ТАҚДИМИ ДИПЛОМҲОИ АЪЛОИ МАГИСТРАНТОНУ ДОНИШҶӮЁН

IMG_9920

Имрӯз, 24 августи 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони зинаи бакалавриат ва магистратура, инчунин озмуни тақсимоти хатмкунандагони Академия дар соли таҳсили 2020-2021 баргузор гардид.

 

Дар чорабинии мазкур, намояндагони аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД ноҳияи И. Сомонӣ, МИҲД ноҳияи Фирдавсӣ, МИҲД ноҳияи Шоҳмансур, инчунин дигар меҳмонону устодон ва кормандону хатмкунандагон иштирок намуданд.

 

Ректори Академия доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ нахуст ҳамаи хатмкунандагонро табрик намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз як рӯзи хурсандибахш ва фаромӯшнопазир аст: “Пайравони асили Пешвои миллат – дастпарварони ин боргоҳи маърифат нафароне ҳастанд, ки садоқату самимият, эҳтиром ба Ватан – Модар ва пеш аз ҳама ба муассиси Академия -Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд. Шумо аз ҷумлаи нафарони саодатманд ҳастед, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дипломи Академияро мегиред. Аз ин рӯ, шуморо мебояд, бо донишҳои андӯхтаатон аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошед, ташаббусҳои созанда нишон диҳед, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолро ҳифз намоед, ҳамзамон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Ватани маҳбубамон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя кунед ва ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат ба халқу Ватан содиқона хизмат намоед.

 

Баъди суханрониҳо маросими супоридани дипломҳои аъло сурат гирифта, дар вазъияти тантанавӣ ба 55 нафар донишҷӯёну магистрантон дипломҳои аъло супорида шуд.

 

Дар фарҷоми чорабинӣ озмуни тақсимоти хатмкунандагони Академия дар соли таҳсили 2020-2021 баргузор гардида, дар он намояндагони кадрҳо аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД ноҳияи И. Сомонӣ, МИҲД ноҳияи Фирдавсӣ, МИҲД ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуда, хатмкунандагони Академияро ба кор ҷалб намуданд.

 

Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ 537 нафар дар зинаҳои бакалавриат ва магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуданд, ки азӣ ин шумор 55 нафар (10,1%) донишҷӯёну магистрантон бо дипломи аъло хатм намуданд.

Похожие записи

Оставьте нам комментарий