ПЕШВОИ МО – ИФТИХОРИ МО

48657484056_c7534b8051_o

Бузургтарин сарвати ҳар як давлату миллат фарзандони ватандӯст, ватанпарвар, боистеъдод, бофарҳанги он мебошад. Ин қабил фарзандони содиқу фидокори миллат қодиранд, ки дар ҳар давру замон, дар лаҳзаҳои басо ҳассосу сарнавиштсози таърих масъулият ва зимоми умури идораи кишварро ба дасти худ гирифта, сафинаи умеду орзуҳои халқу миллати хешро ба саломат ба соҳили умед бирасонанд. Истеъдод, ҷасорату матонат, дониши мукаммали сиёсии шахсони барҷаста дар ҷорӣ кардани тартибу низом, сулҳу ваҳдат, пешрафту шукуфоии кишвар, беҳбудии рӯзгори мардум намоён мешавад. Нахустин бор пас аз муддати зиёд, баъди Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев ва Ҷаббор Расулов халқи тоҷик соҳиби чунин сарвари сарсупурдаи ватандӯсте чун Эмомалӣ Раҳмон шуд, ки халқи худро ба сӯйи ҳадафи ниҳоӣ, ба ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу беҳбудӣ роҳнамоӣ мекунад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи чунин шахсон буда, яке аз сиёсатмадорони дурандешу хирадманд, ифодакунандаи ормонҳо ва рисолати давраи тақдирсози истиқлоли миллӣ ба шумор меравад. Ӯ дар лаҳзаҳои душвортарини таърихӣ кафолати сулҳ, якпорчагӣ ва ваҳдати ҳақиқии халқҳои Тоҷикистонро бо мардонагӣ ба уҳда гирифт.

 

Таҷрибаи сулҳи миёни тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатхи ҷахонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифт. Ин таҷрибаи таърихии ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани дар ҳудуди як миллион нафар гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттахид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамчун амсилаи (модел) нодири сулҳофаринӣ эътироф гардид.

 

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин сиёсати сулҳофаринии сарвари Тоҷикистонро бо таваҷҷуҳ ба моҳияти фарогиру ояндасози он ба андеша гирифта, навиштааст: “Эмомалӣ Раҳмонов дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ва ин бесабаб нест. Тамоми кӯшишҳои вай аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳу осоиш ҳамоно амиқтар реша меронад ва дар қиёс ба нуқтаҳое, ки вазъияташон муташанниҷ аст, ин комёбӣ ба худ назир надорад. Он чи дар Тоҷикистон ба амал меояд ва рух медиҳад, барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо намунаи ибрат аст”.

 

Истиқрори сулҳу созгории миллӣ, тантанаи ваҳдат ва ҳамгироии мардуми Тоҷикистон, ки ҳосил аз хидматҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи эҳёи миллат ва давлатдории миллист, талошҳои тоҷиконро дар бунёди ҷомеаи демократӣ аз иқтидори азими маънавӣ бархурдор намуд. Бо ҳидояти Сарвари давлат ва ҳузури мубораки ӯ рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ мардуми шарифи тоҷик дар яке аз манотиқи кишвар канори ҳам омада, нишоту шукронаи ваҳдатро ба ҳам қисмат мекунанд.

 

Мардуми тоҷик шоҳиди он аст, ки ин ҳикмат дар мисоли сафарҳои Сарвари давлат ба шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо, ташрифи ӯ ба коргоҳҳои тоза, иншооти азими иҷтимоиву иқтисодӣ, мактабу китобхона, муҷтамаъҳои фарҳангиву фароғатӣ ва ғайра дар ҳаёт татбиқ мешаванд ва ба ҳақиқати он имон овардаанд. Истиқболи самимонаву пурмуҳаббати сокинони ҳама маҳалҳои Тоҷикистон аз ҳузури Президенти мамлакат, ки байни худ ва сарвари худ ҳаргиз садде ё фосилаеро эҳсос накардаанд, далели барҷастаи мардумгаро будани фитрату сиёсати Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз муассиртарин омили ба ваҳдату ягонагии воқеӣ расидани тоҷикон гардид.

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои сарнавиштсози миллати тоҷик аст. Ба шарофати сиёсати бунёдкорона ва созандаи ин абармарди таърихи навин Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргириҳои дохилӣ раҳоӣ ёфта, имрӯз чун давлати соҳибихтиёр дар харитаи ҷаҳон ва ҷомеаи байналмилалӣ мақоми сазовор гирифтааст ва акнун, онро тамоми мардуми дунё мешиносанд ва эътироф мекунанд.

 

Садбарги СОБИР,

Зуҳурова ГУЛАНДОМ,

магистрантони Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий