Шамсуллозода Шукрулло
Директори Пажуҳишгоҳ
Тел.: +992 934-52-66-66
E-mail: shamsullozoda81@mail.ru
Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020, №1463 ҳамчун сохтори алоҳида ва мустақили Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, расман ба фаъолият шурӯъ намуд. Пажӯҳишгоҳ дар доираи ваколати худ фаъолияти илмӣ, тадқиқотӣ ва таҳлилиро вобаста ба равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ ба анҷом мерасонад.
Дар Пажӯҳишгоҳ чунин марказҳои омӯзишии зерсохторӣ қарор гирифтааст:
- Маркази омӯзиши масоили ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ;
- Маркази омӯзиши афкори иҷтимоӣ ва равандҳои сиёсӣ;
- Маркази муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ;
- Маркази пешгирии хушунати хонаводагӣ.
Ду Маркази аввал заминавӣ буда, бояд пажӯҳишҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ғоявӣ-назариявиро анҷом диҳанд, ки аз номи марказҳо проблематикаи онҳо бармеояд.
Ду Маркази охир бо назардошти лоиҳаҳо ва ҳамкориҳои роҳандозишудаи Академия бо ташкилотҳои давлатию байналмилалӣ таъсис ёфтаанд, ки ҳоло хислати муваққатӣ доранд. Гарчанде проблематикаи ин ду Марказ дар ҷомеаи имрӯза мубрам арзёбӣ мешавад.
Инчунин, дар зерсохтори Пажӯҳишгоҳ минбаъд мумкин аст дар мавзӯъҳои дигар марказу лоиҳаҳои нави хислати муваққатӣ дошта таъсис дод.
Мақсади асосии фаъолияти Пажӯҳишгоҳ пешбурди фаъолияти таълимӣ, таҳлилӣ, мустаҳкамнамоии таҳкурсии илмӣ ва тадқиқоти назарӣ-амалӣ мебошад. Пажӯҳишгоҳ ҷиҳати расидан ба мақсади худ вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
– коркард, ҷамъоварӣ ва таҳияи маводи илмӣ оид ба падидаҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ дар сатҳи муосири илмию техникӣ;
– омӯзиш, таҳлил ва пешниҳоди хулоса оид ба падидаҳои сиёсӣ ва сиёсатшиносӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ дар асоси методҳои илман асоснокшуда;
– коркард ва таҳияи лоиҳаву барномаҳои илмӣ, тадқиқотӣ ва ҷамъиятӣ ё иштирок дар онҳо ҳамчун узви мустақил;
– ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо мақомот ва муассисаҳои давлатӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ;
– таъмини ҳамкорӣ ва алоқаи илмӣ бо муҳаққиқон оид ба мавзӯъҳои илмӣ ва таъмини сифати баланди ҳифзи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти сиёсатшиносӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ;
– ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати дарёфти грант ва сарчашмаи маблағгузорӣ баҳри татбиқи лоиҳаву барномаҳои илмӣ, тадқиқотӣ ва таҳлилӣ;
– таъмини назорат аз болои иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳои илмию тадқиқотӣ тибқи мушаххасоти техникӣ ва барномаҳои тасдиқшуда;
– ташкил, гузаронидан ва иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ-сиёсӣ;
– коркард ва таҳияи китобҳои дарсӣ, модулҳои таълимӣ ва дигар маводи чопӣ ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеаи шаҳрвандӣ;
– иштирок ва пешбурди корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ;
– ташкил ва гузаронидани семинар, конференсия, мизи мудаввар ва симпозиюмҳо вобаста ба мавзӯи самти фаъолияти худ;
– ҳамкорӣ, дастгирӣ ва додани тавсия ба донишҷӯёну муҳаққиқони илмӣ оид ба корҳои илмии ба сиёсат, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ алоқамандбуда.