ПИРӮЗИИ ДОНИШҶӮЁНИ АКАДЕМИЯ ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”

IMG_20210603_152018

Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон -Ватани азизи ман” баргузор гардид.

 

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонони соҳибзавқу соҳибистеъдод муаррифӣ намуда, ба хазинаи дастовардҳои Академия як ҷойи якум ва ду ҷойи дуюм ворид карданд.

 

Аз ҷумла, Муродов Амирҷон донишҷӯи курси 3 –юми ихтисоси идораи давлатии факултети идоракунии давлатӣ аз рӯи номинатсияи “Сарояндагӣ” дар жанри эстрадӣ барои синну соли 18 то 40-сола сазовори ҷои аввал, Шарипов Нозим магистранти зинаи таҳсилоти яксола аз рӯи номинатсияи “Сарояндагӣ” дар жанри эстрадӣ барои синну соли 18 то 40-сола сазовори ҷои дуюм ва Шаҳриёр Ҳабибов донишҷӯи соли 1-уми факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ аз рӯи номинатсияи “Навозандаи академӣ” барои синну соли 18 то 40-сола сазовори ҷои дуюм гардида, соҳиби роҳхат ба даври шаҳрӣ гардиданд.

 

Бояд тазаккур дод, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидани касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлол ҳамасола баргузор мегардад.

Похожие записи

Оставьте нам комментарий