НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАДБИҚИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

photo_2021-11-18_15-36-28

Ҷаҳони муосир тарзе шакл гирифта истодааст, ки касро водор менамояд, то дар бораи равандҳои муосири сиёсӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар шароити низоми сиёсии олам андеша намояд. Равандҳои муосири сиёсӣ, ки имрӯз бо шиддат дар ҳолати авҷёбӣ қарор дорад, таъсири зиёди манфии худро ба манфиатҳои миллӣ мерасонад. Имрӯз масъалаҳои амалияи ҷамъиятӣ далели он аст, ки муҳандисони низоми нави ҷаҳонӣ, равандҳои муосири сиёсиро ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллии хеш ва умумиҷаҳонӣ намудани арзишҳои миллии худ ва ҳифзу бақои он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, омодаи ҳама намуди қурбониҳо буда, аз байн бурдани патриотизми миллӣ, фарҳангу маданият ва дигар арзишоти давлатҳои миллиро мақсади хеш қарор медиҳанд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати хавфу хатарҳои низоми сиёсии оламро ба манфиатҳои миллӣ ишора намудаанд: «Дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки равандҳои сиёсии ҷаҳонӣ муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем».

 

Мақсаду ҳадафи ниҳоии ҳар як давлату миллат ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими бақодории он буда, он ба сифати унсури ҳайётӣ ва омили меҳварии рӯшди давлатдорӣ пазируфта мешавад. Манфиатҳои миллӣ омили меҳварии рушди давлатдорӣ буда нигаронии тамоми давлатҳо ба он равона шудааст, зеро мавҷудияти давлат, ҳадафу мақсад ва низоми идоракунии он дар асоси ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба роҳ монда мешавад.

 

Дар раванди ташаккул ва инкишофи истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегияи давлатдорӣ қарор гирифтааст. Ҳоло ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба сифати асоси фаъолияти ҳар як давлат баромад менамояд. Пӯшида нест, ки манфиатҳои миллӣ дар низоми илмҳои сиёсӣ яке аз масъалаҳои меҳварӣ мансуб меёбад ва дорои аҳамияти бузурги илмию назариявӣ ва амалию сиёсӣ мебошад.

 

Ҳифзи манфиатҳои миллӣ асоси музаффариятҳои давлатдориро ташкил менамояд. Аз ин лиҳоз, зарурат ба амал омадааст, ки паҳлӯҳои асосии манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намоем, то он аз мадди назари шаҳрвандон дур нагардад: психологияи шахс ва ҷомеа, маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва динии шаҳрвандон, густаришёбии илм ва эҳёи маънавӣ, тараққиёти иқтисодӣ ва бозоргонӣ, мавҷудияти тафаккури солим ва бунёдкорию созандагии кишвар, кафолати давлатии ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти сиёсӣ, амнияти миллӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳифзи ватан ва монанди инҳо ба сифати манфиатҳои миллӣ баромад менамояд.

 

Маълум аст, ки имрӯзҳо дар низоми сиёсии олам давлати муосирро бе хусусиятҳои хоси ташаккул ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ тасаввур кардан ѓайри имкон аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки моҳият ва хусусиятҳои манфиатҳои миллӣ пеш аз ҳама дар талаботҳо ва манфиатҳои даркшудаи давлат зоҳир мегарданд.

 

Дар замони муосир барои ташаккул ва рушди Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ҳифзи манфиатҳои миллӣ нақши бузург дорад. Дар даврони оѓози соҳибистиқлолии мамлакат як қатор монеаҳои ҷидди дар самти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба вуҷуд омаданд.

 

Бояд ёдовар шуд, ки бо ба даст овардани истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили мамлакат равандҳои сиёсӣ, плюрализм, демократияхоҳӣ, фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, ки онҳо даъвои ҳокимиятхоҳӣ карданд, як раванди бенизомиро дар кишвар ба вуҷуд овард. Дар натиҷа майдонишинию намоишҳо ва роҳпаймоиҳои беҳуда миллатро бо гурӯҳҳои бо ҳам муқобил ҷудо кард. Ин ҳолат ба он оварда расонид, ки миллат ба вартаи моҷарои мусаллаҳонаи ҳамватанӣ кашида шуд. Моҷаро паёмадҳои зиёдеро ба бор овард, ки он ҳамчун таҳдид ба манфиатҳои миллӣ гардид ва рушду инкишофи давлатро даҳсолаҳо қафо бурда ба маънавиёт ва ҷони инсонҳо таъсири ҷиддии манфие расонид, ки онҳо ҳаргиз барқарорнашаванда буданд.

 

Дар чунин ҳолати хавфу хатарҳо ва таҳдидҳои пай дар пай Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интиҳоб шуд. Аввалин сухане, ки аз минбари иҷлосия садо дод “Ман ба шумо сулҳ меорам ва мо ҳама бародар ҳастем…”. Мусаллам аст, ки интихоб воқеан ҳамеша ва аз ҳар ҷиҳат ҳам барои марҳилаи кунунӣ ва ҳам барои ояндаи давлати мо нақши сарнавиштсоз дорад. Хусусан барои халқи дар гузашта ранҷдидаи тоҷик, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ лаҳзаҳои фоҷиавиро аз сар гузаронидааст, сарвар нақши ҳалкунанда мебозад. Сулҳу субот дар хонадон, беҳбудии мардум, шукуфоии давлат маҳз аз ҳамин интихоб вобаста буд.

 

Он суханони дар Иҷлосия ироанамудаи раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардум, аз ҷумла ба гурезаҳо, боварию эътимод бахшид. Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон чунин ишора намуданд, ки то як фирорӣ берун аз марзи кишвар аст, ман худро ором ҳис намекунам. Санъати роҳбарӣ, истеъдоди худодод ба ӯ имкон дод, ки амалиётҳои мусалаҳонаро дар минтақаҳои гуногуни кишвар дар муддати кӯтоҳ хомӯш намояд, Тоҷикистонро аз фалокат наҷот диҳад. Халқи тоҷик ва оламиён шоҳиди онанд, ки кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат, заҳматҳо, афкори нав дар ҳаллу фасли проблемаҳо самар дод ва боварии пурраи тарафайн ҳосил шуд.

 

Дар замоне, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ пайкари ватанро месӯхт, ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарӣ ва наҷоти давлат кори босо мушкил буд. Аз ин рӯ, вақте Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешуд, бисёриҳо на танҳо масъулияти сарварии давлат, балки ҳатто масъулияти роҳбарии вазорату идораҳои давлатиро низ ба зимма гирифтан намехостанд.

 

Хушбахона дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ва ҳимояи устувори мардуми шарифи кишвар муяссар гашт, ки ин масъулияти муқаддасу таърихиро ба уҳда гирем ва давлатдории миллиро аз вартаи нестӣ наҷот диҳем.

 

Бояд зикр кард, ки маҳз бо шарофати Пешвои муаззами миллат устувоӣ ва тадбиқи манфиатҳои миллии Тоҷикистон ба миён оварда шуд, ки он арзиши муҳимтарини даврони истиқлол дар таърихи давлатдории тоҷикон арзёбӣ мегардад. Пешвои миллат дар тадбиқи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳаётан муҳим дошта, маҳз талошҳои пайгиронаи он устуворию бақодории манфиатҳои миллии Тоҷикистонро дар системаи муносибатҳои ҷаҳонӣ устувор гардонидааст.

 

Фазлиддин МУЗАФАРЗОДА,

муаллими калони кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқӣ иқтисодии Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий