РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ВАТАНДОРӢ

Саидмухторов А (2)

Истиқлолу озодӣ ва сулҳу оромӣ ҳамеша пайки нек дорад. Истиқлоли комили меҳан ва ваҳдату якдилии халқ боис мегардад, ки ҷомеа дар фазои шодию нишот бо орзуҳои неку созанда умр ба сар баранд. Хушбахтона, миллати тоҷик бо соҳиб шудан ба истиқлоли сартосарӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ дар чунин фазо зиндагӣ ва фаъолият доранд.

 

Имрӯзҳо халқи тоҷик дар садади таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ – ҷашни бузурги таърихию муқаддас қарор доранд. Бешак, барои миллати тоҷик Истиқлоли давлатӣ волотарин ва пурарзиштарин дастовард дар таърихи давлату давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро истиқлол ва соҳибдавлатӣ шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқук ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист. Ин дастоварди пурарзиш низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии моро ба вуҷуд овард.

 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбодии худ ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 иброз дошта буданд: “Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Аз ин лиҳоз, ин санаи сарнавиштсоз барои мо муқаддастарин ҷашн мебошад.”

 

Дар воқеъ, маҳз истиқлолу озодӣ барои мардуми тоҷик имконият дод, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳ пеш гиранд. Ин неъмати бебаҳо ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро боло бурд.

 

Тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ Ватани мо – Тоҷикистон дар таҷрибаи давлатдории худ шаклҳои мухталифи давлату давлатдорӣ, низомҳои мавҷудаи сиёсию иқтисодӣ ва арзишҳои тамаддуни миллию умумибашариро омӯхтаю муқоиса намуда, роҳи ҷомеаи адолатпарвару озодандеши ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро пеш гирифт. Дар ин замина, ба мо муяссар гардид, ки як силсила меъёрҳои усулии низоми демократӣ, аз ҷумла асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, принсипи гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти парлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, баробарии ҳуқуқи зану мард, асли озодии виҷдону эътиқод ва ғайраро дар сатҳи Конститутсияи кишвар асоси устувори қонунӣ бахшад.

 

Бо қаноатмандӣ ва хушнудӣ метавон гуфт, ки тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ обрӯю нуфузи кишвари азизамон дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ ба қадри зарурӣ боло рафта, раванди тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба таври назаррас рушд намуд.

 

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт. Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллиамон ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам овардем. Дар як давраи начандон тӯлонии таърих даҳҳо лоиҳаи ҳаётан муҳимми саноативу энергетикӣ ва иҷтимоиро татбиқ карда, ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ ва нақбу пулҳо бунёд намудем, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба манфиати мардуми шарифи Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.” Воқеан, маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ пояҳои давлатдории мо мустаҳкам гардида, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор гардид. Халқи тоҷик ба сӯи дастовардҳои назаррас қадамҳои устувор гузошта, нуфузу эътибори кишварамон дар арсаи байналмилалӣ боло рафт.

 

Дар ин росто барои пойдор ва ҳифзи Истиқлолӣ давлатӣ моро мебояд, бо садоқату вафодорӣ ба Ватани аҷдодӣ ва заҳмати содиқонаву софдилона ба хотири ободии Тоҷикистони азиз, гиромидошти ҳар порча хоки меҳан талош намоем ва  бо тамоми ҳастӣ муҳимияти Истиқлоли давлатиро дарк намоем.

 

Алишер САИДМУХТОРОВ,

мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ

Похожие записи