ТАҲЛИЛИ ДАСТОВАРДҲОИ ИҚТИСОДӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Ljcbtd

Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозорӣ танзими иқтисодиётро вобаста ба давраҳои силсилаи иқтисодӣ ва муносибатҳои мутақобилан судманди мамолики хориҷиро роҳандозӣ намуда, бо ин васила кафолати ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандонро мутаносибан ба танзим дароварда истодааст ва сол аз сол вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакатро тавассути дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 мукаммал намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафи асосӣ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум корҳои зиёди назаррасро анҷом додааст.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам дар баромаду вохӯриҳояшон оид ба пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва беҳтар гардонидани некӯаҳволии аҳолии мамлакат, бо дарназардошти ташкил намудани шароити мусоиди созанда барои ҷалби ҳарчӣ бештари сармояи хориҷӣ ва ворид намудани технологияҳои муосир ба кишварамон суханронӣ намуда, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои ба нақша гирифташуда дастуру супоришҳо медиҳанд. Чунин иқдомоти хирадмандонаи Пешвои миллат бояд аз тарафи сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ ва ташкилоту корхонаҳо новобаста аз шакли моликияташон дастгирӣ пайдо намуда, бо мақсади дар амал татбиқ намудани онҳо мунтазам чораҳои самаранок андешида шаванд.

 

Илова бар ин, бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар ба рушди устувори соҳаи саноат диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, саноатикунонии босуръатро ҳадафи чоруми стратегӣ қарор доданд.

 

Ба ақидаи муҳаққиқон соҳаи саноат дар иқтисодиёти ҳар як кишвар нақши муҳим дорад, зеро рушди соҳаи саноат дар таъмини иқтидори захиравии иқтисодиёт ва равандҳои такрористеҳсолии он, фароҳамсозии устувори иҷтимоӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ саҳми босазо мегузорад. Бо дарки ин нуқта, бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар мамлакат солҳои охир даҳҳо корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ, ҳам бо маблағҳои дохилӣ ва ҳам бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд карда шуда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон афзоиш дода шуд. Аз ҷониби дигар, тавассути бунёди ин корхонаҳо даҳҳо ҳазор сокинони кишвар бо кор таъмин гаштанд.

 

Чуноне ки Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд: “Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд, пешниҳод мешавад, ки ба онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар раводиди бисёркаратаи панҷсола дода шавад.”

 

Мусаллам аст, ки ин дастуру супоришҳо барои рушду нумӯи бемайлони иқтисодиёти кишвар равона гардидаанд ва хусусияти башардӯстона дошта, дар баробари ривоҷ додани муносибатҳои иқтисодӣ инчунин барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

Бо мақсади баланд бардоштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва таъмини аҳолии кишвар бо ҷойи кор, инчунин таъмини бехатарии озуқаворӣ Пешвои миллат бо Созмонҳою ташкилотҳои бонуфузи гуногуни байналмилалӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монда, бо ин васила марҳила бар марҳила рушди босуботи иқтисоди миллиро таъмин намуданд.

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз самтҳои асосии ривоҷу равнақ додани афзоиши нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ин истиқлолияти энергетикӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ба шумор меравад, ки ҳадафҳои мазкур таҳти назорати мунтазами Пешвои миллат қарор дошта, дар мавридҳои муайян амалӣ гардиданд.

 

Самти дигаре, ки дар рушди устувори иқтисоди миллӣ нақши назаррасро касб намудааст, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба шумор меравад, ки ин бахши ҳаётан муҳим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Сарвари давлат дастгирии ҳамаҷонибаро дарёфт  намуданд. Бо назардошти ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ ва ҷорӣ намудани имтиёзҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ, ин бахш рушд намуда, дар  баланд гардидани вазъи иқтисоди миллии кишвар саҳми арзанда гузошта истодааст.

 

Чӣ тавре ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ( 26 декабри соли 2019) бармеояд, соли 2019 суръати воқеии ММД 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ҳаҷми умумии даромади буҷет дар соли 2006 1,7 миллиард сомонӣ ва дар соли 2013 ин нишондиҳанда ба 12,2 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт, ки нисбат ба соли 2006-ум беш аз 7 баробар зиёд мебошад. Аз соли 2013 то соли 2019 рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна 7 фоиз таъмин гардида, ММД аз 45,6 миллиард сомонӣ  ба 78 миллиард афзоиш ёфт. Маврид ба ёдоварист, ки тайи ин солҳо ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 дар соли 2019 ба 23 миллиард баробар шуд. Ин нишондиҳанда дар соли 2020 бошад, ба 26 миллиард пешбинӣ гардида буд.

