ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА МАКТАБИ НАВИ ДАВЛАТДОРӢ

Президент России В.Путин встретился с президентом Таджикистана Э.Рахмоном в Сочи

Истиқлоли комил барои Ҷумҳурии Тоҷикистон осон ба даст наомадааст. Пас аз ҳазору сад соли ҳузури таърихии давлати Сомониён миллати тоҷик соҳиби давлати мустақили худ гардид. Бо назардошти таҳлилу ақидаҳои коршиносони илми сиёсӣ ва идоракунӣ чунин авзоъ пеш аз ҳама дар заминаи гузариши якбораи таърихӣ аз як сохтори сиёсӣ ба низоми дигари сиёсӣ ба вуқуъ омад, ки дар чунин авзоъ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли чунин низоъ ва бозиҳои сиёсӣ таҷрибаи амиқан зарурӣ надоштанд.

 

Дар ин асно Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуда, хатари аз байн рафтанаш ҳамчун давлати алоҳида пешорӯ омада буд. Дар чунин вазъияти мураккаби сиёсӣ баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳадяи таърихӣ ва нишонаи наҷоти миллати тоҷик арзёбӣ мегардад, ки ҷараёни ин анҷумани саодати миллат, раҳкушову раҳнамои халқ ва наҷотбахши тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид.

 

Хидмати бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми шарифи Тоҷикистон ва таърихи миллат дар он аст, ки ин шахси нодир ва сиёсатмадори дурандеш дар шароити печида ва мураккаби муноқишаҳои ҳамватанӣ ва ҷанги таҳмилӣ давлатдории тоҷикон ва бақои давлатро аз парешонӣ ва фано шудан ҳифз намуд. Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотдиҳандаи миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст. Маҳз шахсияти ин марди бузург дар баробари фитнаи душманони миллати тоҷик, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ халқи моро борҳо ба гирдоби хун кашида будаанд, қодир ба истодагарӣ гардид. Ва ин дафъа бо хости сарнавишт дар раъси давлати мо шахсияте қарор гирифт, ки ғайричашмдошти бисёриҳо тамоми ҳадафҳои бадхоҳони миллати моро барбод дод.

 

Зуҳури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурахши истеъдоди нодире буд, ки аз вуҷуди ин мардум ва ин марзу бум берун омад ва ҷумлаи фазилатҳояшро дар вусъати ҳадафҳои олии миллӣ ангезиш дод ва қудрати амал ато намуд.

 

Дар кӯтоҳтарин фурсат хомӯш кардани ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ дастоварди таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ барҳақ чун таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ арзёбӣ ва эътироф гардид. Дар партави ибтикороти Сарвари давлат, Раёсати Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазирон як силсила қарору фармонҳо интишор доданд, Авфи умумӣ, мубориза бар муқобили ҷинояткорӣ, тавсеаи муносибатҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар татбиқи сиёсати давлатии Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим гузошта, дар пайвастагӣ бо истиқрори мақомоти идораи маҳаллӣ, танзими фаъолияти вазоратҳо ва идораву кумитаҳои давлатии ҷумҳурӣ мардумро бовар бахшид, ки ҳукумати нерӯманду устувор ташаккул ёфтааст, ки қодир аст амнияти ҷомеаро дар тамоми қаламрави мамлакат таъмин намояд.

 

Ба сифати Пешвои миллат пазируфта шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як амри воқеӣ ва комилан мунсифонаест, ки бар ивази ҷонбозиҳояш дар роҳи ҳаёти саодатмандонаи миллат ба даст омадааст. Халқи тоҷик ба пешвои хеш ба сифати дармонбахши дарди миллат ва бунёдгузории воқеии сулҳу ваҳдат менигаранд ва ин амал аз сафарҳои Президенти кишвар ба дилхоҳ гӯшаву канори мамлакат ба хуби ҳувайдо мебошад. Имрӯз миллати тоҷик ба хубӣ гиромидошти манзалати сарвари оқилро дарк намудааст.

 

Пас аз соҳибистиқлол гардидани  Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Пешвои миллат раванди идораи давлат куллан тағйир ёфта, низоми нави давлатдорӣ оғоз гардид.

 

Ба воситаи муайян кардани қоидаҳои умумии амали (фаъолияти) иштирокдорони муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тибқи дигаргуншавии шароит ба онҳо  ворид шудани тағйиротҳо идоракунии давлатӣ татбиқ карда мешавад. Ва дар ин самт идоракунии давлатӣ тибқи қабули қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ (намояндагӣ) ва иҷроия амалӣ менамоянд. Санадҳои мазкури ҳуқуқӣ ва санадҳои судӣ шакли анъанавии танзими давлатӣ мебошанд. Дар зери нуфузи ҳокимияти иҷроия ва ё идоракунии давлатӣ қоидаҳои фаъолияти дар онҳо муқарраргашта бояд ба иҷро расонида шаванд. Дар амалӣ намудани ин функсияҳо ваколати ҳокимиятӣ-давлатии сохторҳои идоракунии давлатӣ омили муҳим мебошад. Аз ҷумла, дар ҳолатҳои зарурӣ кор фармудани ваколати маҷбурсозӣ нисбати иштирокдорони муносибатҳои ҷамъиятӣ қисми таркибии назорати давлатӣ мебошад.

 

Бо назардошти гуфтаҳои боло дар хулоса таъкид доштан бамаврид аст, ки дар сохтани давлати навини тоҷикон ва мактаби нави давлатдории Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши босазо доранд.

 

Фариддун ТАВУРОВ,

магистранти Академия

 

Похожие записи