РАМЗИ ОЛИИ ВАТАНДОРӢ

рамзи истиқлол

Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин рӯз барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад.

 

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 29 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем. Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ халқи тоҷик соҳиби Пешвое гардид, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навин миллиамон меноманд. Чуноне Пешвои миллат таъкид намудаанд: “Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”.

 

Қадамҳои аввалини истиқлолият бо ҷанги бародаркуши оғоз гардида, аз ҷониби ТЭТ ҲНИ роҳандозӣ шуда, яксаду панҷоҳ ҳазор кушта, 1 миллион гуреза ва беш аз 10 миллиард зиён ба бор оварда буд. Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд. Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои миллат 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами “Сулҳи тоҷикон”-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.

 

Ҳоло давлати мо дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Иқтисодиёти Тоҷикистон баланд шуда, мо ба кишвари содиркунанда табдил гардидем. Истихроҷи тиллову нуқра, алюминий ва маъданҳои гуногун, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, нуриҳои минералӣ, сементу кабел, истеҳсоли автобусҳои замонавӣ камтарин дастовардҳои истиқлолият мебошанд.

 

Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданашон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масълаҳои глобалии олам ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муаллифи чор ташаббуси бузург мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудаанд: “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”, “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт, 2005-2015” ва “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”.

 

Бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст, ки шабеҳ ба биҳишт мебошад. Бояд ҳамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллати худ ва замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта дар ободонии диёри ҳамешасабз ва хурраму ободу нозанини худ заҳмат ба харҷ диҳем.

 

Анушервон АСОЕВ,

муовини сардори раёсати

робитаҳои байналмилалии Академия

 

Похожие записи