ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ – КАФИЛИ ЗИНДАГИИ АРЗАНДА

Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва қабули Конститутсия Тоҷикистон эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоиро заминаи асосии бунёди давлати соҳибистиқлоли худ қарор дод. Мутобиқи қисми сеюми моддаи якуми Конститутсия Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Вобаста ба ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат ва ногузирии танзими ҳуқуқии анъана, ҷашну маросим ба вуҷуд омад.

 

Хусусияти иҷтимоӣ доштани давлати Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки сиёсати дохилии он барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шахсият нигаронида шудааст.

 

Таъмини некӯаҳволии ҷамъият дар асоси адолати иҷтимоӣ ҳадафи асосии давлати иҷтимоӣ аст. Мафҳуми некӯаҳволии ҷамъият дар муҳайё кардани шароит ба меҳнат ва гирифтани музди сазовор барои меҳнат, вазъи хуби манзил ва ғизо, ба ҳама дастрас будани ёрии тиббӣ, маориф, шаклҳои гуногуни иттилоот ва ғайра ифода меёбад. Дар давлати иҷтимоӣ ғамхорӣ ва аҳамият додан ба соҳаҳои муҳими марбут ба фаъолияти оммаи васеи мардум дар мадди аввал аст. Ин соҳаҳо аз он ҷиҳат муҳиманд, ки шаҳрвандон ҳамарӯза бо онҳо сарукор мегиранд, масалан, соҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нафақа, суғурта ва ғайра.

 

Анъана, урфу одат, ҷашну маросим рукни муҳими фарҳанги миллӣ ва боварҳои мардумӣ буда, дар ҳар ҷомеаи озод ва демократӣ ногузирии ҳифзи рушдро мутобиқ ба манфиатҳои халқ ва давлат касб менамояд.

 

Омӯзиши ташаккул ва таҳаввули ҷашну маросим ва анъанаҳо дар масири таърих имкон медиҳад, ки махсусияти низомҳои таърихии ҳуқуқӣ-ҳуқуқҳои одатӣ, анъанавӣ, динӣ ва ҳуқуқҳои воридшуда дуруст баҳогузорӣ гарданд. Ин омӯзиш ҳамзамон имкон медиҳад, ки ҳолат ва хусусиятҳои инкишофи шуури ҳуқуқии халқ, тасаввурот ва ақидаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, қонуният ва хусусиятҳои инкишофи афкори ҳуқуқии халқи тоҷик бомаром муайян карда шаванд.

 

Анъана ва ҷашну маросимҳо барои ба эътидол овардани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи худшиносии миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва ташаккули миллати муосири сиёсии тоҷик нақши асосӣ мебозанд.

 

Муҳаққиқони илми ҳуқуқшиносии муосир қайд мекунанд, ки низоми ҳуқуқи анъанавӣ имрӯзҳо низ қувва ва имкони танзимгарии худро, ки аксари вақт дар баробарӣ ва баъзан дар муқобили меъёрҳои ҳуқуқии давлат зоҳир мегардад, ҳифз карда истодаанд. Бинобар он, рӯ овардан ба танзими ҳуқуқии ҷашну маросимҳо агар аз як ҷониб ҷиҳати мутобиқ ба манфиатҳои халқ рушд кардани онҳо имкон фароҳам орад, аз ҷониби дигар имкон медиҳад, ки низоми ҳуқуқии мамлакат бо воситаҳои нави танзими иҷтимоии нисбатан самаранок ва бо талаботи муосир ҷавобгӯй ғанӣ гардонида шавад.

 

Дар шароити муосир масъалаи дарки низоми амалкунандаи сарчашмаҳои ҳуқуқ, нақш ва аҳамияти ҳуқуқи одатӣ дар ин раванд, таносуб ва ба ҳам таъсиррасонии меъёрҳои анъана ва ҷашну маросимҳо бо ахлоқ ва қонунҳо аҳамияти бештар пайдо мекунад.

 

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8 июни соли 2007, №272 қабул карда шуд, ки қонуни мазкур дар ҳақиқат мардумӣ буда, дар он манфиатҳои табақаҳои  гуногуни аҳолӣ ба инобат гирифта шудааст.

 

То қабули Қонун вазъи гузаронидани маросимҳои мардумӣ бисёр ташвишовар буд. Бо сабаби густариш ёфтани зоҳирпарастӣ ва паст гардидани сатҳи маърифати динии шаҳрвандон бисёр ҷашну маъракаҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ, ки бояд дар доираи хонавода ва наздикон сурат гиранд, ба маъракаҳои пурдабдабаву серхароҷот табдил ёфта, ба манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардум зарари ҷиддӣ ворид менамуданд.

 

Президенти кишвар ҳамчун сиёсатмадор ва стратеги комил ин ҳамаро ҷиддӣ муоина карда, дуруст ва нишонрас қайд кардаанд, ки “Воқеан, қисме аз мардуми мо бо сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад”.

 

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пайванд шудани низоми ҳуқуқи миллӣ ба байналмилалӣ, ки дар натиҷа марз ва фарқиятҳои нозуки миллию фарҳангӣ бештар осеб мебинанд, аҳамияти дучанд касб менамоянд.

 

Ҳамин тариқ, баҳри амалӣ гардидани принсипҳои давлати иҷтимоӣ ва таъмини шароити зиндагии арзанда, ба танзим даровардани анъана ва ҷашну маросим омили муҳим маҳсуб меравад.

 

Шамсиддин ФОЗИЛОВ,

магистранти курси 2

Похожие записи

Оставьте нам комментарий