НАҚШИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

IMG_8090

Идоракунии давлатӣ доираи ягонаи доимамалкунандаи батанзимдарории муносибатҳои гуногун аз тарафи давлат ба воситаи татбиқкунии ҳокимияти давлатӣ ва истифодабурдани аломатҳои мустақим ва баръакси субъект ва объекти идора мебошад. Дар ин самт муҳим он аст, ки ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти он воситаҳои гуногунро барои идора, аз он ҷумла воситаҳои иқтисодӣ ва воситаҳои мафкуравиро истифода мебаранд.

 

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 зикр карданд, ки “Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст.

 

Ба шарофати сиёсати “Дарҳои кушод”, ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, мо тавонистем бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, тақвият бахшем”. Ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнмуҳлат ва дарозмуҳлат соли 2016 “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои то соли 2030 қабул карда шуд. Мақсад аз қабули стратегия ин баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҳамчун омили муҳимтарини рушди содирот ва воридотивазкунӣ ба ҳисоб меравад.

 

Бо мақсади мусоидат ба рушди содиротии мамлакат ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо тайи 30 соли охир аз тарафи мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ чорабиниҳои зерин роҳандозӣ шудааст:

 

– азнавсозии сохтории истеҳсолот бо мақсади самтдиҳии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба рушди афзалиятнок ва босуръати корхонаҳо ва ташкилотҳои ба содирот нигаронидашуда ва диверсификатсияи содирот;

– тадриҷан даст кашидан аз тамоили ашёи хомӣ доштани содирот ва рушди мақсадноки соҳаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти дараҷаи баланди коркард;

-ташкили системаи умумидавлатии дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии содирот, ки мунтазам ҷудо намудани маблағгузориҳои молиявию буҷетиро (дар асоси баргардонӣ ва пулакӣ) фаро мегирад;

– ташкили системаи ҳозиразамони қарздиҳӣ барои содирот ва суғурта;

– такмили системаи андозбандӣ, танзими гумрукию тарифӣ ва ғайритарифӣ ҳангоми содирот.

 

Дар даҳсолаи охир фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мумтазам рушд намуда истодааст. Зеро аз рўи маълумотҳои омори расмӣ дар соли 2019 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4523,7 млн доллари ИМА-ро ташкил намуд. Аз ин содирот 1174,4 млн доллари ИМА ва воридот бошад, 3349,3 млн доллари ИМА ташкил дода, аз ин ҳиссаи воридот 74 фоиз ва содирот бошад, 26 фоизро ташкил намудааст. Дар семоҳаи якуми соли 2021 гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба 1,79 млн доллари ИМА баробар гардид, ки нисбати соли 2020 34 фоиз афзудааст. Аз ин ҳаҷми содирот 949,5 млн доллари ИМА ва воридот бошад, 844,5 млн доллари ИМА мебошад, ки нисбати содирот 105 млн доллари ИМА кам мебошад. Ин нишондиҳанда бори аввал дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистони ба ҳисоб меравад, ки ҳиссаи воридот аз содирот кам гардидааст.

 

Барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори содиротии иқтисодиёти мамлакат зарур аст, ки истеҳсоли молҳои рақобатпазири истеъмоли ниҳоиро афзун намоем. Дар ин маврид мо якбора ба ҳалли ду масъала муваффақ мешавем:

а) истеҳсолоти содиротӣ сарчашмаи асосии рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатпазирии он мегардад;

б) баланд бардоштани дараҷаи иштироки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар системаи тақсимоти байналмилалии меҳнат то андозае таъмин мегардад.

 

Барои рушди минбаъдаи сиёсати ба содирот нигаронидашуда моро зарур аст, ки ба пеш аз ҳама барои иҷрои тадбирҳои зерин аҳамият диҳем:

 

– афзун кардани ҳаҷми содироти ҳамин гуна молҳо, аз қабили калобаи пахтагин, афшурдаи помидору шарбати меваҳо, алюминий, нахи пахта, қолину маҳсулоти қолинӣ ва меваи хушку асал;

– афзун намудани содироти нахи пахтаю алюминий бояд якҷоя бо рушди истеҳсолоти коркарди ин молҳо дар дохили кишвар ва гирифтани маҳсулоти тайёр сурат гирад.

 

Барои баланд бардоштани рақобатпазирии маснуоти қолинӣ ва меваи хушки дохилӣ ҷиҳати навсозии фонди асосии корхонаҳои ин гуна маҳсулотро истеҳсолкунанда маблағгузориҳои зиёд лозим аст. Дар акси ҳол ин молҳо аз бозорҳои дохиливу берунӣ умуман танг карда бароварда мешаванд.

 

Барои ноил шудан ба мақсади кам кардани вобастагии иқтисоди миллӣ аз воридоти молу ашё ба мо зарур аст, ки ба масъалаҳои модернизатсияи истеҳсолот ва ҷорӣ кардани технологияи пешқадами замонавӣ бештар аҳамият диҳем. Рушди сиёсати ивазкунандаи воридот бояд дар ду марҳила татбиқ шавад, яъне дар навбати аввал иваз намудани воридоти он молҳое зарур аст, ки истеҳсоли онҳо дар ҷумҳурӣ аллакай ба роҳ монда шудааст ва иқтидорҳои рушди онҳо мавҷуд аст, дар навбати дуюм бошад, бо тадриҷан андўхтани сармояи худӣ бояд барои ташкили истеҳсолоти молҳои таъиноти истеҳсолию техникӣ замина фароҳам оварда шавад.

 

Хулоса, барои баланд бардоштани самаранокии сиёсати истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот ва дар ин замина таъмин намудани амнияти иқтисодӣ моро зарур аст, ки сармоягузориҳоро бо мақсади модернизатсияи истеҳсолоти дахлдор афзун намуда, дараҷаи рақобатпазирии молҳои истеҳсолоти ватаниро баланд бардорем ва ҳамзамон шумораи қувваи кории дар ин ҷараён истифодашавандаро мувофиқи имкон афзун намоем.

 

Афзалшоҳ БОБОЗОДА,

муовини декан оид ба таълими

факултети дипломатия ва сиёсат

Похожие записи

Оставьте нам комментарий