НАЗАРЕ БА ЧАНД ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

нАҶИБУЛЛО

Истиқлоли давлатӣ бузургтарин неъмат ва дастоварди беназири миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Баъди ба даст бо овардани истиқлол бо сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар, махсусан бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои ҳаётан миҳимми хоҷагии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.

 

Истиқлоли барои миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик, ки созандагиву бунёдкорӣ мароми ӯст ва номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд, падидаи бемислу боазамати таърихӣ, рамзи соҳибдавлатию ватандорӣ мебошад.

 

Бо Эъломияи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷиҳати аҳамияти худ дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон расман истиқлол ва соҳибихтиёриро дода бошад, пас Созишномаи умумӣ дар Ватани мо сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллиро таъмин намуд. Суботи ҷомеа сулҳ ва ваҳдати миллат самараи аввалин ва муҳимтарин дастоварди бузурги истиқлол мебошад. Эҷодкори ин фарҳанг, меъмори асосии бинои сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон эътироф  гаштааст.

 

Дар давоми  30-соли соҳибистиқлолӣ дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағиротҳои куллие ба амал омаданд. Конститутсия ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ қабул карда шуд. Ин санади тақдирсоз аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллӣ мебошад.

 

Дар Конститутсияи Тоҷикистон ба бунёди ҷомеаи адолатпарвари иҷтимоӣ диққати махсус дода шудааст, зеро иҷтимоиёт чун ченаки устуворӣ ва пойдории давлат эътироф шуда, он дар пешгирии беадолатиҳо дар муносибатҳои ҷамъиятӣ дар мустаҳкамшавии қонуният ва пойдории адолат хизмат мекунад.

Дар татбиқи ин меъёрҳои конститутсионӣ ва хуб ба роҳ мондани фаъолияти соҳаҳои давлатӣ, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон таваҷҷуҳи хосса дода, дар ин бобат даҳҳо санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки онҳо дастовардҳои даврони соҳибистиқлол мебошанд.

Татбиқи Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Қабули Барномаи Стратегияи кам кардани сатҳи камбизоатӣ, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, қабули Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, шомил гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташкилоти умумихалқии савдо, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ғайраҳо, ки ба баландшавии сатҳи зиндагии шаҳрвандон мусоидат менамоянд, аз ҷумлаи дастовардҳои замони истиқлол дар самти қонунгузорӣ маҳсуб мешаванд.

 

Дастоварди дигари даврони истиқлол ин ба вуҷуд овардани рӯҳия ва муҳити озод дар ҷомеа, яъне таъмини бузургтарин ҳуқуқҳои инсонӣ-озодии сухан, озодии виҷдон, гуногунандешӣ, фаъолияти озодонаи ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма мебошад, чунки ташаккули ҷомеаи демократӣ бе ин падидаҳо ғайриимкон аст.

 

Имрӯз бо камоли ифтихор ва сари баланду рӯи сурх гуфта метавонем, ки мо ҳамчун давлат, давлати миллӣ ва соҳибистиқлол ташаккул ёфтем. Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба ҷомеаи мутамаддини демократӣ бо ҳуввият, арзишу анъанаҳо ва чеҳраву симои хоси миллии хеш, ҳамзамон бо дастоварду комёбиҳо ва бозёфтҳои фарогири фарҳанги башарӣ ворид гардид.

 

Бо боварии комил метавон изҳор намуд, ки мо мардуми баору номуси халқи тоҷик бо меҳнати софдилона ва азму иродаи қавии худ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу сарсабз менамоем, шӯҳрати онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, дар бунёди ҷомеаи адолатпарвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми босазои худро мегузорем ва бо ҳамин роҳ сарнавишти таърихии халқамонро, ки аз истиқлол ва ваҳдати ҷовидона ибтидо мегирад, сарбаландона идома медиҳем.

 

Наҷибулло РАҲИМЗОДА,

муовини декан оид ба корҳои тарбияии

 факулети дипломатия ва сиёсати Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий