НАҚШИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Аҳмадзода-Зулфия-Кабир-1024×683

Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихиеро фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Истиқлол  ва бунёди давлати миллӣ ба ҳам робитаи пайваста дошта, бидуни ҳамдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Маҳз истиқлол поя ва имконияти бунёди давлати миллиро фароҳам меорад. Бояд қайд кард, ки тамоми дастовардҳои даврони истиқлол бо ному пайкори хастанопазир ва ҷонфидоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи қавӣ дорад. Бидуни муболиға муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон меъмор, бунёдгузори давлати соҳибистиқлол ва миллии тоҷикон ҳисобид.

 

Таъсиси ҳокимияти давлатӣ, шохаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ ва рукнҳои идоракунии давлат дар роҳи таҳкими истиқлол ва бунёди давлати муосири тоҷикон яке аз роҳу василаи муҳим ва калидӣ ба ҳисоб мерафт. Муҳимтарин вазифа дар ин роҳ – ин тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми идоракунии мамлакат буд. Баъд аз барқарор шудани Ҳукумати конститутсионӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки ба барқарорсозии фаъолияти фалаҷгаштаи мақомоти давлатӣ хотима бахшида, ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ба роҳ мондани муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон равона шуда буданд.

 

Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ қабул шудани санадҳо “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шаҳодати он буд, ки ташаккули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон баъд аз Эъломияи соҳибистиқлолӣ аз 24 августи соли 1990 ва Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 ба марҳилаи нав ворид гардид.

 

Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар зарфи се даҳсолаи  истиқлоли худ дар роҳи эҳё ва рушди  давлатдории миллӣ  бо дарназардошти  махсусиятҳои ҷаҳони муосир қадамҳои устуворе гузошта, чандин ҳадафҳои ҷавҳариро дар ин роҳи пурпечутоб ба даст овард. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ,  таъмини амнияти миллӣ ва давлатӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар дар заминаи арзишҳои милиии давлатдорӣ  камари ҳиммат бубандем.

 

Хушбахтона бо заҳмат ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва умуман мардуми меҳнатдӯст ва сарбаланди тоҷик, ин вазифаи таърихӣ иҷро гашта, давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Маҳз яке аз масъалаҳое, ки барои мондагории чеҳраи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи халқи тоҷик мусоидат намудааст, ҳамин омил мебошад. Зеро баъди ҳазор сол имконияти таърихӣ ба вуҷуд омад, ки тоҷикон бо номи миллати хеш давлати миллиро бунёд намоянд. Бинобар ин Тоҷикистони тозаистиқлол агар дар натиҷаи буҳрони сиёсии солҳои 90-уми асри ХХ давлати миллии худро аз даст медод, ҳеҷ гоҳ насли имрӯзу ояндаи ин миллату давлат моро намебахшид.

 

Инчунин, зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист, ки мустақилона тамомияти арзии хешро ҳифз намуда, умедвории ояндаро дар зеҳни шаҳрвандони кишвар ба вуҷуд оварад. Ҳамзамон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ системаи фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро мукаммал, барқарор ва бунёд намуд. Барои мисол мо метавонем аз барқарорсозӣ ва бунёди Артиши миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар ёдовар шавем. Яъне ҳолати мазкур бе дарназардошти меросбарӣ аз давлати абарқудрати Шӯравӣ ва аз пояи сифр оғоз карда шуд, ки дар ин ҷода низ иродаи қавӣ ва мавқеи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело барҷаста мебошад.

 

Муҳимтарин дастоварди мо дар даврони истиқлол пеш аз ҳама расидан ба Ваҳдат ва оштии миллӣ, таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон, аз парокандагӣ раҳо бахшидани якпорчагии марзу буми аҷдодӣ буд.  Зеро бе ваҳдату якпорчагӣ бунёди давлати озод, амалӣ сохтани орзуву ормонҳои таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои ояндасоз ғайриимкон буд.

 

Масъалаи бунёди мактаби миллии давлатдорӣ, таъмини Ваҳдат ва суботи комили ҷомеаи Тоҷикистон, бунёди зерсохторҳои ваҳдати миллӣ, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистон, эҳё ва меросбарӣ аз арзишҳои фарҳангиву таърихии миллат ва дигар дастовардҳо низ аз муҳимтарин комёбиҳое мебошанд, ки бо азму талош ва ҷонисориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

 

Ҳамзамон таъкид намудан лозим аст, ки хизматҳои Пешвои миллат дар доираи як миллату давлат маҳдуд набуда, балки фарогири ҷомеаи инсонӣ мебошанд. Барои мисол мо метавонем аз чанд масъалаи муҳим, аз ҷумлаи ҳимояи дини мубини ислом дар сатҳи ҷаҳонӣ, пешниҳоди ҳалли масъалаи об дар сайёраи инсонӣ, пешгирии хатари интишори терроризм ва ифротгароӣ дар минтақа ва ҷаҳон ёдовар шавем.

 

Ҳоло бошад, сарфи назар аз ҳама таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, Сарвари давлат ҳамчун роҳбари баркамол дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ Тоҷикистонро чун узви сарбаланди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо камоли масъулият муаррифӣ менамоянд.

 

Яке аз масъалаҳои муҳим ва асосие, ки дар оғози истиқлолият ба миён омад ин интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идоракунӣ, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд.

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустини худ ҳамчун Сарвари давлат роҳ ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро интихоб намуда, дар ин ҷода азму талоши беандоза  намуданд. Сарвари тозаинтихоби давлати тоҷикон ҳанӯз дар Муроҷиатномаи худ аз 12 декабри соли 1992 дар қатори вазифаҳои аввалиндараҷа ҳаллу фасли масъалаҳои зеринро чунин гузошта буданд: “Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан зарур аст”.

 

Таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол – санаи 6 ноябри соли 1994, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат амалӣ гардид ва яке аз аввалинҳо шуда дар фазои собиқ давлатҳои пасошӯравӣ ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуда, аз ҷониби коршиносони хориҷӣ дар қатори панҷ Конститутсияи беҳтарини дунё эътироф гардид. Танҳо ҳамин хизмати Пешвои миллат кифоя аст, ки ӯро чун поягузори Конститутсия ва давлати миллии тоҷикон эътироф намоем. Маҳз Конститутсия роҳи интихоби халқи Тоҷикистонро дар ҷодаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муайян ва мушаххас намуд, онро ба чорчӯбаи қонун даровард ва Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлол ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

 

Қадами дигари хеле муҳим дар роҳи бунёди давлати миллӣ, давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон ин ба вуҷуд овардани низоми нави ҳуқуқи миллӣ ба ҳисоб меравад, тарҳрезии низоми нави ҳуқуқӣ ҳамчун таҳкурсии бинои давлати нав, роҳу василаи эъмори он заминаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ғоявӣ ва дар маҷмӯъ тантанаи демократия, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, фароҳам овардани шароиту имкониятҳо барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид.

 

Ба вуҷуд овардани низоми ҳуқуқи миллӣ бо таҳия ва қабули қонунҳои миллӣ -Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” яке аз дастовардҳои нодир дар роҳи бунёди давлати миллӣ буд, ки маҳз бо ташаббус ва ҳидояти Пешвои миллат қабул гардиданд.

 

 

Низоми ҳуқуқи миллӣ дар Тоҷикистон бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ, ислоҳоти ҳуқуқӣ бо ташаббуси Пешвои миллат аз рӯзҳои аввал аз ҷониби тамоми мардум, давлатҳои мухталиф пазируфта шуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуд.

 

Эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, забон, фарҳанг, дину мазҳаби аҷдодӣ ва дигар арзишҳои миллӣ дар амри таҳкими истиқлоли ғоявии кишвари соҳибистиқлоли мо иқдоми муҳими Пешвои миллат маҳсуб меёбанд.

 

Давлати миллӣ имрӯз ҳам аз ормонҳои миллӣ дифоъ мекунад ва дар роҳандозӣ намудани сиёсати давлатӣ аз онҳо васеъ истифода мебарад. Манзараи имрӯзаи ҳаводиси ҷаҳонӣ, ки бо даргириҳои мусаллаҳона ва ғайриинсонӣ (мафкураи ифротии динӣ-мазҳабӣ, хусусан, исломӣ бунмояи таҳрикоти мухталиф дар асри ҳозир гардидааст) ба назар мерасад, авзои ҷавомеи башариро ноҷур карда истодааст ва ин ҳолат давлатро муваззаф месозад, ки роҳҳои оптималии ҳалли мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, динӣ-мазҳабиро ҷустуҷӯ ва дарёфт намояд. Вобаста ба ноҷур шудани вазъияти сиёсии ҷаҳонӣ, ҳанӯз соли 2004 Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 10-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд: “Давлат ҳақ дорад монеи ҳуқуқии ҳар гуна сӯистифода аз дин аз ҷониби ҳаракатҳои гурӯҳҳои ифротии дохиливу байналмилалӣ гардад. Бахусус, ки имрӯз фаъолияти харобиовари онҳо хатару таҳдидҳои ҷиддиро ба миён оварда, хусусияти глобалӣ пайдо кардааст… Мо ба хотири оромиву субот, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати ягонаву иҷтимоӣ ва таҳкими асосҳои он шароити мусоид фароҳам овардем, то ин ки дар ҷомеаи мо демократия  реша давонда, самара диҳад”.

 

Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад. Миллати тоҷик барои пойдор ва устувор мондани  давлатдории миллӣ ҳамеша дар талош аст ва бо як дасту дили гарм содиқонаю самимона ба Ватан ва  миллат ҳамеша тайёр аст, ки хизмат намояд. Истиқлол ба миллати тоҷик хизматҳои шоёне кардааст, ки халқи тоҷик онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.  Миллати тоҷик якдилона таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аз як гиребон сар бароварда, кӯшиш доранд баҳри хифзи Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сар то сарӣ дар Тоҷикистони азиз, бунёди давлатдории миллӣ, риояи қонунҳои Конститутсия-бахтномаи миллати тоҷик, эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ, эҳтиром ба таърих, забон ва фарҳангу дину мазҳаби аҷдодӣ ва арзишҳои миллӣ, дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, пешгирии хатари терроризм ва ифротгароӣ, таъмини амнияти миллӣ ва давлатӣ саҳмгузор бошанд.

 

Зулфия АҲМАДЗОДА,

ноиби ректор оид ба идеология, тарбия

ва робита бо ҷомеаи Академия,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Похожие записи

Оставьте нам комментарий