НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПЕШРАФТУ ТАКОМУЛИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

фарҳанг

Боиси фараҳмандиву қаноатмандист, ки Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун як роҳнамои миллат бо қадрдонӣ кардани фарҳанги миллати худ дар роҳи сохтани як кишваре, ки метавонад пойдор бошад, қадамҳои устувор гузоштааст. Пешвои маҳбуби миллат тавонистанд, ки мо, тоҷиконро чун соҳибу молики фарҳанги воло дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд. Дар аввалин рӯзҳои вазифаи пурмасъулияти роҳбарии давлатро ба дӯш гирифтан, ки Тоҷикистон дар ҳолати нобудӣ қарор дошт ва миллат парокандаву муҳоҷиру сарсон буд, ба ҳамватанони дар ғурбат қарордошта аз минбари баланди ВАО иброз дошта буданд: “…Ба ватан биёед. Шуморо хонаву даратон интизор аст. Ман ба шумо куҳи тилло ваъда намекунам. Танҳо инро мегӯям, ки агар як пора нон ҳам дошта бошем, онро бо ҳам мебинем”.

 

Мантиқи ин даъвати кӯтоҳ дар худ фарҳанги бузургеро нигоҳ медошт. Ин оҳанг аз фарҳанги инсондӯстонаи чандинҳазорсолаи машриқзамин бар меояд, ки саршори ҳикматҳои бузург аст. Ин садо аз олами пурғановати фарҳанг танин дошт ва ин ҷумларо он рӯзҳо фарде гуфта метавонист, ки дар замири дили ӯ оташи фарҳангу маънавиёти баланд ниҳон буд. Пешвои миллати мо аз байни халқи одии заҳматкаш рӯида, тамоми паҳлуҳои давлатсозиву таҳкимбахшии миллатро дарк намуда гуфтанд: “Фарҳанг ҳастии миллат аст”. Ҳамин буд, ки бо ин фарҳанг давлат бунёд карданд, сулҳ офариданд, ваҳдати миллатро таъмин карданд ва баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон аз нав бо ин фарҳанг халқи тоҷикро неруву тавони дубора бахшиданд.

 

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли ҳунару санъат пайваста зери таваҷҷуҳи хоса қарор доранд. Арҷгузориву қадрдонии заҳмату хидматҳои онҳо аз маркази диққати Сарвари давлат дур нест. Бунёди муассисаҳои муҳташами фарҳангӣ, таъсиси ансамблҳои “Шашмақом”, “Фалак” ва таҷлили ҳамасолаи ҷашнҳои “Наврӯз”, “Меҳргон”, “Рӯзи Шашмақом”, “Рӯзи Фалак”, инчунин дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ гувоҳи талошҳову заҳматҳои Пешвои миллат мебошанд. Ҳангоми гузоштани хишти аввалин ва нома ба наслҳои оянда дар бунёди бузургтарин театри замонавӣ дар маркази пойтахт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: “Имрӯз Парлумон ба бинои нав ниёз дорад. Аммо мо сарфи назар аз ин эҳтиёҷот бунёди ин театри замонавиро заруртару муҳим медонем. Зеро ки он моли фарҳангии миллат мешавад.” Ин нукта баёнгари он аст, ки Сарвари давлат фарҳангро дар сиёсати худ муқаддам мешуморанд.

 

Бо эътимоду қаноатмандӣ иброз медорам, ки зери роҳнамоии Пешвои миллат маънавиёту маърифати мардум дар роҳи худшиносӣ ба маротиб боло меравад. Таҷлили солгарду мавлуди фарзандони шоиставу барӯманди миллат, аз қабили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 680 ва 700-солагии олим, шоир ва мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, 100-солагии Бобоҷон Ғафуров, 100-солагии мирзо Турсунзода, 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ, 675 ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ва монанди ин худ як омили бузурги таконбахш дар роҳи баланд шудани маънавиёти ҳамдиёрони мост.

 

Миллати тоҷик таъриху фарҳанги ҳазорсолаҳоро соҳиб аст. Барои шинохти ин таърих санаҳои таърихиву фарҳангии 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоби Бостон, 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 5500-солагии Саразм дар сатҳи байналмилалӣ бо иштироки ҳазорон нафар меҳмонони хориҷӣ ҷашн гирифта шуд. Рушди фарҳангу маънавиёти ҷомеа, асли ҳадафи ин ҳама тасмимҳост. Сарвари давлатамон он шахсияти фарҳангдӯстест, ки дар самти эҳё ва дастгирии анъанаҳои миллии ниёкон аҳамияти хосса зоҳир менамоянд. Эҳёи намунаҳои беҳтарини суннатҳо ва анъанаҳои аҷдодӣ дар замони истиқлол суръати хос пайдо кардааст. Хушбахтона, солҳои охир ҳунари чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кандакорӣ, кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, атласбофӣ, адрасбофӣ, алочабофӣ, намадмолӣ, барёбофӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, косаву қошуқтарошӣ, гаҳворасозӣ, созтарошӣ ва дигар суннату анъанаҳои миллӣ дар қолаби қадимӣ ва шаклу услуби нави миллӣ зинда шудаанду дар пайи рушд қарор доранд.

 

Президенти маҳбуби миллат чун роҳнамои оқили миллат тавонистанд, ки фарҳангро ба як омили таҳкимбахши ваҳдату ҳамдигарфаҳмии ҳамватанон табдил диҳанд. Маҳз бо таъкиду дастури Пешвои миллат сол ба сол дар ҷумҳурӣ шумораи чорабиниҳои фарҳангӣ зиёд мешавад, ки намояндагони ҳама минтақаҳои кишварамонро гирди ҳам меоранд. Ин иқдомҳо чун як мактаби бузурги тарбияи фарҳангии мо, ҷавонон, натиҷаҳои мусбат ба бор меоранд.

 

Хулоса, ин ҳама хидматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки фарҳангро арҷгузорӣ кардаанд. Ин таҳаввулот ба ҳамаи мо, фарҳангиёни ҷавон, умед бахшида метавонад, ки сиёсати фарҳангии Президенти мамлакат давлату миллату марзу буми моро чун сипари тавоно умри ҳазорсолаҳо мебахшад.

 

Сиявуш БЕРДИЗОДА,

мутахассиси пешбари шуъбаи фарҳанг

ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия

Аксҳо

Похожие записи

Оставьте нам комментарий