ТАНЗИМ БАРАКАТИ ЗИНДАГИСТ

0-02-0a-104cb759516a372009522dbc7175924f8fa986e186b3a093def2b7fade2c1d33_1ca1f05

Бо ташаббуси Маркази бонувони фаъоли Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ таҳти унвони “Танзим баракати зиндагист” доир гардид.

 

Сардори раёсати тарбияи Академия Қувватзода С. маҳфилро оғоз бахшида, зикр кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пеш аз ҳама баҳри рафъи мушкилоти зиндагии мардум таҳия гардида, мақсаду мароми он осон намудани рӯзгор, зиндагӣ, ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мардум равона карда шудааст. Ҳамзамон, ин Қонун дар доираи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арзишҳои суннатӣ таҳия гардидааст, ки метавон бечунучаро ин Қонунро қонуни миллӣ номид. Баҳри дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонун пеш аз ҳама омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ, фарҳангӣ, ки бе якдигар рушд карда наметавонанд ва ба пешрафти фарҳанг мусоидат менамоянд, муҳим аст.

 

Мудири бахши кор бо занон ва духтарони Академия Рухсора Давлатова ҳадафи баргузории маҳфилро шарҳ дода, қайд намуд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” як иқдоми хирадмандона буда, ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуд ва дар шароити тезутунди ҷаҳонишавӣ ва буҳрони молиявӣ манфиатҳои мардуми кишварро дар доираи арзишҳои миллӣ, динӣ ва башарӣ ба таври назаррас ҳифз кард. Ташаббускори бевоситаи қабули Қонуни мазкур Президенти Ҷумҳурии Точикистон мебошанд. Ин иқдом дар қонунгузории давлат дар даврони истиқлолият ҳодисаи бемисл мебошад.

 

Устодони Академия дар мавзӯъҳои “Танзими маъракаҳо – танзими зиндагии мо”, “Қонун – танзимгари зиндагӣ”, “Қонуни миллӣ – кафолати зиндагии шоиста” суханронӣ намуда, андешаҳояшонро баён карданд.

 

Пас аз баромадҳо байни иштирокдорони маҳфил суолу ҷавоб сурат гирифт.

Оставьте нам комментарий