СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ АИДНПҶТ ВА ДДМБМ

mgimo-28-06-21_04

28 июн дар Москва мулоқоти Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшинос, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ва муовини ректор оид ба рушди Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи Вазорати корҳои хориҷии Россия (ДДМБМ) – роҳбари дастгоҳи ректор Артём Малгин баргузор гардид.

 

Дар доираи мулоқоти мазкур созишномаи ҳамкорӣ байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва ба имзо расид.

 

Дар мулоқот инчунин муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомон Исматзода ва директори Мактаби тиҷорат ва салоҳиятҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва Анжелика Мирзоева ширкат варзиданд.

 

Тибқи санади имзошуда, ҳамкорӣ дар соҳаи омодасозии барномаҳои таълимии муштарак, сафарбарии академӣ, ташкили таҷрибаомӯзии кутоҳмуддат ва дарозмуддат ва курсҳои бозомӯзӣ ба нақша гирифта шудааст.

 

Ҷонибҳо инчунин доир ба баргузор намудани машғулиятҳои муштараки илмию амалӣ ва нашри китобҳои муштараки илмию таълимӣ ба мувофиқа расиданд.

Похожие записи

Оставьте нам комментарий