УМРИ АБАДӢ БА МУЛКИ МАШҲУР ОВАРД

49278135277_f3269582fe_b

Эмоми Алӣ ба хонаам нур овард,

Бар зиндагиям дубора дастур овард.

Аз Ваҳдату аз тантанаи сулҳу субот,

Умри абадӣ ба мулки машҳур овард.

 

Оре, ҳақ бар ҷониби Шариф Раҳмон аст. Дар ҳақиқат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар ҳар як хонадони ватани маҳбуби мо нуру зиё ва бар ватанамон сулҳу суботи абадӣ овард.

 

Дар таърихи навини Тоҷикистон 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир гардид. Дар ҷараёни кори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар тӯли Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба марҳилаҳои пурпечутоби таърихӣ рӯ ба рӯ гардид ва маҳз бо саъю талошҳои Сарвари давлатамон Тоҷикистон аз вартаи фаношавӣ эмин ёфта, имрӯз ба як кишвари аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдёбанда табдил гардидааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаҳои гуногуни мамлакатамон ба дастовардҳои беназир ноил гардиданд. Зиёда аз 2500 адад корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, маданиву маишӣ, фарҳангиву фароғатӣ, бунёди биноҳои мактабҳои олию миёна, муассисаҳои томактабӣ бо таъсиси беш аз 90 ҳазор ҷойҳои корӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Ҳамаи ин бо шарофати пойдории истиқлолияти давлатӣ ва маҳз саъю талошҳои Сарвари давлатамон ба даст омадааст.

 

Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои истиқлолият ва эҳёи давлати навини тоҷикон хеле бузург аст:

 

  1. Тоҷикистонро аз вартаи фаношавӣ нигоҳ дошт, яъне ҷанги шаҳрвандиро хомӯш кард.
  2. Давлатдории миллии тоҷиконро аз нав эҳё намуд, яъне дар муҳлати кӯтоҳтарин тавонист, ки кулли мақомоти конститутсионии давлатдорӣ ва ниҳодҳои фалаҷшудаи давлатро аз нав барқарор намояд.
  3. Маҳз саъю талошҳои Пешвои миллат боис гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кунад.

Фаъолияти пурмуҳтавову пурмаҳсули давлативу ҷамъиятии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро рӯи коғаз оварем, хело зиёд ва тамомнашаванда аст. Хизматҳои ин марди хирад оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ таҷассум ёфта, сиёсати оқилонаи ӯ тамоми самтҳои дурнамои кишварро муайян кардааст.

 

Ногуфта намонад, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Далели ин гуфтаҳо баъди шаш моҳи соҳиб гаштани истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  сиёсати давлатии ҷавонон” (13 марти соли 1992) мебошад. Дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо аз қабили стипендияҳои президентӣ, квотаҳои президентӣ барои ҷавонони болаёқати ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва билохира эълон гардидани  соли 2017 “Соли ҷавонон” аз дастовардҳои беназир дар ҳаёти ҳар яки мо, ҷавонони саодатманди Тоҷикистон, мебошад.

 

Мо, ҷавонон, сарбаланд аз онем, ки сазовори эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаем. Мо бо сарафрозӣ гуфта метавонем, ки маҳз бо шарофати талошҳои Сарвари давлат имрӯз Тоҷикистонро ҷаҳон мешиносад.

 

А.М. РАҲИМЗОДА,

ГУЛИХАНДОНИ М.,

омӯзгорони кафедраи забони

тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ

Похожие записи

Оставьте нам комментарий