 

Аз нишондиҳандаҳои зикргардида бармеояд, ки ҳаҷми умумии даромади буҷет мунтазам тамоюли мусбӣ дошта, аз 1,7 миллиарди соли 2006 дар соли 2020 то ба 26 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст. Яъне қайд намудан лозим аст, ки иқтисодиёти даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаҳои рушди босубот қарор дорад ва нишондиҳандаҳои зикргардида шаҳодати гуфтаҳои болост.

 

Илова бар ин, қайд намудан зарур аст, ки Хароҷоти буҷети ҷумҳурӣ ба соҳаҳои афзалиятноки аҳолӣ, аз ҷумла соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва соҳаи ҳифзи ииҷтимоии аҳолӣ зери назорати қатъии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, мунтазам ҷудо намудани маблағҳои буҷетӣ ба ин соҳаҳо афзоиш ёфтааст.

 

Вобаста ба ин ғамхориҳо моро зарур аст, ки дар самти тайёр намудани мутахассисони лаёқатманди ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ саъю кӯшиш намоем, зеро барои рушди устувори иқтисодиёти кишвар се омили асосӣ нақши калидӣ доранд. Якум омили инсонӣ, дуюм ворид намудани техника ва технологияи муосир ва сеюм ривоҷу равнақ додани прогресси илмию техникӣ. Зеро ҳамбастагии амиқи илм ва истеҳсолот яке аз омилҳои муҳими рушди босуботи иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад.

 

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамолики Осиёи миёна ва хориҷ аз он мунтазам қавитар гардида, содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба талаботи меъёрҳои экологӣ ҷавобгӯ марҳила ба марҳила афзоиш ёфта истодааст.

 

Дар баробари ин, Сарвари давлат бо мақсади ҳадафи ниҳоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба шумор меравад, дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, се вазифаи муҳими стратегӣ: амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва истиқлолияти энергетикиро мариди эътибор қарор доданд. Бо ҷаҳду толош ва ҳидоятҳои Пешвои миллат ин ҳадафҳо ба пуррагӣ амалӣ гардида, саноатикунонии босуръати иқтисодиёти миллӣ ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ  мавриди амал қарор гирифт.

 

Ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саноатикунонии босуръати мамлакат ба ҳисоб меравад, ҳамчун омили муҳими таъминкунандаи бехатарии иқтисодӣ ва амнияти озуқаворӣ дар рушди босуботи иқтисоди миллӣ саҳми арзанда дошта, ба истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғанигардонии бозори истеъмолӣ мусоидат менамояд.

 

Хулоса, иброз намудан бамаврид аст, ки саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисоди миллӣ ниҳоят зиёд буда, ҳадафҳои ба нақша гирифтаашон зина ба зина оид ба некуаҳволии аҳолӣ амалӣ гардида истодаанд. Илова бар ин, мавриди зикр аст, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан Пешвои миллат барои таъмин намудани шароити гуворо ва беҳтари зиндагӣ барои аҳолии кишвар, ташкил намудани ҷойҳои корӣ ва бо ин васила обод намудани кишвари азизамон заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст. Аз ин рӯ, ҷавобан ба ин ҳама талошу заҳматҳои роҳбарияти олии кишвар тамоми қишри ҷомеа, бахусус ҷавононро зарур аст, ки дар рушду нумӯи иқтисодиёти кишвар ва амалӣ гардидани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам саҳмгузор бошанд.

 

Инчунин қайд намудан зарур аст, ки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият мунтазам дар асоси “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “ Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” рушд ёфта, дар ҳар як соли ҳисоботӣ тамоюли мусбӣ касб кардааст, ки ин аз рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар шаҳодат медиҳад.

 

Маҳмадшоҳ ДОСИЕВ,

мудири кафедраи идоракунии молияи

давлатии АИДНПҶТ, н.и.и., дотсент

Похожие записи

Оставьте нам комментарий