ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Суҳайл-Суфиев-770×433

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти махсус зоҳир карда, ба хотири баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон ва дар сатҳи аввал қарор додани таълиму тарбияи онҳо санаи 15-уми июли соли 2004 Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”-ро қабул намудааст, ки қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро муқаррар намуда, принсипҳо ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи истифодаи пурсамари нерӯи зеҳнӣ ва маънавии онҳо, ки ба манфиати ҷамъият равона мешаванд, муайян мекунад.

 

Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ин қишри созандаю бунёдкор қисми зиёди аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд. Онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда, ҳифзкунанда ва муаррифгари фарҳангу мероси аждодони барӯманди халқи тоҷик, иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллату давлат мебошанд.

 

Мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон, сиёсати давлатии ҷавононро ба амал мебарорад, фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шуроҳои ҷавонон, шаҳрвандон, дигар шахсони воқеи ва ҳуқуқиро дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҳамоҳанг мегардонад, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон мутобиқи тартиби муқарраршуда шартнома ва дигар санадҳоро ба имзо мерасонад, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиеро, ки сиёсати давлатии ҷавононро амалӣ мегардонанд, ташкилу таъмин менамояд ва дигар фаъолиятеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ мекунад.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани савияи дониши наврасон ва ҷавонон татдбирҳои муассир андешида, дар ин радиф ҷиҳати босавод гардонидани ҷавонон, бархӯрдор шудани онҳо аз технологияҳои муосир, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва бозомӯзии онҳо  шароити мусоид фароҳам овардааст. Имрӯз дар ҷумҳурӣ як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаъолият карда истодаанд, ки ҷиҳати  баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон ва  дар рӯҳияи ватандустию, хештаншиноси ва худогоҳии миллӣ, тарбия ефтани онҳо мусоидати фаол менамоянд. Бо муҳаё гардонидани шароиту имкониятҳои муосири илмиву техникӣ аз насли ҷавони кишвар  тақозо мегардад, ки  аз ин имконоти илмиву маънавӣ васеъ истифода баранд ва дар оянда бо неруи зеҳнӣ, қобилияти баланди созандагӣ ва донишҳои андӯхтаи худ дар рушду тараққиёти Ватани соҳибистиқлоламон саҳми босазо гузоранд .

 

Тавре маълум аст, яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон ташкил медиҳанд. Сиёсати давлатии ҷавонон имкон фароҳам меоварад, ки ин бахши аҳолӣ ба унвони сармояҳои бузурги инсонӣ барои ободии Ватан ва ояндаи дурахшони хеш қадамҳои устувор гузоранд. Бо назардошти чунин ҳадаф ва дастгири пайвастаи ҷавонон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 низ дар кишвари мо ба тасвиб расидааст.

 

Имрӯз ҷавонони тоҷик дар фазои орому осоишта умр ба сар мебаранд. Барои фаъолият, таҳсил  ва зиндагии осудаи  ҷавонон шароити зарури  муҳайё карда шудааст. Ҷавонон имрӯз шароити лозимро дар ихтиёр доранд, то бо ҳунару истеъдод, маҳорати касбӣ ва донишҳои зеҳнӣ ватани худро бозҳам  ободу зебо гардонанд. Азбаски кишвари мо дар ҳоли рушд аст, таваҷҷуҳ ба техиникаву  техонология, ҳамчун самти асосии таъминкунандаи рушду тараққиёти  мамлакат, рӯз то рӯз бештар мегардад. Дар ин замина табиист, ки такяи давлат ва ҷомеа ба неруи зеҳнии ҷавонон вобастагии зич дорад.

 

Ҳукумати мамлакат ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардонидани онҳо имконият фароҳам меоварад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

 

Суҳайл СУФИЕВ,

корманди Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий