ЭЪТИМОД ВА ЭЪТИҚОДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶАВОНОН

Д.Раджабали

Барои мо насли даврони истиқлол боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндасозу парчамбардори давлату миллат будани ҷавонон эътимод намуда, таваҷҷуҳи тамоми сохторҳоро дар робита ба тарбия ва дастгирии ин қишри ҷомеа таъкид менамоянд. Аз ҷумла, таъкид қайд менамоянд, ки: “Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”.

 

Оре, дар тамоми вақту замон ҷавонон дар ҷомеаи башарӣ як неруи фаъол буданд ва ҳастанд. Имрӯз тамоми қудратҳои динию сиёсӣ мехоҳанд аз зеҳн, андеша ва тафаккури ҷавонон истифода намоянд. Маҳз Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаминро ба инобат гирифта, ба ҷавонон эътимод намуда, онҳоро ба зиндагии шоиста ва фаъолияти оқилона роҳнамоӣ намудаистодааст, то дар ҷомеа саҳми муносиб дошта бошанд. Аз ин рӯ, бо боварии комил метавон гуфт, ки мо ҷавонон ба таври куллӣ ба Пешвои муаззам эътиқод намуда, ҷонибдори сиёсати ҳамаҷонибаи пешгирифтаи ӯ мебошем. Чунин ғамхориҳо ва эътимоду эътиқоди тарафайн моро водор месозад, ки бо ҳисси баланди ифтихормандӣ аз Пешвои миллат, Ватану миллат, муқаддасоти миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли хеш ифтихор намуда, барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошем.

 

Имрӯз эътимод ва эътиқод миёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷавонон устувор гардидааст ва мо бояд тамоми саъю кӯшиши худро барои таҳкими ин неъмати бебаҳо равона сохта, дар пешрафту шукуфоии меҳани азиз саҳми арзанда гузорем.

 

Аз ин эътимод ва эътиқод метавон гуфт, ки як марҳалаи комиле дар худиктифоии маънавӣ ва сиёсӣ боз хоҳад шуд, зеро иқтидор ва нерумандии ҷавонон маҳаки асосие мебошад, ки ташаккул ва такомули ояндаи фарҳанги миллӣ, ормони миллӣ, иқтисоди миллӣ ва ҳар навъ барномаҳои дигари миллиро боло хоҳанд бурд. Имрӯз ҳисси баланди миллӣ ва хештаншиносии ҷавонон зери эътимоди Пешвои миллат ба он ҳадде расидааст, ки ҳеҷ қувва ва бозуе наметавонад ба он халал ворид созад.

 

Ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки дар шароити кунунӣ ҷомаи ҷаҳониро хатарҳои даҳшатноку фоҷиабор таҳдид намуда, дар як қатор кишварҳои олам бинобар фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ на танҳо амнияту субот ва истиқлоли онҳо, балки хатари аз байн рафтани давлат ва пароканда гардидани миллат ба воқеияти талху даҳшатнок табдил ёфтаистодааст.

 

Хушбахтона, бо саъю талоши ватандӯстонаву фидокорона ва хастанопазирии Пешвои миллат ва роҳнамоӣ гардидани ҷавонон дар роҳи худшиносии миллӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ ва амнияти миллӣ ҳеҷ хатаре наметавонад амалҳои нопоки худро дар Ватани соҳибистиқлолу соҳибиқболи мо пиёда созад.

 

Вобаста ба эътимоду эътиқоди Роҳбари давлат ба ҷавонон месазад бигуем, ки ин робита барои насли ҷавони тоҷик паёмест ба ояндаи нек ва гомест дар роҳи ваҳдати ногусастанӣ тақвият бахшидан. Инчунин, фазоест баҳри ҷавонони пазиранда, ки ҳар як ҷавон вобаста ба савияи дониш ва малакаи худ на танҳо дар муассисаҳои фарҳангӣ, балки дар муассисаҳои сиёсӣ ва хориҷӣ низ тавони фаъолият дорад. Яъне имрӯз фазое барои ҷавонони шоиста ва сазовор боз шудааст, ки ҳар яки онҳо ба мизони шоистагии шахсии худ метавонанд аз он бархӯрдор гарданд.

 

Раҷабалӣ ДОДИХУДОЕВ,

мудири кафедраи забони тоҷикӣ

ва ҳуҷҷатнигории Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий