ЭҲТИМОЛИЯТИ ПАЙДО ШУДАНИ ЭКСТРЕМИЗМИ СИЁСӢ

Экстремизми сиёсӣ худ ба худ ва дар ҷойи хушку холӣ ташаккул наёфтааст ва аз ҳавою ҳавас ва хоҳиши кадоме аз ифротиён насабзидааст. Он заминаи васеи ташаккул ва омилҳои зиёду гуногуни инкишофро соҳиб аст. Сатҳи инкишофи умумии давлатҳо ва минтақаҳо, дараҷаи зиндагӣ ва тарзи ҳаёти одамон, масъалаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, бахусус сиёсӣ дар ташаккули экстремизми сиёсӣ ва шаклҳои мухталифи зуҳури он заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар муносибатҳои дохилии кишварҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд. Асоси ташаккулу рушди экстремизми сиёсиро ҳолати бўҳронии инкишофи ҷомеа, махсусан бўҳрони ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ташкил медиҳанд. Бад гаштани аҳволи кулли аҳолӣ, ҷомеа, саросар қашшоқу бенаво гардидани мардум ва дар заминаи онҳо ба амал омадани тағйироти сифатӣ дар таркиби иҷтимоии ҷомеа боиси ташаккули инкишофи ҷараёнҳои сиёсии хосияти канорадошта ва иртиҷоӣ мегарданд.

 

Ташкилотҳои экстремистӣ, ки хосияти динию сиёсиро касб кардаанд, дар кишварҳои Осиё ва Африқо, Америкаи Лотинӣ, Осиёи Миёна, Осиёи Марказӣ ва махсусан мамлакатҳои Араб бештар мушоҳида мегарданд. Дар байни онҳо солҳои охир иттиҳодияҳои экстремистӣ “Ат – Такфир ва Ал – Хиҷра”, “Муназзат -ат – Таҳрир”, “Ал- Ҷиҳод”, “Бародарони мусулмон”, “Ҳизби Аллоҳ”, “Ал – Марказ ал- Исломӣ”, “Ас – салифиюн”, “Аҳли ҷиҳод”, “Ҳаракат –ал- Ҷиҳод”, “Ҳаракати Исломии Узбекистон” ва ғайраҳо мақоми хоса доранд. Экстремизм дар Покистону Афғонистон ва шимоли Ҳиндустон низ дар рушду нумўъ мебошад.

 

Экстремизм дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад. Махсусан, экстремизми сиёсӣ, динӣ ва миллӣ намоёнтаранд. Экстремизми миллӣ талаботу манфиатҳои миллату қавми хешро ҳимоя намуда, манфиатҳо ва ҳуқуқҳои дигари миллию этникиро сарфи назар месозанд. Дар бисёр ҳолатҳо ва ба ҷараёнҳои сепаратистӣ пайваста, ҷудо намудани ноҳияҳо, минтақаҳои алоҳидаро мақсади худ медонанд. Муқовиматҳо оид ба Холистон дар Ҳиндустон, масъалаҳои Ирландияи Шимолӣ дар Британияи Кабир, масъалаи баснҳо дар Испания, бретонҳо ва корсиканҳо дар Франсия, музофоти Квебек дар Канада, Чеченистон дар Федератсияи Русия, масъалаҳои Абхазия, Аджария ва Осетияи Ҷанубӣ дар Гурҷистон, масъалаи Косово дар Сербия ва ғайраҳо шаҳодати онанд.

 

Эҳтимолияти ташаккул ва инкишофи экстремизми миллию этникӣ дар сатҳи дигар низ мавҷуд аст. Он асосан дар доираи муносибатҳои ақаллият ва аксарияти миллӣ ҳар кишвари гуногунчеҳрагии этникӣ ба амал омада метавонад. Ба сифати манбаъ ва шароити ташаккули он масъалаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ баромад карда метавонанд, ки дар бештари мавридҳо ҷамбаи сиёсии онҳо пурзўр мегардад. Мавҷудияти масъалаҳои мухталифи ҳифзи иҷтимоии одамон тобиши миллию сиёсӣ мегиранд ва одамон, намояндагони ақаллиятҳои миллию этникӣ онро тобиши сиёсӣ дода, ба масъалаи ҳокимият, иштироки намояндагони ақаллиятҳои миллӣ дар он пайваст менамоянд. Намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ки ташкилотҳои мухталифи иҷтимоию фарҳангиро созмон медиҳанд ва дар давраи бўҳронии ҷомеа бештар хосияти сиёсӣ пайдо намуда, кўшиши дар сиёсати кабир бевосита иштирок намуданро менамоянд. Ин ташкилотҳои фарҳангӣ аз номи ақаллиятҳои миллӣ баромад намуда, кўшиши дар ҳокимият иштирок намудан ва ё ба он таъсир расониданро ба амал мебароранд. Дарки нодурусти мақоми иҷтимоӣ ва баҳои нодуруст додан банақши умумияти миллию этникӣ ба сарварони ақаллиятҳои миллӣ имконияти мавқеи дуруст ишғол намуданро дар низоми муносибатҳои байни ҳамдигарии умумиятҳои иҷтимоии кишвари унитарии гуногунчеҳрагии этникӣ истисно мегардонад. Аз ин ҷост, ки эҳтимолияти хосияти канора ва ё экстремистӣ пайдо намудани чунин муносибатҳо аз эҳтимол дур нестанд.

 

Экстремизми динӣ ҳамаи минтақаҳо ва ҳамаи давлатҳои оламро фаро гирифтааст. Бадбинӣ ва тоқатнопазирӣ нисбат ба динҳои дигар, ҳатто муқовимати дохилидинӣ хосияти асосии онро ташкил медиҳанд. Дар бисёр ҳолатҳо экстремизми динӣ хосияти сиёсӣ пайдо намуда, барои ҳокимият мубориза мебарад. Махсусан, дар мамлакатҳои исломии Шарқӣ ва Осиёи Миёна амали мазкур бештар мушоҳида мегардад. Мураккабтарин ва хатарноктарин зуҳури экстремизм он аст, ки агар дар заминаи эътиқоди динӣ хосияти соф идеологӣ пайдо намуда бошад. Чунин шакли экстремизм хело мураккаб аст. Зеро раванди ташаккули он асосан ноаён мегузарад. Он метавонад дар доираи маҳдуди вақт фазои номаҳдудро фаро бигирад ва дар муносибатҳои ҷомеаи сиёсӣ нақши барҷаста пайдо намояд.

 

Дониёр САФАРОВ,

магистранти Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий