ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

Имсол миллати шарафманди тоҷик 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Ин ҷашн дар шароите таҷлил мегардад, ки мафҳуму ормонҳои истиқлол, озодӣ, демократия барои нухбагони сиёсӣ, зиёиён ва тамоми мардуми Ватани азизамон равшангар ва масири расидан ба ин ҳадафу ормонҳо мушаххастар шуда, ҳаракати ҳамгонию пурнишот барои пешрафти кишвар дар тамоми заминаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ, афзудан ба дастовардҳои беназире, ки давлат ва мардуми мо дар тӯли чаҳоряк қарн ба он ноил гаштаанд, идома дорад. Ва дар ин замина нақши сиёсати хориҷӣ ва дастгоҳи дипломатӣ бисёр калидӣ аст.

 

Хотиррасон кардани ин ҳақиқат, ки расидан ба истиқлоли миллӣ дар охирин даҳаи садаи бист барои миллати тоҷик на оғози давлатдорӣ, балки бозгашт ба саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ аст, хеле муҳим мебошад.

 

Тоҷикистони имрӯз ҳамчун давлати соҳибистиқлол шакли эҳёшудаи Давлати Сомониён аст, ки ба иллати ҳаводиси таърих зиёда аз ҳазору сад сол пеш аз арсаи сиёсати ҷаҳонӣ фурӯ афтод.

 

9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди бузургу хуҷастае ба вуқӯъ пайваст –Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли худро эълом кард ва ҳамчун давлати мустақил вориди саҳнаи сиёсати ҷаҳон гардид.

 

Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 ба марҳалаи гардиши куллӣ дар таърихи навини Тоҷикистон даврони поягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун давлати соҳибистиқлол оғоз бахшид. Ин марҳала дар даврони навини Тоҷикистон ҳамчун марҳалаи талошҳои ҷиддӣ дар роҳи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркушӣ, сарҷамъ намудани миллати тоҷик ва фароҳам овардани заминаҳои ваҳдати миллӣ, поя гузоштан ба низоми сифатан нави давлатдорӣ дорои аҳамияти бузург аст.

 

Тоҷикон бо бархӯрдорӣ аз мероси бузурги фарҳанги давлатдорӣ, ки аҷдоди хирадмандашон якчанд давлатҳои бузурги дорои дастгоҳҳои муназзамро поягузорӣ кардаанд ва тафаккури созанда ҳамаи имконро доштаанд, ки дар кӯтоҳтарин муддат дар роҳи табдил додани Тоҷикистон ба кишвари воқеан соҳибистиқлол бо тамоми мушаххасоти давлати демократию ҳуқуқбунёду дунявӣ муваффақ шаванд. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо иғвою фитнаи бегонагон дар хоки муқаддаси Тоҷикистон даргирифт, ҳаллу фасли ин масъалаҳои муҳимро ба таъхир андохт.

 

Танҳо пас аз баргузории Иҷлосияи сарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сари қудрати сиёсӣ омадани Эмомалӣ Раҳмон бунёду устувор сохтани пояҳои давлатдории навин аз сар гирифта шуд.

 

Дар он шароити печидаву ҳассоси солҳои нахустини пас аз барқарории ҳукумати қонунӣ, ба тақозои вазъият ва ногузирии ҳарчи зудтар ба ҷанги бародаркушӣ, раҳо кардани кишвар аз буҳрони сиёсию иҷтимоию иқтисодӣ Сарвари давлатро лозим меомад, ки барои эҷоди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, пеш аз ҳама бо Созмони Милали Муттаҳид, давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, ба манзури дарёфти кумак ва ҷалби пуштибонии онҳо барои ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами ҳаёти давлатӣ сафарҳои зиёде анҷом диҳад.

 

Роҳи пурифтихори тайкардаи кишвари азизи мо ва дипломатияи тоҷик тайи замоне камтар аз чаҳоряк аср таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳамвору осонгузаре набуд.

 

Хиради сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки ӯ бо Созмони Милали Муттаҳид ва бевосита бо роҳбари он робитаи кории мустақим пайдо намуд ва минбари ин маркази бонуфузи ҳамоҳангсозии масъалаҳои умумисайёравиро ҳамчун пойгоҳи шиносонидани Тоҷикистон ташхис дода, тавассути он ҷаҳониёнро аз вазъияти воқеии Тоҷикистон, равандҳои умдаи сиёсию иҷтимоӣ ва роҳи ҳалли мусолиҳатомез, ки роҳбарияти мамлакат бо иродаи халқи худ пеш гирифта буд, огоҳ менамуд.

 

Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлати воқеан сохибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдомҳои муассир ба вуқӯъ пайвастанд, итминон аст, ки Тоҷикистони азиз ба сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои наздик, бо бархӯрдорӣ аз руҳияи қавии мардум, дар сояи давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дар ҳамкориҳои густарда бо мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ба пешрафтҳои бештаре аз ҳоло даст меёбад ва дар сафи кишварҳои мутараққии ҷаҳон мақоми шоистаи хешро касб намояд.

 

Фирӯза ҲОҶИЕВА,

дотсенти кафедраи психология ва

сотсиологияи идоракунии Академия

Похожие записи