣ (Интернет, технологияи информатсионӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои компютерӣ) барои ҳаёт ва саломатии инсонҳо оқибатҳои вазнин эҷод менамояд. Ин гуна таҳдидот ба вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, тарсондани аҳолӣ, хароб намудани инфрасохтори муҳим, иғвоангезии хусусияти ҳарбидошта, эҷоди ваҳм, таъсири сахти психологӣ ба аҳолӣ, резонидани обрӯи ходимони сиёсию ҷамъиятӣ, барангехтани кинаву адовати маҳаллӣ, миллӣ, динӣ ва давлатӣ, мағзшӯии афроди алоҳида, манқуртсозии категорияи муайяни шахсон, тахриби шабаки компютерии объектҳои муҳимӣ ҳарбӣ-объектҳои атомӣ, силоҳҳои кимиёвӣ ва биологӣ оварда расонда, мақсадҳои сиёсӣ дар ин ҷо хеле моҳирона истифода мешаванд. Ҷаҳони имрӯза ин давраи бархӯрдҳои фановарӣ ва андозанамоии бартариятҳои техникӣ арзёбӣ шуда, дар меҳвари ин гуна тазодҳо маърифати техникӣ ва фанҳои риёзию барномавӣ афзалияти зиёд пайдо кардааст.

 

Бо зикри ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба халқи кишвар муроҷиат карда, иброз намуданд, ки “кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд. Ин вазъият самаранокии мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосирро, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро тақозо менамояд, коҳиш дода, баръакс, боиси пуштибонӣ ёфтани гурӯҳҳои террористиву ифротгаро аз ҷониби баъзе доираҳо ва истифодаи ин неруҳои даҳшатнок ба муқобили минтақаву давлатҳои алоҳида мегардад”.

 

Тавре аён аст, ба масъалаи ҷиноятҳои киберӣ ишора шуда, ҳолатҳои ногувору хатарбори он низ зикр гардидаанд. Дар ин росто ва вазъи геосиёсию амниятии ҷаҳон суоли матраҳ ин мешавад, ки “оё он афроде, ки дар ҷангҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷ иштирок намуда, ба сафи ташкилоти террористии “ДИИШ” пайвастанд, магар баъди сарнагуну заиф шудани қудрат таслим мешаванд?”. Ҳаргиз ин тавр нест. Майдони нави муҳориба ва дастёбии аъмоли нопокашон ин фазои маҷозию ҷангҳои киберӣ мешавад. Аз дирӯза даҳчанду садҳо маротиба дар ин фазо мақсадҳои муғризонаву иғвоангези худро роҳандозӣ мекунанд.

 

Гузашта аз ин ҳама ТЭТ ҲНИ низ бо такя аз пуштибонии доираҳои муайян аз ин фазои маҷозӣ истифода карда, қудрати набудаю кӯчаки худро чунон вонамуд мекунанд, ки ҷавонон дар каҷфаҳмию чоҳи нотавонбинишон биафтанд, ки пайваста  ҳақиқатрабоӣ намуда, дурӯғпардозӣ пеша карда, фазосозии дурӯғине гӯё бунёд менамоянд.

 

Дарвоқеъ, ҷаҳони муосир қоидаҳо ва қонунҳои нави ҳаётро бозгӯ менамояд. Бо пайдоиши технологияҳои рақамию электронӣ, ҳамгироии наздики башарият, робитаҳои фосилашикан ва системаи информатсионӣ-коммуникатсионӣ, ки ҷузъи муҳими фаъолият гаштаанд, бо таҳдидҳои болозикр дар як раванд меистанд. Дар шароити шиддатёбии муносибатҳои байналмилалӣ, шикасти ҷаҳони якқутба ба пайдоиши ҷаҳони бисёрқутба яроқҳои киберӣ яке аз механизми зиддиятҳои глобалӣ табдил ёфтааст. Аз он вобаста ҳаст, ки кадом давлат ҳарчи зудтар технологияро азхуд карда, низоми пурзӯри муҳофизат аз кибертерроризм ва зиддикибериро бунёд менамояд. Ва нафақат амнияти миллии кишварҳои алоҳида, балки тартиботи ҷаҳонӣ дар сайёра вобастагии амиқ дорад.

 

Раванди пурхатари замони кунунӣ аз ҳар яки мо дарки баланд ва фаҳмиши ҳамаҷонибаро тақозо менамояд. Зарур аст, ки мо ҳамеша бо ҳам бар зидди гурӯҳу ҳаракатҳои даҳшатзо мубориза барем. Бояд донем, ки ҳадафу мақсади гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷуз ҷангзада кардани минтақаҳо, хонавайрон кардани оилаҳо, бесаробон намудани кӯдакон нақшаи дигаре надоранд.

 

Аз ин рӯ, мо бояд дар сарнавишти худу ҳамватанони худ бетараф набошем. Сатҳи огоҳии худро боло бурда, бар зидди ҳама гуна гурӯҳҳои даҳшатафкан муборизаи беамон барем. Бояд ҳар як шаҳрванди кишвар дар пешгирии ҷавонон аз доми таблиғгарони куштору хунрезӣ, зӯроварӣ ва расонаҳои кӯмакрасони онҳо бетараф набошад. Зеро муқовимат ва мубориза бурдан алайҳи ҳама гуна зуҳуротҳои манфӣ ва хатарнок, ки ба амнияти давлатдорӣ ва сохтори конститутсионии мо таъсир мерасонад, вазифаи ҳар шаҳрванди кишвар мебошад.

 

Фаридун ИСМАТУЛЛОЗОДА,

сардори шуъбаи магистратураи Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий