НАҚШИ КИТОБДОРИ ҶАВОН ДАР ТАРҒИБИ САРВАТҲОИ ИТТИЛООТӢ

DSC_4732

Таҳти ҳамин унвон 29 октябри соли равон бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китобхонаи давлатии патентию техникӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ семинари ҷумҳуриявӣ доир гардид.

 

Дар семинар директори Китобхонаи давлатии патентию техникӣ Холиков Т.Х., муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маҳмудов Г., муовини директори “Пажуҳишгоҳи илмии тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилзода Ш. иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Дар семинари мазкур Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мудири Китобхонаи илмии Академия Давлатова Р., кормандони китобхона Саидзода А. ва Маҳмадова Н. намояндагӣ намуданд.

 

Семинари омӯзиширо бо сухани муқаддимавӣ директори Китобхонаи давлатии патентию техникӣ Холиқов Т.Х. оғоз намуд. Тазаккур дода шуд, ки китобхона дар ҷомеаи иттилоотӣ ҷои муҳимро ишғол менамояд. Ҷиҳозонидани китобхонаҳо бо технологияи иттилоотӣ–компютерӣ, васоити дигари иртибот ва иттилоърасонӣ ба масъалаи умумидавлатӣ табдил меёбад. Имрӯз иттилоотикунонӣ ва рақамигардонии захираҳои иттилоотӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти китобхонаҳо ба шумор рафта, нуфуз ва эътибори иҷтимоии китобхонаҳоро дар ҷомеа боз ҳам баланд мебардорад.

 

Дар ҷараёни семинар 14 нафар мутахассисони ҷавон аз китобхонаҳои гуногуни ҷумҳурӣ суханронӣ намуданд.

 

Мутахассиси пешбари китобхонаи илмии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Маҳмадова дар мавзӯи “Нақши китобхона дар тарбияи маънавии наврасону ҷавонон ва тарғиби маводи иттилоотикунонӣ” маъруза намуд.

Похожие записи

Оставьте нам комментарий