ОҒОЗИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

IMG_2528

Санаи 21 апрели соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии апрелии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Таҳкими давлатдории миллии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардида, то рӯзи 24 апрели соли ҷорӣ идома меёбад.

 

Кори конференсияро Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон имсол 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо эҳсоси баланди миллӣ таҷлил менамояд. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти  роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ ёфта, сатҳи камбизоати дар кишвар ба тадриҷ коҳиш ёфт.

 

Сипас, дар кори конференсия Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳор, муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок ва баромади пурмуҳтаво намуданд.

 

Ҳамчунин, дар кори конференсия Абдураҳмон Хонов, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Мирзозода Иброҳим Холмурод – Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

 

Дар ҷараёни кори конференсия олимону муҳаққиқони Академия, аз ҷумла Бобоев Олимҷон – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллӣ дар мавзўи “Нақши Пешвои миллат дар созмонёбии зербинои ҷомеаи тоҷик”, Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар – номазади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар мавзўи “Моҳияти иқтисодии стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”,         Сайдаҳмадзода Дилором – номазади илмҳои педагогӣ, директори Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” дар мавзӯи “Нақши низоми давлатӣ дар раванди рушди тарбияи маърифати экологии ҷомеа”, Соибов Зайниддин Маҳмадшарифович – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент декани факултети идоракунии давлатӣ дар мавзўи “Мақсад ва вазифаҳои идоракунии давлатии фаъолияти гумрукӣ дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол”, Қодирзода Далер Сайфулло – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, декани факултети дипломатия ва сиёсат дар мавзўи “Таъсири коррупсия ба раванди идоракунии давлатӣ дар шароити муосир” ва Исматуллозода Фаридун Исматулло – сардори шуъбаи магистратура дар мавзӯи “Масоили таҳсили хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои асосии  такмили он” баромад намуданд.

 

Бояд тазаккур дод, ки дар конференсия олимон, муҳаққиқони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар, ҳамзамон аз мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

 

Кори конференсия санаҳои 21 – 24 апрел дар бахшҳо идома меёбад.

 

 

Аксҳо

Похожие записи

Оставьте нам комментарий