РУШДИ МАОРИФ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Умарҷон Ҳусейнов

Дар шароити имрӯзаи рушди иқтисодиёти ба дониш асосёфта маориф яке аз омилҳои асосии пешрафти устувори иқтисоди давлатӣ мегардад. Рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маориф, ташкили раванди мураттабу хушсифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён, хулоса, аз сатҳи саводнокии миллат вобаста аст.

 

Дар ҳамаи кишварҳои мутараққии ҷаҳон зиёд намудани сармоягузорӣ ба маориф ҳамчун самти омили рушд ва навсозии сармояи инсонӣ ва баланд  бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хосса медиҳанд. Дар онҳо афзоиши вазни қиёси ҳаҷми маблағгузории маориф дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мушоҳида карда мешавад.

 

Бо назардошти нақш ва аҳамияти маориф дар рушди устувори иқтисоди миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоию иқтисодии худ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

 

Ҳамин тариқ, марҳилаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятноки хароҷоти давлатӣ сармоягузориро барои нигоҳдории низоми таъмини зиндагии шоиста дар назар дорад. Хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф маҳз чунин сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад, зеро рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт бевосита аз сатҳи дониши аҳолӣ вобастагӣ дорад.

 

Ҳаҷми маблағҳои буҷетӣ барои муайян кардани доираи танзими давлатии соҳаи маориф ба сифати яке аз нишондиҳандаҳои асосӣ баромад мекунад. Масалан, дар соли 2020 барои соҳаи маориф 5 миллиарду 689 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он 19,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 5,7 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ  шаклҳои нави муассисаҳои таълимиро ҷорӣ карда, дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон 9 мактаби президентӣ бо фарогирии қариб 8 ҳазор хонанда, 75 гимназия барои зиёда аз 53 ҳазор толибилм ва 71 литсей барои 36 ҳазор хонанда таъсис дода шуд.

 

Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар мамлакат ба 75 ва шумораи шогирдони онҳо қариб ба 90 ҳазор нафар расидааст, ки аз онҳо 32 муассиса дар замони истиқлол ба фаъолият шурӯъ кардааст.

 

Дар ин давра шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор нафар расидааст, шумораи хатмкунандагони замони истиқлол беш аз 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯён, магистрон ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд.

 

Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст.

 

Тибқи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020” солҳои 2014-2019 бояд дар кишвар 859 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ таъсис дода мешуд. Аммо имрӯз дар 153 муассисаи таҳсилоти томактабии кишвар, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, 151 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки ҳамагӣ 15,9 фоизи кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳад.

 

Бо назардошти нақш ва аҳамияти маориф дар рушди устувори иқтисоди миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоию иқтисодии худ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

 

Илова бар ин, дар солҳои охир дар соҳаи маориф як қатор лоиҳаҳои инвеститсионӣ амалӣ шуда, дар донишгоҳ ва донишкадаҳо гузориш ба низоми қарзӣ таҳсилот анҷом ёфт, барномаи компютеркунонии мактабҳои миёна пурра иҷро гардид, имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ барои довталабон ҷорӣ карда шуданд ва асосҳои институтсионалию ҳуқуқӣ фаъолияти муассисаҳои таълимӣ такмилдода шуда, рушди бахши хусусӣ дар соҳаи маориф тибқи барномаи давлатӣ ба роҳ монда шуд.

 

Чӣ тавре ба мушоҳида мерасад, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи маориф дигаргуниҳои назарраси миқдорию сифатӣ ба амал омад, илова бар ин кишварамон дар соҳаи маориф ба стандартҳои ҷаҳонӣ то рафт наздик мешавад.

 

Бояд гуфт, ки дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода намуда барои рушди он маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.

 

Умарҷон ҲУСЕЙНОВ,

муовини декани таҳсилоти фосилавӣ ва

таҳсилоти дуюми олии касбии Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий