НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

консттитуися

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарифи мо ҳар сол санаи қабул гардидани ин санади муҳимми тақдирсозро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд, аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар баробари соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсия пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Халқи Тоҷикистон марҳалаи давлатдории ҳуқуқбунёди демократӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодиро дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкории хусусӣ шурӯъ намуд. Давраи мустақили рушди иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар робита бо эҳёи суннатҳои давлатдории ниёгон, истифодаи васеи анъанаҳои миллӣ, мероси ғании фарҳангӣ ва дар заминаи густариши равобити дутарафаву бисёртарафа бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ оғоз шуд. Дар ҷомеа зарурати таърихии интихоби шакли нави давлатдорӣ, низоми мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои дар воқеъ олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ эҳсос мегардид.

 

Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади заминавии ҳуқуқӣ, пойдевори бунёдии иқтисоди давлатӣ буда, дар он асосҳои ҳуқуқии рушди иқтсодиёти давлатӣ муқаррар карда шудааст.

 

Тибқи муқаррароти моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтисодиёти давлатӣ бо асосҳои шаклҳои гуногуни моликият унсури таркибии асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аммо мафҳуми асосҳои иқтисодӣ, ки дар моддаи 12 Конститутсияи замони истиқлол оварда шудааст, хеле васеъ ва дорои мазмуни ғанӣ мебошад. Чунки вай ҳамаи шаклҳои моликиятро эътироф намуда, ягон шакли мушаххаси моликиятро ба сифати асосӣ ҷудо накардааст. Ҳамаи шаклҳои моликиятро баробарҳуқуқ муайян карда, барои инкишофи онҳо озодии васеъ додааст. Конститутсияи амалкунанда давлатро ӯҳдадор кардааст, ки фаъолияти озоди иқтисодиро таъмин ва рақобати солимро дастгирӣ намояд. Давлат зидди ҳаргуна маҳдудгарии фаъолият ва рақобати носолим мебошад, баробарии ҳимояи ҳамаи шаклҳои моликиятро эълон менамояд.

 

Дар замони навин асоси иқтисодиётро маҳз иқтисодиёти бозоргонӣ ташкил медиҳад ва барои фаъолияти мӯътадил ва самараноки он, пеш аз ҳама, фаъолияти иқтисодӣ бояд озод бошад ва сониян ягонагии фазои иқтисодӣ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон таъмин шавад. Яъне, моддаи тафсиршаванда кафолати ҳуқуқии амали принсипҳои номбурдаро ба танзим дароварда, принсипи асосии иқтисодиёти бозоргонӣ – рақобати солимро эътироф намудааст.

 

Дар ташаккули иқтисоди бозоргонӣ давлат нақши асосиро иҷро намуда, пеш аз ҳама, қоидаҳои рафтори озоди иқтисодиро бо роҳи қабули қонунҳо, меъёри фаъолияти иштирокчиёни иқтисодӣ ва хоҷагиро муайян менамояд ва ин меъёрҳо ба ҳамаи иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии иқтисоди озод баробар паҳн мегарданд. Инчунин давлат ҳимояи ҳамагуна муносибатҳои бозоргонӣ ва иштирокчиёни онҳоро ба зиммаи худ мегирад.

 

Дар чунин шароит нақши парлумони касбӣ меафзояд, зеро ҳоло бар ивази ба нақшагирии давлатии иқтисод танзими ҳуқуқӣ ба мадди аввал баромадааст, бинобар ин қабули саривақтии қонунҳои зарурӣ ва танзими фаъолияти иқтисодии шаҳрвандонро талаб мекунад. Диққати асосӣ ба инкишофи ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқ, ки таъмингари иқтисоди бозоргонӣ мебошад, дода мешавад.

 

Меъёри мазкури Конститутсия баробарии ҳуқуқии шаклҳои моликият, эътироф ва ҳимояи баробарии онҳоро кафолат дода, имконият медиҳад, ки барои инкишофи онҳо ҳамаи чораҳо ва воситаҳое, ки қонун манъ накардааст, истифода карда шаванд. Ба воситаи қонунгузорӣ бартарӣ додан ба баъзе шаклҳои моликият ва ё маҳдуд кардани шаклҳои дигар манъ аст.

 

Қайд намудан ба маврид аст, ки таъмини рушди муносибатҳои қитсиодиро метавон дар заминаи на танҳо меъёри моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд донист, дар баробари меъёри мазкур дигар меъёрҳое дар Конститутсия пешбинӣ шудаанд, ки ҷиҳати таҳкими муносибатҳои мазкур заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ гузоштааст. Тибқи муқаррароти моддаи 32 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад. Албатта таҳкими пояҳои иқтисодиёт дар эътироф, ҳифз ва ҳимояи моликияти шаҳрвандон боиси дастгирӣ буда метавонад. Моликияти шаҳрвандон аз ҳисоби даромади меҳнатии онҳо ҳангоми иштирок дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ, хоҷагидории хусусӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, маблағи дар муассисаҳои қарздиҳанда гузошташуда, саҳмия, коғазҳои қиматнок, амволи меросгузошташуда ва дигар асосҳои дар қонун пешбинишуда пайдо мешаванд ва меафзоянд.

 

Давлат тарафдори он аст, ки ҳар як соҳибмулк молу мулке, ки ба ӯ тааллуқ дорад, барои қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ва маънавии худ ва оилаи худ дар доираи меъёрҳои муқарраргардида амалӣ созад, яъне истифода намояд. Ҳар як узви ҷамъият бо риоя намудани манфиати дигарон ҳуқуқи моликияти худро ба амал мебарорад. Тамоми амалиёте, ки соҳибмулк раво медонад, дар доираи талаби қонунҳо ба амал бароварда мешавад. Соҳибмулк метавонад мутобиқи салоҳияташ амалиёти қонуниро анҷом диҳад. Дорандаи ҳуқуқи моликияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳар як шаҳрванд метавонад дар алоҳидагӣ ё бо ҳамроҳии дигарон соҳиби моликият бошад. Инчунин шахсони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ доранд, соҳиби моликият бошанд. На танҳо шахсони алоҳида соҳиби моликият шуда метавонанд, балки шахсони ҳуқуқӣ, корхонаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ ва ғайра метавонанд соҳиби моликият бошанд.

 

Ҳамзамон, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари эътироф ва ҳимояи моликияти ҳар як шахс, инчунин истифодаи самараноки моликияти истисноии давлатро кафолат додааст. Яъне дар муқаррароти моддаи 13 Конститутсия замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳаво, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Аз мазмуни ин маъёр бар меояд, ки ҳар кас метавонад, дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи моликияти истисноии давлатӣ ба намудҳои гуногуни фаъолияти иқтисодӣ машғул шавад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боигариҳои табии хеле зиёд ҳастан, ки метавонад истифодаи самараноки онҳо барои истеҳсолот ба таври васеъ истифода бурда шавад, ки дар умум маҳкаи асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

 

Меҳрангез ЧИЛЛАЗОДА,

сардори шуъбаи музди меҳнат

ва баҳисобгирии Академия

Похожие записи